Хуруҷи бемории зуком дар Россия2-02-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 393 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Маскав 9 ҳазор мактаб ва зиёда аз 1,6 ҳазор боғчаи бачагонаю яслиҳо бо сабаби авҷ гирифтани бемории зуком ва дигар маризиҳои сироятӣ баста шуданд.
Дар охири моҳи январ донишкадаи илмӣ-тадқиқотии назди Вазорати тандурустии Россия хабар дод, ки паҳн шудани бемории зуком дар ҳафтаи охир хеле вусъат ёфтааст. Сардухтури давлатии санитарии Россия Анна Попова иброз дошт, ки дар ҳафтаи охири моҳи январ паҳншавии ин беморӣ тақрибан дар 50 минтақаи Россия ба мушоҳида расид. Номбурда гуфт, ки паҳншавии зуком асосан ба воситаи ҳаво, муоширати байни ҳамдигарии одамон ва ҳайвонот паҳн мегардад. Шифокорони рус мақсад доранд, ки то миёнаҳои моҳи феврал афзоиши ин бемориро паст мекунанд. ©Тағоймурод Орифӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.