
Мутобиқи нақшаи корӣ раиси кумитаи иҷроия Н.Назаров ва мудири шӯъбаи ташкилӣ А.Охунова аз фаъолияти КИИ минтақаи Овчиқалъча ва ташкилотҳои ибтидоии «Боғпарвар», беморхонаи № 6 ноҳия дидан намуданд. Шиносоӣ ва таҳлилҳо нишон доданд, ки фаъолияти КИИ минтақаи Овчиқалъча (масъул Қаландарова М.) ва ташкилоти ибтидоии «Боғпарвар» (масъул Эргашева М.) дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳуҷҷатгузорӣ, ороиши утоқи ҳизбӣ, фаъолияти аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ ва зудамал, баргузории соатҳои сиёсӣ ба талабот ҷавобгӯ буда, қабул ба сафи ҳизб ва пардохти ҳаққи узвият низ мувофиқи матлаб аст. Бояд тазаккур дод, ки кор дар ташкилоти ибтидоии беморхонаи №6 беҳбудиро тақозо намуда, дар самти ҳуҷҷатгузорӣ, гузаронидани ҷаласаҳои ҳизбӣ ва қабули қарорҳо камбудиву норасоиҳо ба назар расиданд. Баҳри ислоҳи камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуда, то санаи 10 июни сори ҷорӣ мӯҳлат муқаррар гардид.