Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Мазоре дар дили модар

Мазоре дар дили модар

7-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Мазоре дар дили модарЯк писар гум кард Яқуб ҳарду чашмаш кӯр шуд,
Чун нагирям ман, ки як олам писар гум кардаам.


Гулрӯ ба сардиҳои сахти дай нигоҳ накарда, пиёда роҳи деҳаи Ёзғанди Тавилдараро пеш гирифт. Моҳбӣ ҳам натавонист ӯро аз раъйяш бигардонад. Ӯ ҳам он чиро мегуфт, ки дар хонаи худашон дар Душанбе ба вай шавҳар, хоҳарон, фарзандон ва хешу табор, ҳамчунин кормандони амният мегуфтанд. «Нарав, ин кори хавфноку бе самарест». Вале дили ӯ қарорашро аз даст дода буду дигар касе садди роҳи ин азми қатъияш шуда наметавонист…

Ду мӯйсафеди дигар низ он рӯз чун Гулрӯ ба он ҷо бачаковӣ омада буданд. Секаса талу теппа, кӯҳу дараҳои Тавилдараро ин волидони фарзандгумкарда қадам мезаданд. Ҳамагӣ дар даст таёқҳои дароз-дароз доштанд, ки гоҳе ба ҷойи асо буду гоҳе «яроқ»-и зидди сагони гушна. Мӯйсафедон ба «мардигариҳои» ин зани фарзандҷӯй лаби таҳсин кушоданӣ мешуданду лабҳои парсингбастаашон аз шамоли сарди кӯҳистон ях мебаст ва ашк дар чашм сар меҷунбонданду ҳар бор дасти кӯмак дарозаш мекарданд. Ҳар серо як дард ба ин кӯҳистон овардаву як ғам шарик гардонида буд.

Гулрӯ сари роҳ хоки тӯбшудаеро диду дилаш дупора шуд. Наход ин гӯри Фаррух бошад? Ӯ каме бо чӯб барфу хокро тела доду баъд бо дастонаш хокро кофт. Ӯ намехост, ки чӯби сахт ба ҷисми писараш бирасаду ӯро лат бидиҳад. Бехабар аз он ки… чӣ сарнавиште ӯро интизор аст.

… Дар толори бузурги «Кохи Борбад» ҷойи нишастамро, ки дар даъватнома навишта шуда буд, мекофтам. Он ҷо зани қоматбаланду тануманде менишаст. Чун ҷойи ман аз охири қатор буд, ба таклифи ӯ, ки ҷоямро дар аввали қатор ба ӯ диҳам, розӣ нашудам.

Ӯро намешинохтам, ҳарчанд то оғози мулоқот ҳоло вақт буд, паҳлӯи ҳам хомӯш менишастем. Гарчанде толор салқин буд, ӯ гӯё дар оташ месӯхт. Ҳар замон даҳонашро бо об тар мекард. Пайваста оҳ мекашиду рӯи арақшорашро пок менамуд. Оҳи ҷигарсӯзаш қариб олам месӯхт. Рухсораҳои сурху сафед, ҷуссаи фарбеҳу чеҳраи беожангашро дида кас бовар намекард, ки ин зани чорпаҳлу мушкил ё дарде дошта бошад

Тӯли суханронии Президенти кишвар дар минбар низ, ҳампаҳлӯи ман лаҳзае оромӣ надошт. Бодиққат гӯш мекард, вале боз оҳи сӯзон мекашид. Гарчанде мавзӯъ ангезаи чунин сӯхтанҳо набуд. Ин оҳкашиҳо ва бетоқатии ӯро дида дар дил худро сарзаниш мекардам, ки чаро ҷоямро ба ӯ надодам? Шояд ӯ хафа шудаасту фишораш баланд гаштааст? Сахт хиҷил будам аз кардаи худ. Беҷуръатона «Апа, агар хоҳед, биёед ҷоямонро иваз кунем. Ман ҳам аз канор нишастанро дӯст медораму аввалин бор чунин ҷой насибам гаштааст», - гуфтам, гӯё худро сафед карданӣ шуда. Чун дидам, ки ба меҳр «раҳмат» гуфту нигоҳаш гарм буд, идома додам, ки: «Боз хафа нашуда бошед, маро бубахшед». Ӯ шигифтомез гуфт: «Барои чӣ? Барои он ки ҷоятонро бо ман иваз накардед? Охир ин ҳеҷ гап нест, шумо ба ин ҳақ доред. Эҳ хоҳари содда, баъди он гапҳое, ки ба ман гуфтаанд, он муносибатҳои зиште, ки бо ман кардаанд, як даҳан «не» гуфтани Шумо чӣ ҷойи хафашавӣ аст? Роҳат бошед», - гуфт ва боз об нӯшид ва афзуд: «Хайрият, ки Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент Амиршо Мералиев ҳамин бародар (ба Исомиддин Салоҳиддинов, ки як қатор пеш менишаст, ишора карда) доимо маро дастгирӣ мекунанду ин дафъа ҳам як даъватнома ёфта доданд. Одамони хубеанд ҳарду».

Чун суханронӣ ба поён расиду музокирот оғоз гашт, ҳаяҷони вай бештар гашту об нӯшид ва гуфт: «Ман низ гуфтаниҳо дорам». Назди баландгӯяке рафт. Баъди чанде интизорӣ боз назди микрофони дигар, ки одамон камтар буданд рафта мунтазир шуд. Вале он ҷо ҳам навбатро ба ӯ надоданд. Боз назди гурӯҳи дигаре, ки навбат мепоиданд рафту хоҳиш кард, ки иҷозаташ бидиҳанд, зудтар суханашро бигӯяд, зеро мадори истодан надорад. Вале шояд онҳо низ чун ман бовар намекарданд, ки ин зани тануманд, ин қадар заиф аст ва навбаташ намедоданд. Баъзеҳо дар толор ба ҳолаш механдиданд, ки дар чунин ҷаласаи бошукуҳ ҳай равуо кард, қарор наёфт, бехабар аз он ки ӯ қарорашро 11-сол қабл гум карда буду дигар онро нахоҳад ёфт.

Ба пеши микрофони чорум ҳам рафт, вале касе навбаташро ба ӯ додан нахост. Рӯйи фарш нишаст, зеро дигар ёрои истодан надошт. Обашро бо худ нагирифта буд, даҳонаш хушк шуду охирин қувва ҳам таркаш намуд, вале чун 11-сол пеш мадорашро ғун кард, иродаашро қавӣ гирифт, аз ҷой бархост, боз навбат поид. Ниҳоят ин азобҳояш аз чашми Президенти Тоҷикистон дур намонду гуфт: «Биёед суханро ба ин модар бидиҳем, ӯ хеле заҳмат кашид».

Оре, танҳо Президент, он ягона нафаре, ки гӯш ба ҳарфаш додаву аввалин бор расман дасташ гирифта буд, боз тавонист, ки бо чашми адл азобҳои ӯро бубинад. Вале ӯ ҳам танҳо як назар ин азобҳояшро дида аст. Ӯ ҳам шояд ба пуррагӣ намедонад, ки ин як модари тоҷик чӣ рӯзҳои сангине пушти сар гузоштааст? Чӣ даҳшатҳову фоҷиаҳои мудҳишеро бо чашми сар дидаву чӣ сарнавишти талхеро ба пешонӣ дорад? Вале гӯё дили ӯ фарзандвор, падарвор, сарваронаву одилона гувоҳӣ дод, ки ин зан гуфтании муҳиме дорад, бо ин талошҳои сабурона. Ҳарчанд, ки гуфтаниҳои ӯ қисман ба масъалаи баррасишаванда дахл дошт, вале ӯ чун як ноитиқи таҷрибадор гуфту гуфт. Садои пурҳаяҷону пурэҳсоси модар бо иҷозати Президент баланд шуд:

«Ҷаноби Олӣ, ман аз номи модароне, ки дар ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фарзандҳошон ҳалок гаштаанд, мехоҳам барои дастгириатон изҳори миннатдорӣ намоям… Зеро мо бо обод кардани қабрҳои нафарони беному нишон ва берун аз гӯристон аллакай оғоз кардем».

Ӯ бурро сухан мекард. Дар овозаш ларзиши хоса, (ҳарчанд мекӯшид, ҳаяҷонро фурӯ нишонад) сахт эҳсос мегашт. Вале ӯ пайваста сухан мекард. Гумон мекардӣ, ки метарсад, ки ин имконро аз дасташ мегиранд. Аз сухангӯйӣ чун ҳамеша чун дафъаҳои пешин маҳрумаш мекунанд. Мекӯшид, ки аз ин фурсати нахустин бор дастдода истифода кунад, ба Президенташ бигӯяд, ки ӯ як модари ҷигарсӯхтаест, ки фарзанди азизашро барои сулҳу осоиш ва зиндагии орому осудаи имрӯзиён бо мудҳиштарин саромаде аз даст додаву то кунун на ҷисмашро ёфтаву на оташи сӯзони қалбашро аз дидори сарди фарзандаш, фурӯ нишондааст.

Ӯ модарест, ки чанд давраи аввал бо сабаби афсари амниятӣ будани фарзандаш наметавонист бо супориши роҳбарияти ин ниҳод, чун дигар мотамзадагон нола карда «бачамой» бигӯяду дарди хеш сабук созад. Модарест, ки танҳо умед аз Парвардигор дошт, ки шояд дили разилтарин яроқбадаст ҳам намешавад, ки писари нозанини ӯро, ки баъди як рӯзи ба хидмат рафтан тӯй дошт, бикушад. Охир фарзанди ӯ гуноҳе надошт. Охир писари ӯ, ки бояд пушти тахти шаҳӣ менишаст, бо супориши давлат ба хотири бехатарии кишвар, пайи иҷрои фармон рафта буд.

Ва афсари амниятӣ чун ҳамаи низомиён ҳаққи «не намеравам» ё «чаро?» ва «чун»-ро надорад. Фармонро муҳокима намесозанд, онро иҷро мекунанд. Ва афсари амниятӣ касест, ки ҳамаи ҷоннисориву қаҳрамониҳои вай пӯшида мемонанд. Хизмати ӯро ба ҷуз роҳбарияти ин ниҳод, дигар касе намедонад. Вай ба модари худ ҳам чизе намегӯяд. Ҳатто худ намедонад, ки ба тӯй ё азои хонаашон меояд ё не. Худ намегӯяд, ки ман ба ин ҳақ дорам, ман ҷавонам, ман модари чашм ба роҳ дорам, ман ҷони ширин дорам, ман хаста шудаам, ман… зеро ӯ афсар асту қасами ҳарбӣ хӯрдааст ва ба он содиқ будан мисли ба модар содиқ будан аст. Ва дигарон низ намедонанд, ки модари ин афсар ҳам барои ин «ихтисос»-и писараш масъулона, бори ғам мекашад. Заҳри фироқ мечашад, ғами абадӣ ва бори гарони бефарзандӣ ба сад кӯю дар мебарадаш.

Модари Фаррух Қаюмов - Гулрӯ Маҳмадиева чун ҳамаи модарон дар арафаи тӯйи хонадоршавии писар аз хушбахтӣ миёни замину осмон сабук «сайр» мекарду олами орзуҳояш паҳнои фарохтаре аз хиттаи воқеӣ дошт. Ӯ бехабар аз «тӯҳфаи тақдир» сандуқи ҷиҳози келини нозанинашро бори дигар ҷо ба ҷо карду саргарми тараддуди тӯй эҳсос накард, ки атрофиён бо дидаҳои ғамолуду чеҳраҳои заъфаронӣ нигоҳашонро аз ӯ мегурезонанд.

Оре, касе ҷуръат намекард ба ӯ бигӯяд, ки: «Эй модари бадбахт, шаҳбачаатро куштаанд. Ҷиҳози арӯсашро биғундору либоси мотамиро ба бар бикун, зеро сури туро азо ҷойгузин гаштаву тӯйхонаро мотамсаро гардонидааст, вале ту ҳануз бехабарӣ. Чанд муддате гузашту модари новоқифи ҳол тӯйро оғоз карданӣ шуд. Вале…

…Гулрӯ бо шунидани ин хабари мудҳиш - гум шудани писараш, аввал карахт шуд, ҳушаш рафт. Чун ба худ омад, хост фиғон бардорад, то дилаш накафад, вале супориш шуд, ки модар хомӯш бимонад. Барои ҳарбиён сарбамӯҳрии сир муҳимтар аз ғами ӯ буд. Хавфи сарварони хадамот ҳам аз он буд, ки чун муҷоҳиддин амниятӣ будани ӯро бифаҳманд, яқин мекуштандаш.

Ӯ ба ин хабари шум бовар накард. Роҳ гирифт сӯйи Тавилдара, ки он ҷо ҷанги шаҳрвандӣ мерафт. Гулрӯ ба худ ҳисобот дода наметавонист, ки барои чӣ ин корҳоро мекунад. Тӯли як солу чанд моҳ 7-бор ба он минтақаи даргир зане сафар мекард, ки мардон ёрои шунидани номи ин маконро надоштанд. Баъзе мардон аз вазифа даст мекашиданду он солҳо ба Тавилдара рафтанро рад мекарданд.

Ӯ аввал писараш, шаҳбачаи ворунатахташро меҷуст. Баъдҳо дигар умедашро кандаву розӣ буд, ки ақаллан ҷасади ӯро биёбаду бо таъомули аҷдодӣ ба хокаш супорад, вале бовар карда наметавонист, ки аз ин ҳам бенасибаш сохтаанд.

На дар Ғарму на дар Тавилдара ӯ касеро намешинохт. Вале ӯро ҳама медонистанд. Аксар ба ҳайси як модари фарзандҷӯ, гурӯҳе ба шубҳаи «ҷосуси КГБ» будан. Бо гузашти чанд вақте дар он ҷо занони ҳамтақдирашро ҳам ёфт ва акнун «хонаи умед» пайдо кард.

Чаҳор писару шавҳари Моҳбии телефончиро размандагони артиши муқобил кушта буданду як писарашро бо ҳашт захми тир, миёни ҷасадҳо зинда ёфтаву модар бо дастони худ бурун оварда буд. Акнун Моҳбиву Гулрӯ модарони ду сангар, вале ҳамтақдир бо ҳам дарди дил гуфтаву якҷоя навҳа мекашиданд ва якҷоя нақша. Нақшаи чӣ тавр ёфтани зинда ё мурдаи писари Гулрӯро. Моҳбӣ дар ин сардиҳои бебарқиву бе ҳезумӣ охирин калушҳои пояшро алов карда, пойҳои сармозадаи Гулрӯро наҷот бахшид, то модар битавонад, ҷустуҷуйи фарзандро идома бидиҳад…

… Дар ин 11-соли мудҳиш танҳо ду бор ба ман рӯйрост гуфтаанд, ки бачаатро куштаанд ва ҳар ду бор ҳам занҳо, бо оби чашми шашқатор қисса мекунад, модар. Соли 1996 зани як қумондон аз қаҳри зиёде, ки борҳо пушти дараш рафтааму ҷӯёи хабари писарам гаштаам, гуфт: «Писаратро чӣ мековӣ, куштандаш, бирав, дар деҳаи Ёзғанд сари роҳ гӯрест, бачаат он ҷост.

Соли 2007 яке аз мушовирони Президент аз қаҳри он, ки гӯё барои чопи китоби омодакарди ман аз роҳбарияти худ «гап шунидааст», чунин бераҳмӣ кард. Хонуми давлатӣ дағалона ва бе рӯю риё бе хиҷолает пеши виҷдон гуфт, ки: «Ту худат кӣ ҳастӣ, ки ман ай пушти ту гап шунавам. Хай, бачаи ту мурдай, мурдай-да, куштандаш, ҳеҷ гапе не. Ман ҳам ҷанга дидаам».

– Оре, ман ҳеҷ кас нестам, – мегӯяд Гулрӯ Маҳмадиева, танҳо як модари синабирёнам, ки мехоҳам, дигар дар тамоми олам модаре рӯзи маро набинад. Номи ҳар дуи ин занҳоро намегирам, зеро онҳо шафқати модарии худ гум кардаанд. Худо нигаҳбонашон бошад…

Оҳи сӯзонашро бо як қулт оби сард чун ҳамешагӣ фурӯ мебараду тавба аз сангдилии баъзе занон мекунад ӯ. Ба худ мепечад, хомӯш шудан мехоҳад, вале алангаи оташи аламаш боз боло мегираду мегиряд ва мегӯяд:

– Ман солиёни дарозе гиряамро фурӯ бурдаам, ин дам мехоҳам боре аз ҷигар фарёд бикашам, оташи ғами дарунамро бурун кашонам, шояд сӯзиши он камтар шавад? – суол мекунад аз ман. Маро бубахш хоҳар, охир ин ҳам редаксия – идораи давлатӣ аст, ҷойи гиря нест, вале дигар чорае надорам…

Ва ӯ инони аламро сар медиҳад. Талх мегиряд, ашкашро чун сели баҳорӣ чим зада наметавонад. Ғам ғолиб меояд, аламҳои ёздаҳсолааш ба сари ҳама ҷасорату сабурӣ хок мепошанд. Дигар ӯро на «сирри давлатӣ», на таҳқири ҳамҷинсони худаш, на ҳақоратҳои муҷоҳиддин, на сардиҳои кӯҳистони ҷанг ба домон ва на азобҳои пиёда дар кӯҳу дара, дашту даман, деҳаву ғорҳо кашидааш, на ҳароси сагони пайгир ва на миш-мишу овозаҳои оламиёнаш садди роҳ мешавад. Ӯ ин як лаҳза модари фарзандмурдаест, ки озодона мегиряд. Ба умеди раҳоӣ аз ғами сӯзон, мегиряд.

Мо ҳам ғамшарики ӯ мегирйем, барои на танҳо як шаҳбачаи шаҳиди апаи Гулрӯ. Барои чандин ҳазор шаҳбачаҳои қурбонии як ҷанги бемаънӣ, барои садҳо модарони ҷигарбирёни алам дар гулӯи тоҷик, барои як насли ба ҷанг кашидаи як миллате, ки боре ба ихтиёри худ яроқ боло накарда буду инак чӣ даҳшатҳоеро пушти сар гузошта. Ҳарчанд имрӯз тӯли даҳ соли сулҳу ваҳдат мехоҳем фаромӯш бисозем, ин ҳама нобасомониҳоро, наметавонем. Зеро касе, ки гузаштаи хеш фаромӯш месозад, ояндаро намебинад. Агар мо гузаштаи на чандон дури худро аз ёд намебаровардем, имрӯз чунин хашину дурушт ба як модари бадбахте муносибат намекардем. Ва бояд фаромӯш накунем, ки ношукрӣ кай «самар» медиҳад, касе намедонад.

Барҳақ Гулрӯ Маҳмадиева низ мехоҳад, ки ҳамаи он рӯзҳои сиёҳро фаромӯш созад. Ҳатто он лаҳзаҳоеро, ки ба гумони «гумоштаи КГБ» - будан муҷоҳиддин зани ҳамсафарашро маҷбур карданд, ки бадани ӯро кофтуков бикунад.

– Ту, таҳу тор, пешу пас, хуллас ҳама бадани ӯро кофтуков бикун, агар баъд аз вай чизе биёбем, духтаратро, ки ҳамроҳат аст, мепарронем, - амр карданд ба зан. Ва он зан аз тарс дар ҷояш… тар кард.

Баъди кофтукови зан, яроқбадастон тӯли як соат дар он зимистони сард, барояш иҷозаи пӯшидани либосҳояшро надоданд. Ҷисми ӯ ях мебаст, танҳо сӯзи қалбаш, алангаи оташи ҷигари бирёнаш ӯро «наҷот» мебахшид.

– Ман дигар дасту поямро эҳсос намекардам. Калимаи шаҳодатро такрори батакрор мехондам, зеро бараъло мешунидам, ки дар берун масъалаи чӣ тавр куштанамро тарҳрезӣ доранд. Вале гумон мекардам, ки аз ботинам танҳо оташи дарунсӯз берун мешавад, месӯхтам. Не, на барои худ, ман аз худ кайҳо гузашта будам, аз он месӯхтам, ки ҳанӯз ҷасади писарамро ёфта, ба хок насупурдаам. Ин ғам маро чуноне дигар карда буд, ки ҳарос аз мурдан надоштам, зеро акнун медонистам, ки шаҳбачаи нагунтахтам дар ин дунё нест.

Дар хотираи Гулрӯ номҳои нав бо чеҳраҳои даҳшатноки пурмӯй ва чашмони аз ғояти ғазаб торси хуни зӯрмардони силоҳбадасте, ки ҳар кадоме метавонист, бо зер кардани як ангушташ, тақдири ин модари «гумошта»-ро ҳал кунад, боқӣ монд. Ва имрӯз ба қатори онҳо он заноне (бале, мутаассифона) бонувони дар сатҳҳои гуногуни ҷомеа соҳибмансабу номдор низ дохиланд, бо алфози дуруште, ки гӯё мансабдорӣ одаташон кунонида бошад, барояш «фаромӯшношуданианд».

Гулрӯ сабур аст. Баъди он даҳшатҳои соли 1996-97 дар минтақаи ҷанг дидааш, дигар он дағалиҳои баъдиро аксаран нодида мегирад. Зеро дар ин миён ӯ ба садҳо дар ангушт задаасту ба садҳо «забон» ҷавоб шунидааст. Ва дар камтар ҷо ҳарфашро сари мӯе шунидаанду ба қадраш расидаанд.

Соли 2000 иттилоъ ёфт, ки дар Қайроққум форуми созмонҳои ғайриҳукуматии занони Осиё барои сулҳу ваҳдат доир мегардад. Аламаш, ки тоза буд, худро ба чандин идораҳо зад. Хост чун як модари аскари шаҳид, он ҷо биравад, ба бонувон бигӯяд, ки дигар ба ҷангу ҷидол роҳ надиҳанд ва дарро абадан ба рӯи даҳшати ҷанг, бубанданд.

Даъватнома наёфт. Аз ҳисоби худ билети тайёра харид. Ба шаҳри Хуҷанд рафту дақиқ кард, ки дастандаркорони ин ҳамоиш киҳоянд, то аз онҳо хоҳиш бикунад, барои ширкат. Раҳораҳ аз арвоҳи Фаррухҷонаш узр мепурсид. Бо алам баргҳои хотироташро варақ мезад.

Гулрӯ ҳам замоне бомаълумоту устоди дигарон буд. Обрӯ ва мавқеъ дошт, вале инак марги писар хок ба сараш карда буду сияҳпӯш. Дигар чи кор карданашро намедонист. Охир ӯ Фаррухро ба шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳ раҳнамоӣ сохта, дар симои ӯ мутахассиси забони арабиро медид. Ҳеҷ гоҳе ӯ писарашро чун афсар тасаввур ҳам накарда буд. Фаррух Қаюмов ҳамагӣ ҳафт моҳ пештар ба ҳайси тарҷумон ба ин ниҳод шомил шуда буд. Аз нигоҳи модар ӯ кӯдак буду ҳанӯз таҷрибаи кофие ҳам наандӯхта буду дунёро ҳам нашинохта. Шояд ӯ боре ҳам ба гӯшаи хотир наоварда буд, ки замоне марги шаҳбачаи нимколарӯзгораш модарро ба сад кӯю дар мезанад? Даруни тайёра ба алам ба хотир меовард вай ва дардаш боз боло мегирифт.

Гулрӯ Маҳмадиева, ки дар Тавилдара бо кӯмаки собиқ ҳамкасби писараш афсари мустаъфии амният ҷон ба саломат бурдаву аз дасти яроқбадастон халос шуда буд. Инак дигар аз нигоҳу алфози норозиёнаи баъзе занони воломақом ҳам ҳарос надошт. Ва қатъан бедаъватнома тасмими ширкат ва сухангӯиро дар ин ҳамоиши занон гирифт.

Охир ин ҳамоиш маҳз ҷойи ӯ вориҳо буд ва мебоист вай на пушти дар, балки садри он бошад. Вале мутаассифона, касе масъулияти ширкати ӯро миёни ҳамоиши «Занон барои сулҳу салоҳи Осиё» бар дӯш намегирифт, ба ҷуз худаш.

Баъди қайсарона вориди толор гаштану сухан гуфтанаш дигар таваҷҷӯҳи аксар, хоса занони кишварҳои дигар, ба ин модар буд. Вале он бонувоне, ки сарварии ин ҳамоишро аз Тоҷикистон доштанд, хостори ширкати ӯ набуданд ва хоҳиш карданд, ки ақаллан ба зиёфат (банкет) наояд, то табъи дигаронро бо либосҳои сиёҳаш хира нагардонад. Ӯ бо чашмони пуроб ба Душанбе баргашт. Охир он ҳама нуқлу кабоби болои дастурхони зиёфат дар хонаи худаш пайдо буд, ба ҷуз ҷигарбанди нопайдояш. Дарди ӯро боз ҳам «нафаҳмиданд».

Баъди се соли раҳпоиҳову (зеро ҷасади Фаррухро наёфта буд), ноумедиҳо Гулрӯ муваззаф шуд ба ҳуҷҷате имзо гузорад. Чӣ имзое, чӣ эътирофе, чӣ лаҳзаҳои мудҳише! Дар он хат гуфта мешуд, ки: « Қаюмов Фаррух Абдурасулович фавтида ҳисоб шавад». Модар ба охирин умеди хеш, бо як имзо бо дастони ларзон ва қалбт моломоли фиғон, нуқта гузошт.

– Ман, ки дар он лаҳза худро зинда ҳис карда наметавонистам, ба ин ҳуҷҷат имзо гузоштам ва дарзамон маблағи аз тарафи давлат (маоши 3-солаи Фаррух) ҷудошудаеро, ки бароям дода буданд, ба таъсиси созмоне бо номи «Меҳри модар» масраф кардам. Чанд соли аввал диламро бо он тар мекардам, ки барои аскарбачаҳо ош мепухтам ва хон ороста дар қисмҳои ҳарбӣ, лаҳзае ба хӯрокхӯрии онҳо менигаристаму каме таскин меёфтам. Шояд Фаррухи ман гоҳи қатл шудан гурусна буд? Гулрӯ аз талхии ин гуфта лаб мегазад. Таваққуф мекунад. Боз қиссаи ҷигарсӯзашро идома медиҳад.

- Баъди он ки қариб даҳ сол гузашту қабри писаракам ёфт нашуд, тасмим гирифтам, ки гӯрҳои берун аз гӯристонро обод бикунам. Зеро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ашхоси зиёдеро ҳар ҷое рост омад, зери хок карда буданд. Аз як қабре 3 мурдаро ёфтем, ки якеаш Алан Пухаев, дигаре Нурмаҳмад Салимов буда, сеюмӣ номаълум монд. Баъди чанд сол, боз алами Фаррухи номуродам бо шунидани як овозае маро ба Ёқутистон (Якутия) бурд, вале бенатиҷа дар сармои зимистон пас гаштам. Яхи сардиҳои ин кишвар ҳам оташи дили модарро накушт, сӯзишашро даво набахшид, решашро малҳам нашуд.

Сурати зебои Фаррух доимо чун тумор ҳамроҳи модар аст. Онро сӯям дароз мекунад. Мазмун «бубин, чи писари зебое калон кардаам». Оре, хеле ҷавони зебост, Фаррух. Ҳазор офарин ба ҷони ин зани кӯҳирода, ки месӯзаду дар намегирад. Шояд ӯ борҳо лаҳзаҳои сар задани писарашро тасаввур мекунад? Шояд дар гӯши ӯ садои охирини ҳар як инсони дами марг – «Оча», пайваста садо медиҳанд? Чӣ дили бузурге дошт ӯ, ки то кунун об шуду нарехт? Чӣ нокасонем мо, ки аз ҳисоби ҷони ҷавони фарзанди ӯ баринҳо зиндаву соҳибвазифа ва дорои ҳама чиз гаштаему акнун номашонро шунидан намехоҳем ва оддитарин хоҳишу корашонро сомон накарда, болотар аз он, бо алфози дурушт ба захмашон нохун мезанем? Чӣ хотираи кӯтоҳ дорему чӣ носипосем!

Қатори он сурат аксҳои қабрҳои ободкардаи Гулрӯ Маҳмадиева болои миз рехтаанд. Барномаи обод сохтани хонаи охирати шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз тарафи Гулрӯ ба Кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду сол қабл пешниҳод шуда буд, дастгирӣ ёфта, аввалин гранти Президентиро барои амалӣ кардани он соҳиб гашт. Мақсади ин барнома ва ташкилоти «Меҳри модар» ҳамчунин ҳимояи ҳуқуқии оилаҳои шаҳидони ин ҷанг низ мебошад, ки акнун пайваста амалӣ мешавад.

… Арӯси Фаррух, ки рӯзи тӯйи барпонагаштааш сияҳпӯш монд, ҳафт сол интизорӣ кашид. Модар тӯли чанд сол ҳамаи ярадорони бемористонҳоро бо хӯроки гарму меҳри модарӣ таъмин мекард. Вале умеди охирини модар боз ҳам канда намешуд. Гоҳ-гоҳе сафоратҳои хориҷӣ низ барои ободсозии қабрҳо ба ин ташкилот кӯмак мекарданд…

Капитани амният Фаррух Қаюмов баъди маргаш бо Ордени Спитамен қадр карда шуд. Вале Гулрӯ то ҳол намедонад, ки писараш ин қаҳрамониро чӣ тавр карда буд? Ва… ҳеҷ гоҳ нахоҳад донист.

Ба ёдаш хотироти ҷавонӣ мерасад, ки модари Тӯйчӣ Эрйигитовро дар сари қабри вай дар телевизор дида, духтари он вақтҳо ҳануз ҷавон модарвор мегирист, бидуни андешае, ки фардо худ айнан ҳамин рӯзро аз сар мегузаронад.

- Модари Тӯйчӣ Эрйигитов дар пиронсолӣ аққалан қабри писарашро тавонист бубинад, ба оғӯш бикашад, вале ман не, боз ашк мерезад модар.

Ба Гулрӯ як сарбози собиқи муҷоҳиддин баъдтар гуфтааст, ки Фаррухро додари Ризвон сар бурида, ҷисмашро дар фалон ғор пеши сагон партофтааст. Модар дигар ҳатто умеди пайдо кардани қабри писарро надорад, аз ин рӯ умрашро дар ободсозии гӯрҳои дигарон сарф месозад…

Гулрӯ Маҳмадиева як набераашро Фаррух ном гузоштаву дар он мактабе, ки писараш хатм кардааст, ба таҳсил мондааст. Гӯё ҳамон Қаюмов Фаррух имрӯз мактабхон аст ва фардо калон мегардаду ҷойи амакашро дар сафи фарзандони содиқи Ватан пур мекунад. Акнун дили модаре, ки моломоли меҳри фарзанд аст, як орзу дорад: «Бигузор, ин сулҳу ваҳдате, ки бо талошҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти азизамон ва ақли комили халқи Тоҷикистон ба даст омадааст, абадӣ бошад. То дигар модарон сари пуштаву ёлаҳо гӯри писар накобанду тӯйи фарзандон бубинанд».

Воқеан, агар Гулрӯ, то соли 1996 танҳо модари Фаррух бошад, имрӯз модари тамоми шаҳидони ҷанги бародаркуш аст. Ва ғами мазори онҳо… низ дар қалби пурмеҳри ӯст.

… Мазори Фаррух дар синаи бирёни модар аст, рӯи он на бо хоки хунук, балки бо меҳри гарми модарӣ пӯшонида шудаасту абадӣ чунин мемонад… Даруни он қабрҳои ободнамудаи Гулрӯ Маҳмадиева низ фарзандони Тоҷикистон мадфунанд, ки туфайли «Меҳри модар» ва ин зани ҷигархун аз меҳри модариву русуми мусулмонии аҳли қубур, бенасиб нагаштаанд.
Ҳуриннисо Ализода

P. S. Ин қисса бознашрест, ки чанд сол муқаддам муаллиф навишта буд. Он аз рӯзгори як зани муосири мо, ки ҷанги шаҳрванди даҳшатҳои касношунидро ба сараш овардаву қабри писари азизашро дар дил, дар ҷисму ҷону рӯҳаш то охири умр мегардонад ва он ҳушдорест ба мо, ки ваҳдати миллии мо бо чи қимате ба даст омадаву ҷангу ҷидол чи паёмадҳое дорад. «Ба қадри сулҳу осоиштагӣ бояд расид», аз гӯрҳои сарироҳӣ ва ҷисмҳои хокнагаштаи ҳаммилатони мо ва қалбҳои модарони ҷигарбирёни фарзандгумкардааамон то қиёмат садо хоҳад омад. Садои ҳушдордиҳанда!
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: