Арабистон барои вакилони тоҷик дар Душанбе бинои нави замонавӣ месозад10-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
Арабистони Саудӣ барои намояндагони ду палатаи порлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бинои нави замонавӣ месозад.
Тавре аз Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон хабар доданд, тарҳи "Маҷмааи порлумонӣ" аллакай омода буда, он дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ ва дар ҷойи бинои ҳозираи шаҳрдории Душанбею Вазорати кишоварзӣ бунёд хоҳад шуд. Вале мақомот мегӯянд, сармояи ниҳоии ин тарҳ ҳоло дақиқ нест. Абдулло ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯро ё порлумони Арабистони Саудӣ, ки ба Душанбе ташриф овард, ин масъаларо дар мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори Душанбе баррасӣ кардааст. Ба гуфтаи вай, дар ин замина ҳанӯз моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷараёни сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Риёз мувофиқа шуда буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.