Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Пешвои миллат ва рушди иқтисодиёти мамлакати соҳибистиқлол

Пешвои миллат ва рушди иқтисодиёти мамлакати соҳибистиқлол

31-05-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 337 нафар
Назарҳо: 0
Пешвои миллат ва рушди иқтисодиёти мамлакати соҳибистиқлол
Халқи куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик дар остонаи таҷлили ҷашни фархундаи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чун санаи тақдирсоз имрӯзу ояндаи миллати моро муайян намудааст, қарор дорад. Аҳли кишвар дар партави дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мӯҳлати кӯтоҳи таърихӣ пояҳои давлати тозаистиқлоли худро мустаҳкам карда, бо амалисозии ниёзу армонҳои худ дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо як ҷаҳон шукргузориву ифтихор ин ҷашни муқаддаси миллиро истиқбол мегирад. Дар давоми чоряк асрӣ Истиқлолият ба шарофати сиёсати оқилонаи Сарвари давлат дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёт ислоҳот босуръат идома ёфт. «Маҳз ба шарофати ин рӯйдодҳои муҳими таърихӣ мо тавонистем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор гардонида, пояҳои истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намоем. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон Ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.»

Пиру барно, ҷомеаҳои меҳнатии вилояту шаҳру ноҳияҳо низ ҷиҳати таъмини иҷрои ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории он, таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ мекунад. Бо ин мақсад дар мамлакат корҳои созандагиву бунёдкориро рӯз аз рӯз вусъат бахшида, бо ташаббусҳои ватандӯстона дастовардҳои истиқлолияти давлатии кишварро боз ҳам афзунтар мегардонанд.

Нигоҳ ба таърих. Барои амиқтар сарфаҳм рафтан ба вазъи ичтимоию иқтисодии мамлакат мо бояд давраҳои аввали истиқлолиятро ба хотир орем.

1. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар ҷумҳурии ин иттиҳод, истиқололияти давлатии худро ба дастовард. Пайваста ба ин ҳодисоти таърих, масъалае ба миён омад: - кадом роҳи стратегии рушди иқтисодиёти мамлакатро пеш гирифт?

Гуфтан лозим аст, ки дар ҳамон давра олимон, мутахассисони корхона ва вазорату кумитаҳо ба гурӯҳҳо тақсим шуда буданд. Яке аз онҳо тарафдори сохти маъмурию амрдиҳӣ амал карда истода буданд ва ба фикри онҳо ин сохти иқтисодиро такмил дода, ба шароити истиқололияти давлатии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шавад. Дигаре боварӣ доштанд, ки танҳо бо бунёди сохти иқтисодии бозорие, ки дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон бартарии худро исбот карда буд, рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатро таъмин намудан имконпазир аст.

Барои ҳалли ин масъалаи доғи рӯз саҳми Президенти кишвар басо калон аст. Дар аввалин баромади худ аз минбари Созмони миллали мутаҳид Сарвари давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гуфтанд: Роҳи пешгирифтаи Тоҷикистон ин тавлиди сохти иқтисодии бозории мутамаддин, ки рӯ ба иҷтимоиёт нигаронида аст. Ин интихоби Сарвари кишвар, ягона интихоби дурандешонаю оқилона дуруст буд.

Аз ҳамон вақт сар карда, зини ба зина тавлиди низоми бозории иқтисодиёти мамлакат, тарҳрезии пояҳо ва ниҳодҳои он гузошта ва то ҳозир давом дорад.

2. Дар самти роҳандозии низоми иқтисоди бозорӣ тазодҳо, хилофатҳои ақидавию амалӣ мушоҳида мешуд. Дар ин асно масъалаи дигаре ба миён омад, ки он бо муайян намудани самти назариявию амалӣ оид ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бо мақсади ташкил намудани низоми муносибатҳои бозорӣ дар кишвар буд, вобаста буд. Зарурати дигаргунсозиҳои куллан нав ва хеле суръатноки таркиби иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа таъкид мешуд, ки асосҳои назариявии онро либерализми бунёдӣ ташкил медод, асоснок карда шавад. Ин роҳ демонтаҷ ё шикастани фаврӣ сохти маъмурию амрдиҳиро пешбини менамуд. Зеро ки ин низом дар сохтори иқтисодиёти сотсиализми давлатӣ амал мекард, ба бӯҳрони фарогир ҳидоят намуд, ки асосаш рад кардани ташаббусу ҳавасмандӣ, ҳамчун муҳаррики рушди иқтисодӣ буд. Дар асоси таҳлили чуқури таҷрибаи ҷаҳони сарвари давлат роҳи тадриҷан, давра ба давра дигаргунсозии иқтисодиёт ва ба сохти бозор мутобиқ гардонидани он, алоқаи мустақими истеҳсолгару истеъмолгар, озодии фаъолияти иқтисодии субъектҳоро дар қабули қарорҳои иқтисодӣ, аслҳои идоракунии иқтисодӣ ва ғ. таъмин менамояд, тарафдорӣ намуданд.

3. Марҳилаи муҳимтарини ташаккул ва рушди иқтисоди бозоргонии кишвар бо таҳияи Барномаи таҳаввулоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995-2000 вобаста буда,бо ташаббуси Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тартиб дода шуд, ки онро Парлумони миллии ҷумҳурӣ тасдиқ намуд. Бояд гуфт, ки набудани барнома ҷараёни маблағгузории хориҷӣ, кӯмаки молиявии байналмилалии асъор ва бонкҳои рушди иқтисоди минтақавию ҷаҳониро душвор мегардонид. Дар доираи барнома мебоист хусусигардонии моликияти давлатӣ, озод кардани нарху фаъолияти иқтисоди бурунмарзӣ, боздоштани беқурбшавии пул, ташкили низоми мӯътадили пулию қарзӣ ва дар самти ташаккули асосҳои иқтисодиёти бозоргонӣ, такмили истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонӣ, беҳтаргардонии шароити моддиву иҷтимоии аҳолӣ барин тадбирҳо ба амал татбиқ карда мешуданд. Бисёр вазифаҳои принсипиалии Барнома бомуваффақият иҷро шуданд. Дар мавриди таҳрезии барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва механизмҳои амалигардонии он Президенти кишвар доимо таъкид доштанд, ки раванди ислоҳот барои мардум бояд дарднок набошаду шиддатнокии иҷтимоиро боис нагардонад.

Дар панҷ соли аввал бо тадбирҳои фаъолонаи Президенти кишвар сулҳу оромӣ, истиқрори миллӣ таъмин, шароит барои пешрафти рӯзафзуни иқтисодӣ фароҳам оварда шуд.

Хусусияти хоси ин марҳила дар гузариш аз тадбирҳои парокандаи марбут ба танзими иқтисодиёт ба ислоҳоти барномавии он ва аз ин лиҳоз гузаронидани як қатор чорабиниҳои дар самти таъмини устувори макроиқтисодӣ дар кишвар зарур буд, зоҳир мегардид.

4. Ба туфайли амалҳои мақсадноки Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон вазъияти муътақидан нави иқтисодӣ ҷараён мегирад, ки бо ташаккули низоми созгори муассисаҳои идоракунӣ ва психологияи бозории роҳбарони корхонаҳо, хоҷагиҳо ва қисми бештари аҳолӣ алоқаманд мебошад. Дар натиҷа, танзими давлатии иқтисодиёти давраи гузариш бештар замонавӣ гардида, муносибати субъектҳои хоҷагидор ба таҳаввулоти бозор бетарафона шуд.

Ҷорӣ намудани асъори миллӣ (рубл дар соли 1995 ва сомонӣ дар соли 2000) имкон дод, ки низоми созгори пулии кишвар ташкил дода, сиёсати ҷиддии монетарӣ ба роҳ монда шавад. Қабули стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва андешидани тадбирҳо дар ин самт, инчунин таҳким додани ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ шароити мусоид барои рушди иқтисодии кишвар фароҳам овард.

Афзоиши суръати ташаккули симои сифатан нави иқтисодиётро тазаккур бояд дод, ки хусусияти хоси онро чунин сохторҳои нави ташкилӣ дар хоҷагии халқ, ба монанди ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, корхонаҳои хусусӣ ва коллективӣ, ширкатҳои соҳибкорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, корхонаҳои хурд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), кооперативҳо, ки бештар ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ мутобиқанд, ташкил медиҳанд. Маҳз онҳо қисми бартаридоштаи корхонаҳои амалкунандаи кишвар маҳсуб меёбанд.

5. Таҳқиқи зуҳуроте, ки дар иқтисодиёти муосири кишвар ба вуқуъ мепайванданд, шаҳодат аз он медиҳад, ки раванди таҳаввулоти бозорӣ дар Тоҷикистон бебозгашт буда, эътимоди аҳолӣ дар дуруст будани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсати созандагӣ торафт баланд шуда истодааст.

Рушди иқтисодиёт дар давраи истиқлолии мамлакат. Роҳи тайнамудаи иқтисодиёт дар давраи соҳибистиқлолии кишвар хеле вазнину мураккаб буд ва ба он якҷониба баҳо додан нодуруст аст. Дар нахуст марҳилаи гузариш ба низоми иқтисодии бозорӣ тамоили пастравии маҷмӯи маҳсулоти дохила то соли 1997 идома ёфт ва он ба шикасти молиявӣ-иқтисодӣ ва робитаҳои истеҳсолие, ки ба доираи комплекси ягонаи хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ амалкунанда вобаста аст ва ҳамчунин бо дигар омилҳои дохилию беруна марбут мебошад. Вазъият бо сабаби ҷанги шаҳрвандӣ ва суст гардидани фишангҳои идоракунии иқтисодиёт боз ҳам ташвишовар гардид. Ба нисф камшавии ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ва аз се як - маҳсулоти кишоварзӣ, ба дараҷаи қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ба озуқаю дигар молҳои ниёзи мардум ва сатҳи зиндагии онҳо, таъсири манфӣ расонид. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ нисбати соли 1991 ба соҳаи иқтисод 10 маротиба кам шуд. Ин омилҳо боиси барқарор намудани қудрати истеҳсолӣ ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар асоси принсипҳои бозоргонӣ гардиданд.

Қайд кардан зарур аст, ки соли 1997 - соли сулҳу ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - соли ба эътидол омадани вазъи макроиқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз ин, пай дар пай болоравии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқ – саноату кишоварзӣ ба назар мерасад.

Таъмини баландравии суръати афзоиши иқтисодиётро бо сохторҳои нав марбут медонанд, ки ин дуруст аст. Зеро тавре таҷриба нишон медиҳад, соҳаҳои манфиатбахшу корхонаю хоҷагиҳои ҳаётан муҳимро бо дастгирии фаъоли давлат бояд инкишоф дод. Рушди онҳо метавонад иқтисодиётро «рахна» намуда, онро аз бӯҳрони тӯлкашидаи низомӣ бароранд.

Ҷиҳатҳои хоси иқтисоди бозории ташаккул ёфтаистода дар ҳаракати озодонаи молҳо, қувваи коргарӣ, арзу қоғазҳои қимматнок ва сармоя дар фазои иқтисодии ягонаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷаи дур ифода меёбанд.

Ба муомилот баровардани асъори миллии «сомонӣ» муҳимтарин омиле буд, ки ба инкишофи иқтисодиёт ва устувории он, ба такмили ояндаи сохторҳои низоми пулии ҷумҳурӣ, молиявию қарзӣ ва бонкӣ заминаи мустаҳкам гузошт.

Аз ин лиҳоз, сониян иқтисодиёт яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди ҷомеаи мамлакат ҳисобида шуда, ба масъалаҳои ҳалталаб имконияти сафарбар намудани захираҳои лозимӣ ва барои идораи он истифодаи тарзу усулҳои менеҷменти муосир пайдо гардид.

