Москва: иҷозат медиҳем, нозирони САҲА дар Украина таппонча гиранд6-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 223 нафар
Назарҳо: 0
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия мегӯяд, Москва омодааст, иҷозат диҳад, ки нозирони байналмилалӣ дар шарқи Украина таппонча дошта бошанд.
Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) гуфта буд, мехоҳад барои кафолати баргузории интихоботи маҳаллӣ дар фазои амн ба шарқи Украина пулисҳои нозир бифиристад. Бар асоси қарордоди Минск оид ба ҳалли даргириҳои шарқи Украина, бояд дар ин минтақа интихобот баргузор шавад. Лавров дар суҳбат бо "Вести" гуфт, Русия розӣ аст, ки нозирони САҲА дар минтақаҳои даргир ва маҳалли нигаҳдории лавозимоти ҷангӣ барои муҳофизат аз худ силоҳ - таппонча бигиранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.