Оғози сафари корӣ ба ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон25-06-2016, 08:11
Хабарро хонданд: 285 нафар
Назарҳо: 0
Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.
Роҳбари давлатро мардуми ноҳия дар фурӯдгоҳ ба таври хоса истиқбол намуданд. Барои қабули Пешвои миллат дастаҳои ҳунарӣ ширкат намуда, расми қабул бо муаррифии анъанаҳои хосаи мардуми ин минтақа сурат гирифт. Сипас Роҳбари давлат аз рафти корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии “Мотравн”-и Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан кард. Нерӯгоҳи мазкур аввалин иншооти энергетикӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки он маҷроӣ буда, тавлиди барқ аз оби равони дарё вобастагӣ дорад. Нерӯгоҳи “Мотравн” бо иқтидори 300 киловат соат дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ дувумин нерӯгоҳи хурди барқӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба гуфти муҳандисон ин нерӯгоҳ агарчӣ баландиқтидор ҳам набошад, вале он имкон медиҳад, ки талаботи сокинони якчанд деҳаи ҷамоати деҳоти Язгулом, ки бе нерӯйи барқ зиндагонӣ мекарданд ба пурагӣ бартараф карда шавад. Гуфта шуд, ки асоси корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур мутахассисони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз соли 2012-ум гузошта буданд. Вале бинобар сабаби маҷрои тезоба доштани дарёи Язгулом мутахассисони кореягӣ аз сохтмони нерӯгоҳ худдорӣ кардаанд. Пас аз таваққуфи ҳуддуи сесола иҷрои лоиҳаро ҶДММ “Диамант ва Канаск” бар зимма гирифт. Тавре масъулон ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, хароҷоти лоиҳавии Нерӯгоҳи барқи обии “Мотравн” бештар аз 6-миллиону 800-ҳазор сомониро ташкил дода, то ба имрӯз баробар ба 1-миллиону 850 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст. Лоиҳа бо маблағгузории ташкилоти «Койка»- и Кореяи Ҷанубӣ сохта шуда, насби 3 агрегати иқтидори 100 киловат соат дошта пешбинӣ гардидааст, ки воридоти онҳо рӯзҳои наздик дар назар аст. Масъулони корҳои сохтмонӣ аснои боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти энергетикӣ иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур то ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифоода қарор дода хоҳад шуд. Пешвои миллат ба сохтмончиён дастуру супориш дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, иншоотро бо сифати баланд барои даҳсолаҳои оянда сохта мавриди истифода қарор гиранд. Пас аз ба кор даромадани нерӯгоҳи “Мортравн” дар деҳкадаҳои Язгулом, ки қисми онҳо ҳатто хатҳои барқӣ кашида нашудаасту сокинони он аз истифодабарии нерӯ маҳруманд, шабакаи умумии энергетикӣ ташкил гардида, ин гӯшаи дурдасти мамлакат низ ба низоми мукаммали энергетикии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пайваст мегардад. prezident.tj |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.