Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ваҳдати миллӣ ва пешвои ваҳдатофари миллат

Ваҳдати миллӣ ва пешвои ваҳдатофари миллат

27-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Ваҳдати миллӣ ва пешвои ваҳдатофари миллатҲамагон шоҳиди он ҳастем, ки агарчӣ бо парокандашавии давлати абарқудрати Шӯравӣ Худованд ба миллати тоҷик соҳибистиқлолиро арзонӣ дошт, вале сад афсӯс, ки бадхоҳону душманони миллат нигоҳдориву пойдории онро бароямон тавассути кашмакашу ҷангҳои бародаркуши таҳмилии худ, хеле гарон сохтанд. Хушбахтона, расидем ба рӯзи неки 27 июни соли 1997 – рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон. Баъди Иди Истиқлолият барои миллати тоҷик рӯзи ба имзорасии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ - Иди Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин иди миллӣ ҳисобида мешавад.

Ин ид бо заҳматҳо ва талошҳои ватанпарастонаи фарзандони боору номуси Ватан таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шуд, агарчӣ ба сулҳу салоҳ ва ваҳдат омадани тоҷиконро роҳбари давлатамон аз хиради аслӣ ва азалии худи миллат ва аҷдодони бохираду бофарҳанги он арзёбӣ кардаанд.

Дар он солҳои барои давлати ҷавони мо басо вазнин, вале сарнавиштсоз ватанпарастони асил таҳти сарварии хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири таъмини сулҳу салоҳ, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба Ватан баргардонидани наздики як миллион нафар фирориён ва ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кӯшишу заҳмати фидокорона ба харҷ доданд.

Дар ин ҷода Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки моҳи июли соли 1997 бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ гардонидани ҳадафҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, таъсис дода шуда буд, саҳми назаррас дорад. Ҳамин тавр 16 июли соли 1997 беҳтарин намояндагони худшиносу ватанпарасти шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки барояшон даъвати Сардори давлати ҷавони Тоҷикистон чун як рамзи озодӣ ва ободии Ватан қабул шуда буд, дар толори ҳукумати вилоят ҷамъ омада, Маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар вилояти Хатлон барпо намуданд. Дар ин нахустин маҷлис Шӯрои вилоятии ин Ҳаракат, раис, муовинони раис ва котиби он, инчунин комиссияи назоратии Ҳаракат интихоб шуданд. Имрӯз метавонем бо арзи эҳтироми самимӣ аз аввалинҳое ёдовар шавем, ки бе тарсу ҳарос аз силоҳдорони ҷинояткоре, ки ҳамон лаҳзаҳо бинои ҳукумати қонунии вилоятро ғасб карда буданд, дар ин маҷлис иштирок доштанд. Инҳо Саодат Амиршоева, Шералӣ Гулов, Исмонқул Субҳонов, Бобоҷон Пираков, Турсуной Алимардонова, Ёқубҷон Исмоилов, Самариддин Каримов, Саъдулло ва Давлат Бекназаровҳо, Мирзо Бекматов, Сайдамир Розиқов, Эшони Саидҷон Маҳмудзода, Соҳибназар Худойназаров, Саид Салимов, Маҳмадраҷаб Холов, Файзулло Насруллоев, Ҳалқамо Турахонова, Иноят Муродов, Мамадсолеҳ Баротов, Саъдулло Камолов, Саидумар Шоимов, Михаил Федоров ва даҳҳо дигар инсонҳои наҷибе буданд, ки сиёсати Роҳбари мамлакатро содиқона ва дар амал дастгирӣ мекарданд.

Рӯзи 18 июл вакилони вилояти мо дар шаҳри Душанбе дар Маҷлиси муассисони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон иштирок намуданд ва хушбахтона ба ман ҳамчун аввалин раиси Шӯрои вилоятии ин Ҳаракат дар вилояти Хатлон муяссар шуд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон пешниҳод намоям, ки он якдилона қабул гардид.

Ба Шӯрои Марказии Ҳаракат олимону адибон ва арбобони маъруфи собиқадори давлату ҳукумат Султон Мирзошоев, Муъмин Қаноат, Нодир Одилов, Меҳмон Бахтӣ, Гулназар Келдӣ, Лоиқ Шералӣ, Аҳрор Мухторов, Мӯсо Диноршоев, Амон Раҷаб, Фозил Тоиров, Абдуқодир Маниёзов, Атахон Сайфуллоев, Давлаталӣ Давлатов, Сайфулло Сафаров, Шодӣ Саидов, Одил Бердиев, Мирзо Бобоев, Ғоибназар Паллаев, Изатулло Ҳаёев, Рамазон Мирзоев, Назаршо Додхудоев ва дигарон шомил буданд, ки дар асоси дастуру ҳидояти Раиси муаззами Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои дар қишрҳои гуногуни ҷомеа паҳну амалӣ кардани ҳадафҳои оинномавии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, саҳми арзандаву нодири худро гузоштанд. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки таъриху вақт баҳои воқеии хизмати ҳар яке аз ин инсонҳои ватанпарастро хоҳад дод. Аз ҳамин лиҳоз ёдовар шудан аз ин гузашти рӯзгори онҳо бояд барои насли ҷавони имрӯзу фардои Ватан як дарси худогоҳии миллӣ ва омодагӣ барои ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар оянда гардад.

Хушбахтона, бо амри тақдир аз рӯзҳои аввали Сарвари Давлати тозабунёди Тоҷикистон интихоб шудани Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз, дар раванди заҳмату ҷонбозиҳо, устувории қавлу амали Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар ҷодаи ватансозиву ватандорӣ, ҳамеша дар радифи ҳаммаслакону ҳамсафон ва ҷонибдорони ин роҳбари хирадманд қарор дорам. Аз ҷумла, боиси ифтихори ман аст, ки дар тӯли солҳои 1997-2002 ба сифати яке аз муовинони Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар сафарҳои хизматии аъзои дар боло зикргардидаи Шӯрои Марказии Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон: Рашту, Суғду Бадахшону Хатлону Ҳисор онҳоро ҳамроҳӣ намуда, бо мардум дар бораи сулҳу ваҳдат вохӯриву суҳбатҳо доштам. Яке аз чунин вохӯриҳо хеле хотирмон буд. Соли 1998 бо дастури Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, як ҳайати аъзои Шӯрои Марказии Ҳаракат, аз ҷумла шодравон Султон Мирзошоев, Муъмин Қаноат, Меҳмон Бахтӣ, Нодир Одилов, Атахон Сайфуллоев, Гулназар Келдӣ ва камина ба ноҳияҳои водии Рашт сафари корӣ доштем. Мақсади сафар ба мардум расонидани ҳадафҳои оинномавии ҲВМЭТ ҷиҳати амалӣ кардани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон буд. Дар як вохӯрӣ ва суҳбат бо мардуми ҷамоати Ҳоит, ҳангоми суханронии ман як марди маҳаллӣ суханамро бурида, бо эҳсосоти баланд хитоб кард, ки: «Шумо рафта дар Ватани худатон ва ба хатлониҳои худатон насиҳат кунед, чунки шумо дар ин ҷанг гунаҳкоред…». Як ҳолати пуршиддат ҳам аҳли толорро ва ҳам ҳайати кории моро фаро гирифт. Баъди маҷлис роҳбари гурӯҳи мо шодравон Султон Шарифович Мирзошоев иқрор шуданд, ки хеле дар ташвиш буданд, ки дар ҷавоби ин мард Ализода чӣ мегуфта бошад?

Ман бошам босаброна суханони он мардро гӯш кардам ва баъд аз ӯ хоҳиш намудам, ки боз чӣ гапу эроду шикояти дигаре ҳам дошта бошад, бигӯяд ва донад, ки мо имрӯз бо супориши Президенти давлат ва бо ибораи Мавлонои бузурги Балхӣ «барои васл кардан» омадаем, на «барои фасл кардан». Аҷдоди гузаштаи мову шумо аз Хатлону Рашту Бадахшон ҳазорҳо сол бо ҳам иртиботи ҳамватанӣ, рафтуомади доимӣ, хешу таборӣ ва робитаҳои тиҷоратӣ доштанд, агарчӣ ҳар кадом дар зодгоҳи худ зиндагӣ мекарданд. Яъне онҳоро эҳсоси баланди ҳувияти тоҷикона ва хиради азалии ин миллат ҳамеша пешрави сафар буд, вале афсӯс, ки давлати соҳибистиқлол ва Сарвари миллӣ надоштанд. Дар ин сарзамин садсолаҳо аҷнабиёни бераҳм ҳукмфармоӣ мекарданд. Айни ҳол, ки Худованд ба халқи тоҷик давлати соҳибистиқлолро насиб гардонидааст, бояд дарк кунем, ки Ҳоит зодгоҳи шумост, мисли оне, ки зодгоҳи баъзе аз иштирокдорони ин маҷлис шояд, Ғарму Кӯлобу Зарафшону Бадахшону Файзободу Ванҷу Дарвоз бошад. Дар маҷмӯъ ҳамаи ин зодгоҳҳо, аз ҷумла Ҳоит, ки Шумо «Ватан» ном мебаредаш, Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, яъне зодгоҳҳо бисёранд, вале Ватан-Тоҷикистон яктост. Бо боварии қатъӣ ва бо ифтихор мегӯям, ки ҳамин зодгоҳи шумо-Ҳоит як гӯшаи Тоҷикистони азиз-Ватани ҳамаи тоҷикон ва тоҷикистониён аст ва ман ҳақ дорам, бигӯям, ки: «Дар ҳамин як гӯшаи зебоманзари Ватан, яъне Ҳоит, ман дар Ватани худам қарор дорам. Дар Ватани бегонагон не!». Баъди ин суханони ман аввал толорро каме хомӯшӣ фаро гирифт, вале баъд аз лаҳзае кафкӯбии пурмавҷе садо дод. Дар анҷоми вохӯрӣ он мард омада аз ман узрхоҳӣ карданд. Шодравон Султон Мирзошоев бошанд, маро ба оғӯш кашида, «раҳмат додарам» гуфтанд, ки бароям хеле гуворо буд.

Дар маҷмӯъ хизмати содиқонаву беғаразона ва эҳсоси баланди ватандӯстии аввалин ташкилкунандагон ва аъзои Шӯрои Марказӣ ва вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои пойдории сулҳу салоҳ дар ҷомеа ва таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқиву фарҳангии он таъсири мусбат расонид. Дар ин бора дар суханронии худашон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи соли 2002-ум дар Анҷумани дуюми Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон чунин изҳор доштанд: «Раҳмат ба мардуми боору нанги Хатлон, ки сарчамъ шуданду пеши роҳи хоинони миллатро гирифтанд».

Аз соли 1997 сар карда дар мамлакат пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ боздошта шуд ва минбаъд ба Ҳукумати Тоҷикистон муяссар гардид, ки сол аз сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2002 ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд. Бо ташаббусу иқдомҳо ва ширкати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 25 соли истиқлолият, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуда, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ карда шуд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқвории он ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил дода шуда, ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқ пайгирона амалӣ шуда истодааст. Ба истифода дода шудани нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», корхонаҳои саноатӣ, нақбҳо ва роҳҳо, бунёди ҳазорон гектар боғу токзорҳои тиҷоратӣ, садҳо таълимгоҳҳои миёнаву олии замонавӣ, рушди пайвастаи соҳаи маорифу тандурустӣ ва фарҳанг шоҳиди воқеии ин гуфтаҳост.

Хулоса, аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнамо, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ ва Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо мебошанд ва бо ифтихор метавон гуфт, ки бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон Тоҷикистонро ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон,ҷилвагоҳи воқеии фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.

Ояндаи неки давлату миллатро дар сулҳу салоҳ мебинанд ва ба дигарон талқин менамоянд. Асоси ин ниятҳои нек ва ватанпарастонаро, ки ҳамдиёрону дӯстонро ва ҳатто рақибони таърихии моро дар тааҷҷуб овардааст, ғояи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил медиҳад. Таърихан чунин ғояҳо дар садсолаҳо ва ҳатто ҳазорсолаҳо як бор тавлид ва амалӣ мешаванд ва асосгузору амаликунандаи онҳо фардҳои аз ҷиҳати маънавӣ ва зеҳнӣ пурқувват мебошанд. Воқеъан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои чунин хислати накӯ ва фарҳанги олӣ мебошанд.

Иди 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Аҳмадҷон Ализода, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аввалин раиси собиқи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: