Вохӯрӣ бо сарбозон22-06-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 175 нафар
Назарҳо: 0
Дар остонаи таҷлили 19-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ масъулини Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии навтаъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат вохӯрии судманд доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ Раҳматзода Руқия, раиси Кумитаи Иҷроияи ХҲДТ дар шаҳри Ваҳдат иштирок намуда, дар мавриди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон суханронӣ намуда, афзуд, ки бо шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз ба мунокишаҳои дохилӣ ва хусумату бадбинӣ хотима бахшидем ва тавонистем, ки ба марҳалаи навини Тоҷикистон - гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини Ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халки Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем. Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи тамоми мардуми кишвари азизамон шароити мусоид фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофшуда дар ҷумҳуриамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад ва барои андаке бошад ҳам беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, ободӣ ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад. Номбурда зимни суханронии пурмуҳтавои худ инчунин, зикр намуд, ки мо аз таърихи инсоният медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бинобар сабабҳо ва омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи Ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии кавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рӯ ба завол шуда, вале дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба Истиқлолияти миллию давлатӣ расид. Ин иди фархунда тимсоли сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва осоиш дар ҷамъиятамон, боиси эҳёи маънавию иқтисодии кишвар, масъулияти умумии мо барои ҳаёти ҳозираву ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Дар охир ба сарбозон маводҳои варзишӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. И.Тоҳир |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.