Дар ҳафт соли охир сиёсати оқилона ва дурандешонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ намуда, анҷом додани бисёр корҳо дар кишвар муяссар гардид. Аз ҷумла, дар 7 соли сипаришуда маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 56% ва даромади пулии аҳолӣ 1,7 баробар афзудааст, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 25-35 фоиз афзоиш ёфт. Музди меҳнати миёнаи кормандони хоҷагии халқ аз 284 сомонӣ дар соли 2009 тоба 952 сомонӣ дар соли 2015 расид ё 3,3 маротиба зиёд мебошад. Бояд қайд кард, ки музди меҳнати аққал аз 250 сомонӣ то ба 400 сомонӣ мерасад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон - ҳамчун мамлакати агросаноатӣ, соҳаи кишоварзӣ мақоми аввалиндараҷа дорад. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар даҳ соли охир 2 маротиба зиёд шудааст. Бо ташаббуси Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таркиби соҳа дигаргун ёфта, дар он майдони боғу токпарварӣ ба 50 ҳазор гектар расид ва боз 5 ҳазор га. то соли 2020 бунёд мегардад, ки заминаи мустаҳкам ба иқтидори содироти мамлакат буда, ҳаҷми он бо суръати баланд инкишоф ёфта истодааст.

Яке аз масъалаҳои ҳалталабе, ки аз ҷониби Президенти мамлакат гузошта шудааст, ин бунёди минтақаҳои саноатӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, 2 корхонаи коркарди нафт (2млн.тонна), 3 - сементбарорӣ (3 млн. тонна), 1 - бофандагӣ матои пахтагин (150млн.м.м.) ва инчунин корхонаи кимиё, коркарди металлҳои ранга, металлургии кӯҳӣ ва ғ. Хурсандиовар аст, ки дар рӯзҳои Иди Наврӯз ва ташрифи кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи коркарди нафт, сементбарорӣ ва як қатор дигар ширкатҳои истесолӣ оғоз намуданд.

Инкишофи иқтисодиёт асоси ҳаёти ҷамъиятӣ буда, замина ба баланд гардидани дараҷа ва беҳтар намудани сифати зиндагӣ мегузорад. Дар ҷамъият Қонуни умумии объективии «бемайлон ва пай дар пай афзоиши талабот» амал мекунад, яъне талаботи шахс миқдоран зиёд ва таркибан бо сифат мегардад. Чунин тамоил, мувофиқи талабҳои «Қонуни Энгел» ба таносуби харидани молҳо таъсир мерасонад. Масалан, дар соли 2001-ум зиёда аз 84% даромади хонавода барои хариди маҳсулоти озуқа хароҷот шуд ва 16% боқимондаи он барои хариди сару либос, телевизору компютерҳо ва дигар молҳои ғайриозуқа, инчунин нархи хизматҳо сарф шуда бошад, ҳозир зиёда аз 50% даромади пулии аҳолиро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат вазифаи коркарди стратегияи миллӣ, ки дар он инкишофи иқтисодию иҷтимоии мамалакат барои солҳои то 2030 пешбинӣ мешавад, гузошта шудааст. Таҳия ва қабули он ба болоравии сатҳи зиндагӣ ва беҳтар гардидани сифати ҳаёти мардуми Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Имрӯз мо дар шароити сулҳу субот ва оромии кишвар, ки бо саъю кӯшиш ва ҷонбозиҳои асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин шудааст, зиндагӣ дорем. Мо бояд тавре ҳаёту фаъолият барем, ки он ба манфиати ҷомеа нигаронида шуда бошад, меҳнати ҳалоли худро барои дар амал ҷорӣ намудани сиёсати хирадмандонаю созандагӣ равона намоем, насли наврасро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем.
Бойматов Алиҷон Азизович, доктори илми иқтисодӣ, профессор, дорандаи ҷоизаи ба номи академик Б.Ғафуров дар соҳаи илм, шаҳрванди фахрии Линколни ИМА.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: