Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ба хизматҳои пешвои миллат арҷ гузорем

Ба хизматҳои пешвои миллат арҷ гузорем

24-06-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 216 нафар
Назарҳо: 0
Ба хизматҳои пешвои миллат арҷ гузорем
Моҳи августи соли сипаришуда маводи дастаҷамъонаи гурӯҳи маъруфи кишвар, академик Носирҷон Салимӣ ва декани факултети муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Холмаҳмад Самеъ дар бораи ба Ҷаноби Олӣ додани Пешвои миллат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ба табъ расида,дар заминаи ин пешниҳод парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Барои ба хонандаи гиромӣ рӯшан намудани хизматҳои шоёни фарзанди фарзонаи миллат дар рушди иқтисдиёти кишвар, пойдор намудани сулҳу саодат, барқарор намудани амнияти кишварзарур донистем, ки заҳматҳои кашидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зикр намоем.

Замоне ин қаҳрамони миллат, наҷотдиҳандаи давлат ба курсии роҳбарӣ нишаст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳазорҳо мардуми бегуноҳро ба коми худ мекашид. Занону мардон, пирону ҷавонон, кӯдакону тифлон барои як бурда нон зору нолон буданд. Низоми давлатдорӣ фалаҷ буда, кишвар на артиш дошту на милисаву на ҳимоятгар. Қисмати зиёди мардум сарсону гуреза шуда, ба Афғонистону дигар кишварҳо фирорӣ шуданд.

Сарзамини азияткашидаи тоҷикон ба пораҳо тақсим шуда, дар ҳар гӯша хонҳои ғоратгару ҷиноятпеша ҳукмронӣ мекарданд.

Намояндагони халқияту миллатҳои дигар, ки солҳои зиёд дар ободонии Тоҷикистон саҳми сазовор гузошта буданд, ин ватани азизашонро тарк намуда, ба диёри аҷдодиашон кӯч бастанд.

Қариб умедамонро канда будем, ки Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон боқӣ монад. Дар ҳамин давраи пурошубу тақдирсоз ба бахти миллат фарзанди баруманду содиқ, бо ҷасорату мардонагӣ бохираду тавоно Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадам монд. Дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ зимоми давлатдориро ба даст гирифта,ба сари баланд эълон намуд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» .

Мардуми овораву сарсон ва кулфатзада ба ин ҷавонмарди шердил умед баст, ӯ воқеан ба ваъдааш вафо кард. Дар натиҷаи кӯшишу заҳматҳои пайвастааш дар охир 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Масква бо мухолифин қарордоди сулҳ ва истиқрори миллиро ба имзо расонид.
Таҳкурсии сулҳ гузошта шуда, фирориён ба ватан баргаштанд. Аз ҳама асосӣ Тоҷикистон соҳиби артиши худ гашт.

Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Сарвари давлат Конститутсияи бо стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ қабул шуд. Кишвар соҳиби Парчам, Нишон, Суруд ва пули миллӣ гардид.

Сохти конститутсионӣ пурра барқарор гардида, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба низом даромад. Аз ҳама муҳим ҳокимияти судӣ ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ шинохта шуд.

Соли оянда халқи куҳанбуёди тоҷик 20-умин солагарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро бо тантана қайд хоҳад кард, ки он самараи хизматҳои шоёни Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бароми ҳамин, мо аҳли ҷомеаи судяҳо ба сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат арҷ гузошта, баҳри пойдор намудани сулҳу субот ва амнияти кишвар адолати судиро аз рӯйи талаботи Конститутсия ва қонунҳои мавҷуда ба маънои томаш ба амал бароварда, ҷиҳати ҳифзу ҳимояи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлату ташкилоту муассисаҳо қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул менамоем.

Асомуддин Бобохонзода, муовини Раиси суди шаҳри Душанбе
Маҳмадҷон Раҳмон Шариф, судяи суди шаҳри Душанбе
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: