Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои миллати тоҷик

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои миллати тоҷик

1-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 188 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои миллати тоҷик
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯҳкор» вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур Худобахш Шарифа-муовини сардори Хадамоти назорати давлатии кор дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хайём Амонов-мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Файзиддин Муродов-муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кӯҳкор», Исомзода Ҷамшед-сардори нозироти Хадамоти назорати давлатии кор дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лутфулло Холиқов-сармутахассиси бахши муҳосибот иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Худобахш Шарифа вохӯриро ифтитоҳ намуда, дар идомаи суханрониҳояш мавсуф аз оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ёдовар шуда, бо таассуфи зиёд иброз дошт, ки дар ибтидоии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Тоҷикистонро баъзе аз гуруҳҳои нотавонбин мехостанд пора пора кунанд, вале ақли солим боло гирифту ба сари ин миллат нафаре ба майдони сиёсат қадамҳои бобаракати худро гузошт. Ҳанӯз дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ӯ бо қатъият иброз дошт, ки («Ман ба Шумо сулҳ меорам»-иқтибос аз суханони Ҷаноби Олӣ) ва ба савганди худ содиқ монд. Таъкид дошт, ки ин санаи муқаддаси миллат барои ҳар яки мо азиз аст, онро гиромӣ бояд дошт ва баҳри ваҳдати сар то сари дар шароити вазъи мураккаб гардидани ҷомеаи ҷаҳон беш аз ҳарвақта талош бояд варзид.

Дар идомаи вохӯрӣ Лутфулло Холиқов-сармутахассиси бахши муҳосибот аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суханронӣ намуда, Ваҳдати миллиро ҳамчун як неъмати бузург ва беҳамтои мардуми тоҷик арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки ин Созишномаи тақдирсоз самараи неки мардони шуҷое, ки ҷони худро дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ, оромиву якдигарфаҳмӣ, якдиливу ҳамоҳангии мардуми тоҷик нисор намудаанд.

Таъкид карда шуд, ки мо ҷавонони даврони истиқлолият, ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки нақшаҳои нопоки нерӯҳои бадхоҳи миллати тоҷик ба ин сарзамини поку беолоиш пайки ҳастӣ дошта бошад ва бо боварӣ гуфта метавонем, ки то охирин нафас барои пойдевории истиқлолият, сулҳу субот, таъмини оромиву осоиштагии миллати тоҷик аз тамоми имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода хоҳем кард.

Бешубҳа ҷавонон қувваи бузург ва нерӯи пешбарандаи ҳаёти ҷомеа ба шумор мераванд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бо шарофати Ваҳдати миллӣ дастоварҳои ҷавонони кишвар ба маротиб зиёд гардида, саҳми онҳо дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ назаррас аст.
Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои миллати тоҷик
Сипас маърӯзаи Исомзода Ҷамшед-сардори нозироти Хадамоти назорати давлатии кор дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ба даст овардани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.

Дар вохӯрии мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хайём Амонов иштирок ва суханронӣ намуда, бо қаноатмандии зиёд иброз дошт ки сулҳи тоҷикон яке аз падидаҳои нодир аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфта шуд. Аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид таҷрибаи сулҳофаринии Асосогузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварҳои ҷангзада истифода карда мешавад.

Ҳамчунин дар идома гуфта шуд, ки барои барқарор намудани сохти ҳукумати конститутсионӣ садҳо ҷавонони баору номус ва ватандӯсти ин миллат ҷоннисорӣ карданд. Моро лозим аст, ки аз гузаштаи таърихи худ сабақ бигирем ва ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар тарбият намоем, зеро Ваҳдати миллӣ сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои миллати тоҷик мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: