Бинои нави ҳизб1-07-2016, 18:00
Хабарро хонданд: 557 нафар
Назарҳо: 0
Дар доираи омодагӣ ва таҷлили ҷашнҳои давлатӣ анъана шуда, ки ташкилоту идора ва корхонаву муассисаҳо бо амалҳои созандаву бунёдкори хеш ба шукуфоии кишвар саҳми муносиб мегузоранд. Дар арафаи таҷлили 19-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳизбиёни ноҳияи Айнӣ соҳиби бинои нав гардиданд.
Маросими ифтитоҳи бинои нави ҳизбӣ санаи 24 июн бо иштироки масъулини кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сурат гирифт. Аъзои кумитаи иҷроияи ҳизб, раиси ноҳияи Айнӣ Неъматулло Раҳматуллозода бо сухани муқаддимавӣ ҷамъомадро оғоз намуда, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ба истифода додани бинои ҳизбро падидаи нек ва идомаи анъанаи неки созандагию бунёдкорӣ дар қаламрави мамлакат арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки сохтмони бинои ҳизб моҳи марти соли 2015 оғоз ёфта, он бо дастгирию саҳмгузории аъзои ҳизб ва вакилони мардумӣ, ки аз ҲХДТ дар маҷлиси маҳҳалӣ намояндагӣ мекунанд анҷом ёфта, ҷавобгӯй ба талаботи замон асту барои фаъолияти боз ҳам густурдатари аъзои кумитаи иҷроияи ҳизб ва дар маҷмуъ ҳизбиёни ноҳия мусоидат хоҳад кард. Ман аминам, ки ҳизбиёни ноҳия минбаъд баҳри боз ҳам хубтар ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, татбиқи сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузорӣ менамоянд, хулоса намуд Неъматулло Раҳматуллозода. Аъзои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, ҷонишини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ зимни суханронӣ мавқеи ҲХДТ-ро дар рушду нумуи кишвар ҳамчун нерӯи пешбаранда ва тавоно маънидод намуда, зикр кард, ки Барномаи ҳизб ба дурнамои рушду тараққиёти ҷомеаи нави мамлакат тавъам афтода , имрӯз шаҳрвандон ба ҲХДТ чун раҳнамо ва таконбахши ғояҳои солиму пешбарандаи ҳаёт нигариста, эътимоди қавӣ доранд, ки он чун ҳизби аксарияти парлумонӣ барои гулгулшукуфоии минбаъдаи Ватан саҳми арзанда хоҳад гузошт. Номбурда доир ба татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб ва тавсеа бахшидан ба корҳои дохилиҳизбӣ суханронӣ намуда аз ҳизбиён даъват ба амал овард, ки дар раванди босуръати тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳон ва минтақа ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар атрофи ғояҳои созандаву пешбарандаи Роҳбари ҳизб муттаҳид бошад. Собиқадори ҳизб Шарифзода Муллоғиёс Абдуваҳҳоб аз номи ҳизбиёни ноҳия баромад намуда, ҳозиринро бовар кунонид, ки ҳар як узви ҳизб бо тамоми нерӯ барои рушди минбаъдаи кишвари маҳбуб саҳмгузорӣ хоҳанд кард. Маъруфи Бобораҷаб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.