Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Пизишкон Олимпиадаи Рио-2016-ро хатарнок хонданд

Пизишкон Олимпиадаи Рио-2016-ро хатарнок хонданд

17-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 230 нафар
Назарҳо: 0
Пизишкон Олимпиадаи Рио-2016-ро хатарнок хонданд
Зиёда аз сад пизишки машҳур дар номае аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хостанд, зимни таҳдиди ҷиддии вирус ё ангали Зика ба бекор кардан ё мавқуф гузоштани бозиҳои тобистонаи Олимпӣ дар Рио-де-Жанейро даъват намояд.

"Мо, бо вуҷуди рӯҳияи маҷбурии он ки баргузории бозиҳо дар Рио гурезнопазир аст, зеро ин як чорабинии хеле бузург аст, ки ба таъхир гузошта нахоҳад шуд, даъват мекунем, ки бояд аз он даст кашид," - омадааст дар ин нома, - "Шакли бразилии ангали Зика бо шеваҳое ба саломатии одамон осеб мерасонад, ки то ҳол ҳадафи пажӯҳиши илмӣ набудаанд. Ҳолати сунъие сохта мешавад, ки наздик ба 500 ҳазор сайёҳи хориҷӣ зери хатари сироят ва ба тамоми ҷаҳон кашондани ин ангал қарор хоҳанд дошт."

Донишмандони тиб гуфтаанд, бар дӯш гирифтани чунин хатар як иқдоми ғайриахлоқӣ хоҳад буд ва агар имкон ҳаст, бозиҳои Олимпӣ ба кишвари дигар кӯчонда шаванд. Аммо намояндагони Созмони Ҷаҳонии Бедҳошот дар изҳороте гуфтаанд, бекор кардан ё кӯчондани бозиҳо ба густариши ҷаҳонии вируси Зика таъсири чандоне нахоҳад дошт.

Бозиҳои Олимпии Рио-де-Жанейро аз 5 по 21 августи соли равон идома хоҳанд ёфт. Ин шаҳр яке аз марказҳои густариши ангали Зика дониста мешавад, ки дар ҳоли ба вирус олуда шудани зани ҳомила сабаби микросефалия - хурд шудани косахонаи сар ва камақлии кӯдак мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: