Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оғози сохтмони бинои комиҷроияи ҳизб

Оғози сохтмони бинои комиҷроияи ҳизб

18-05-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 422 нафар
Назарҳо: 0
Оғози сохтмони бинои комиҷроияи ҳизб
5 май бо ташаббуси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода М. Азизова, барои сохтани бинои нави Комиҷроияи шаҳрӣ хишти аввал гузошта шуд. Бино аз се ошёна иборат буда, дар он толори маҷлисгоҳ ва толор барои гузаронидани мизҳои мудаввар, 8-ҳуҷраи корӣ ҷойгир карда шудааст.

Лоиҳаи бинои маъмурии Комиҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби ҶДММ «Бунёдкор-Р» дар мувофиқа бо шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳия гардида аст. Намуди бино бо тарҳи замонавӣ ва бо истифода аз хусусиятҳои фарҳангӣ меъмории миллӣ ба инобат гирифта шудааст.

Сохтмони биноро ҶДММ «Сохтмон-21» ба уҳда дошта тасмим гирифтааст, ки бинои Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизбро то ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра сохта ба истифода диҳанд.
А.Ҷӯраев
Оғози сохтмони бинои комиҷроияи ҳизб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: