Туркия сафирашро аз Олмон бозхонд6-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Баъди он ки порлумони поёнии Олмон қатъномаи наслкушии арманиҳоро замони империяи Усмонӣ дар Ҷанги аввали ҷаҳонӣ қабул кард, Туркия сафирашро аз Берлин бозхонд.
Қатъномаи қабулкардаи порлумони Олмон хусусияти рамзӣ дорад. Дар ин ҳуҷҷат гуфта шудааст, ки бояд "аз қатли оми арманиҳо ва намояндагони дигари ақалиятҳои масеҳӣ дар солҳои 1915 ва 1916 ёдоварӣ кард". Дар маҷмуъ, он замон то 1,5 миллион одам кушта шудааст. Анкара пештар аз ин Олмонро огоҳ карда буд, ки қабули қатънома муносибатҳои ду кишварро сард мекунад. Ба вижа, бо ин гуна изҳорот президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон баромад карда буд. Ба иловаи сардшавии муносиботи Туркияву Олмон, натиҷаи раъйдиҳии вакилони олмонӣ метавонад ба созишномаи Иттиҳоди Аврупо бо Анкара дар масъалаи муҳоҷироне, ки талош дорад ба Аврупо ворид шаванд, таъсир гузорад. Туркия қатли оми арманиҳоро комилан рад карда, мегӯяд, садҳо ҳазор арманӣ дар он солҳо аз гуруснагӣ ва пайомадҳои ҷанг ҳалок шудаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.