Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Тоҷикистон макони нур шуд

Тоҷикистон макони нур шуд

3-06-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 427 нафар
Назарҳо: 0
Тоҷикистон макони нур шудДар миёни се ҳадафи стратегии давлат, ки дар солҳои Истиқлол эълон ва ба тадриҷ пайгирӣ мешавад, барномаҳои расидан ба истиқлоли энергетикӣ ҳам зина ба зина ба иҷро мерасанд.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки кишвари мо ҳанӯз аз солҳои аввали ташкили Иттиҳоди Шӯравӣ ва таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи мутахассисони соҳаи барқ қарор гирифта буд. Ин таваҷҷуҳ вобаста ба шароити ҷуғрофиёӣ ва мавҷудияти манбаъҳои фаровони оби рӯду дарёҳои кӯҳистонӣ сол ба сол бештар шуд.

«Варзоб – ГЭС» умри дубора дид
Нерӯгоҳи барқи обии «Варзоб-1» аз нахустин марказҳои истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон аст.

Он яке аз се нерӯгоҳе буд, ки бо истифода аз оби рӯди Варзоб сохта шуд.

Иқтидори нерӯгоҳи аввал 7,3 МВт ва НБО «Варзоб -3» - 3,52 МВт буд. Аз ҳама нерӯмандтарини онҳо «Варзоб-2» буд, ки тавоноии истеҳсоли 14,76 МВт нерӯи барқро дошт.

Нерӯгоҳи «Варзоб -1» нахустин нерӯгоҳ аз ин силсила аст, ки ҳанӯз дар соли 1936, яъне 80 сол пеш сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифт.

Дар солҳои ахири мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ ин нерӯгоҳ аз нигоҳи техникӣ фарсуда шуда, дар ҳолати нимакора фаъолият мекард. Ба ин далел ҳанӯз дар солҳои аввали пас аз истиқлол масъалаи навсозии он пеш омад. Бар асоси барномаи давлат дар солҳои аввали истиқлол тарҳи бозсозии нерӯгоҳ таҳия гардид, ки баъдтар мавриди иҷро қарор гирифт. Он дар ниҳоят бо маблағи 23 миллион доллар дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Ҳинд аз сӯи ширкатҳои Bharat Heavy Electricals Limited (BHEL) ва National Power Corporation (NHPC) навсозӣ шуд. Бар асоси тарҳе, ки ин ширкатҳои ҳиндӣ таҳия карда ба иҷро расонданд, ҳолати устувории сохтмони нерӯгоҳ, коршоямии таҷҳизоти мавҷуд дар он санҷида, таъмири асосии дастгоҳҳо анҷом шуд.

Тибқи тарҳи навсозӣ қисмҳои аз корбаромада иваз гардид. Тавре масъулони Ширкати холдингии «Барқи тоҷик» гуфтанд: «Барои кори таъмиру таҷҳиз тамоми воситаҳои нави техникӣ барои нерӯгоҳ аз Ҳинд ба Тоҷикистон оварда шуданд.

Дар маҷмӯъ се вагон таҷҳизоти лозим , турбинаҳо ва генераторҳои нав аз ин кишвар оварда шуданд. Амалиёти навсозии ин нерӯгоҳ се сол идома кард.

Дар натиҷаи навсозӣ иқтидори нерӯгоҳ аз 7,3 то 9,4 мвт афзуда, коршоямӣ ва тавонмандиаш барои 50 соли дигар дароз гардид. Имрӯз “Варзоб-1” ноҳияи Варзоб ва қисман шаҳри Душанберо бо нерӯи барқ ва оби софшуда дар обанбори он сокинонро бо оби нӯшокӣ таъмин мекунад.

“Сангтӯда 1 ва 2” намунаҳое аз ҳамкорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ
Лоиҳаи ин ду нерӯгоҳ солҳои 70 асри гузашта таҳия шуда, дар солҳои 80 оғоз гардид. Аммо аввали солҳои 90 ба сабаби оғози ҷанги дохилӣ ва қатъ шудани сармоягузорӣ кори сохтмон дар нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” барои вақти номуайян қатъ шуда буд.

Пас аз кӯшишҳои зиёди давлати Тоҷикистон ва анҷоми музокирот бо шарикони хориҷӣ Русия ва Эрон барои идомаи кор дар ин иншоот изҳори омодагӣ карданд.

Соли 1995 дар Душанбе протоколи сохтмони нерӯгоҳҳои 1 ва 2 байни Тоҷикистон, Русия ва Эрон ба имзо расид. Бар асоси ин санад, Тоҷикистон яке аз ин нерӯгоҳҳоро дар ҳамкорӣ бо Русия ва дигареро бо Эрон бояд ба анҷом мерасонд. Эрон аз ҷумла эълон кард, ки барои сохтани “Сангтӯда 2” 180 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Барои анҷоми корҳо ширкати “Сангоб”-и Эрон ҷалб шуд. Ба таври расмӣ кори сохтмон дар моҳи феврали соли 2006 шурӯъ гардид.

Чархаи аввали он 5 сентябри соли 2011 ба истеҳсоли барқ пардохт. Агрегати дуюм бошад, пас аз се сол, яъне дар сентябри соли 2014 ба таври комил мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нерӯгоҳ аз ду агрегат иборат буда, дар маҷмӯъ 220 МВт нерӯи барқ тавлид мекунад. Тавоноии солонаи нерӯгоҳ истеҳсоли 1 миллиард кВт соат муайян шудааст.

Ҳамин гуна як тарҳи дигари бо сармояи хориҷӣ сохташуда нерӯгоҳи “Сангтӯда 1” аст. Онро мутахассисони Русия бо сармояи ин кишвар дар муддати чор сол сохтанд.

Иқтидори умумии нерӯгоҳи барқи обии номбурда 670 мВт аст. Дар нерӯгоҳ 4 агрегат насб шуда, ки иқтидори ҳар кадом 165,5 мВт аст. Се агрегат соли 2007- 2008, агрегати чорум соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Ҳардуи ин нерӯгоҳҳо намунаи барҷастаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишвар ва сармоягузорони хориҷӣ дониста мешаванд.

Навбати нерӯгоҳи «Роғун» ҳам расидааст
Ниҳодҳои давлати Тоҷикистон акнун тамоми саъю талоши худро барои ба кор даровардани нерӯгоҳи «Роғун» равона кардаанд. Тавре Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои обии кишвар чанде пеш изҳор дошт:

- Мавзӯи ба кор андохтани ин нерӯгоҳ бахше аз барномаи рушди энергетикаи Тоҷикистон барои се соли оянда аст.

Ба гуфтаи ӯ, тамоми таҷҳизоти лозим барои ба кор андохтани ду агрегати аввали он дар Тоҷикистон мавҷуд мебошад. Дар ҳоле, ки бахше аз онҳо аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба кишвар ворид гардида буд, қисми дастраснабуда ҳам дар солҳои ахир аз Украина харидорӣ шуда, ба кишвар интиқол ёфтааст.

Ин манбаъ қайд кард, ки иқтидори ду агрегати аввали нерӯгоҳ 800 МВт мебошад. Тавре маълум аст, НБО-и Роғун бо сарбанди 335 метр бояд сохта шавад. Ин мавзӯе аст, ки боиси баҳсу норозигии баъзе аз кишварҳои минтақа буда ва яке аз сабабҳои ба дарозо кашидани сохтмон низ шудааст.

Нафақат баландии сарбанд , балки дар зери кӯҳ ҷой гирифтани тамоми агрегатҳои нерӯгоҳ ҳам аз чизҳои фарқкунандаи ин лоиҳа аз лоиҳаҳои монанди он аст. Тибқи нақша, агрегатҳои нерӯгоҳ дар сохтмоне, ки 220 метр дарозӣ ва 22 метр паҳно дорад, дар зери замин ҷойгир шудааст.

Иқтидори нерӯгоҳ бар асоси лоиҳа 3600 МВт ва истеҳсоли солона 13,1 млрд кВт соат пешбинӣ шудааст.

Дар декабри соли 2010 кори сохтмон дар туннели аввали ин нерӯгоҳ ба анҷом расид. Дар ҳамон сол Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди анҷоми ташхиси байналмилалии маҳали сохтмони нерӯгоҳ қарордод ба имзо расонд. Дар муддати се сол ин ташхис аз сӯи ширкати швейтсарии «Poyry Energy Ltd» анҷом гирифт, ки натиҷаи он асоси дигари хубу эътимодбахши илмӣ барои идомаи сохтмон аст.

Бинобар пажӯҳишҳои нави анҷомшуда арзиши сохтмони ин нерӯгоҳ 2,2 миллиард доллар буда, ки аз ин барои навбати аввали он 600 миллион доллар сарф мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба баҳсҳое, ки сари ин нерӯгоҳ дар беш аз ду даҳсолаи ахир идома дорад, зарур аст, ёдовар шавем, ки лоиҳаи нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар соли 1974 аз сӯи «Средазгидропроект» (Тошкент), таҳия шуда ва то соли 1992 мавриди иҷро қарор дошт. Ба гуфтаи мақомот то оғози нооромиҳо дар Тоҷикистон, қариб 40 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида буд.

Оғози ҷанг ва қатъи сармоягузорӣ боис шуд, ки сохтмони нерӯгоҳ, ки шашумин нерӯгоҳ дар дарёи Вахш хоҳад буд, то ба имрӯз нотамом монад.

Гирифтории Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ ва аз байн рафтани пайвандҳои қаблии кишвар бо ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар соҳаи энергетика боис гардид, ки баъзе аз кишварҳо ин лоиҳаро ба баҳсҳои сиёсӣ кашида, барои идомаи иҷрои он монеа эҷод кунанд. Ин омил инчунин боиси тӯл кашидани иҷрои он шуд.

Ба ҳар сурат, Тоҷикистон бо навсозии нерӯгоҳҳои пешина ва ба кор андохтани ду нерӯгоҳи бузургу даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ акнун ба кишвари истеҳсолкунандаи барқи арзону аз нигоҳи экологӣ тоза дар минтақа табдил ёфтааст. Анҷоми сохтмони НБО-и «Роғун» ин мавзеи кишварро тақвият хоҳад кард. Барқ ин нур, гармӣ, ободӣ ва рушд аст.

Тоҷикистон, ки кишвари офтобиву сабз аст, бо такмили барномаҳои энергетикии худ ба кишвари нур ҳам табдил меёбад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: