МОИ: Қадами устувор дар рушди иқтисоди миллӣ26-05-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 405 нафар
Назарҳо: 0
Давоми 25-соли Истиқлолият роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо, инчунин барои рушди иқтисоди миллӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави муҷаҳҳаз бо техникаву технологияи муосир ва дар ин замина ташкили ҷойҳои корӣ тадбирҳои мушаххас андешиданд. Аз ҷумла, таъсиси Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ин давраи таърихӣ яке аз иқдомҳои бузурги Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, ки имрӯз дар кишвар 4 минтақаи озоди иқтисодӣ кору фаъолият доранд.
Сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф Хайрулло зимни як суҳбати саримизӣ сараввал каме дар бораи таърихи ҷаҳонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки яке аз воситаҳои сиёсати минтақавӣ аз ҷониби давлат муқаррар намудани сохторҳои махсуси ҳуқуқӣ, ташкилотӣ ва иқтисодӣ дар ҳудудҳои махсус аст, ки онро созмон додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ меноманд. Ба ақидаи бархе таҳлилгарон, таърихи ҷаҳонии чунин минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) аз қадимулайём ва ё асрҳои миёна оғоз мегирад. Масалан, соли 1547 шаҳри Ливорнои музофоти итолиёвии Тоскана шаҳри савдои озод эълон шуда буд. Савдогарони ин ҷо ҳуқуқи фурӯши молҳои бидуни андозбандиро пайдо карда буданд. Баъдтар, дар қарни 17 минтақаҳои савдои озод дар бандари итолиёвии Триест ва Шибеники югославӣ, дар қарни 18 дар Гибралтар ва ҳатто Бангкок ташкил шуданд. Дар ин минтақаҳо шароити имтиёзнок барои савдои бидуни боҷсупорӣ созмон дода шуда буданд. Таърихи муосири соҳибкории озод аз охири солҳои 50-уми асри гузашта оғоз мешавад, он замоне, ки ҳукумати Ирландия оид ба дар фурудгоҳи байналмилалии Шэннон, ки дар ғарби ҷазира ҷойгир аст, созмон додани минтақаи савдои озод, ки барои соҳибкорони хориҷӣ сохтани корхонаҳоро иҷозат медод, эълон намуд. Ба шарофати қулай будани ҷойгиршавии нақлиётиву ҷуғрофии фурудгоҳи дар масири ҳавоии трансатлантикӣ воқеъбуда ва ба сармоягузорон додани як қатор имтиёзҳо ин минтақаи озод ба зудӣ машҳур гардид. Чунин минтақаҳои озод махсусан солҳои 70-и қарни гузашта ҳам дар мамлакатҳои мутараққӣ ва ҳам рӯ ба рушд пайдо гардиданд. Оғози солҳои 80-ум МОИ дар кишварҳои собиқи сотсиалистии Аврупои Шарқӣ низ рӯйи кор омаданд. Дар навбати аввал ин минтақаҳое буданд, ки мақсади асосии бунёди онҳо вусъат додани содироти молу хидматрасониҳо ва рушди савдои транзитӣ буданд. Солҳои 80-ум дар Чин оид ба ташкил намудани чор минтақаҳои махсуси иқтисодӣ дар қисми ҷанубу шарқии кишвар қарор қабул гардид: баъдан, ҷазираи Хайнан низ чунин минтақа эълон гардид. Айни замон шумораи умумии чунин минтақаҳои озод дар дунё, тибқи маълумоти гуногун аз чанд сад то ду ҳазорро ташкил медиҳад, ки тавассути онҳо 1/10 ҳиссаи савдои ҷаҳонӣ роҳандозӣ шуда, дар онҳо зиёда аз 3 миллион нафар фаъолият мекунанд. Минтақаҳои озоди кишварҳои ҷаҳон номҳои гуногун дошта, корҳои ба ҳам монанд, аммо то ҳадде фарқкунандаро иҷро мекунанд. Давраи аввали бунёди минтақаи озоди иқтисодӣ дар Русия охирҳои солҳои 80-и қарни гузаштаро ҳисоб кардан мумкин аст, ки дар чаҳорчӯбаи фаъолгардонии сиёсати иқтисодии хориҷӣ тавассути бунёди корхонаҳои муштарак имкониятҳои расман ташкил додани чунин минтақаҳо пайдо гардиданд. Аммо ҳамон вақт ягон лоиҳаи минтақавӣ роҳандозӣ нагардид. Мавсуф дар идомаи суханаш иброз дошт, ки дар кишвари мо Қарори Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17.05.2004. таҳти №24 ба тасвиб расидааст. Бо мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд барои ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ дар Тоҷикистон 4 МОИ («Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим») таъсис дода шудааст. -Бояд зикр кард, ки МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади таъмини шароити мусоид барои суръатбахшии рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои мақсадҳои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, рушди бемайлони иқтисодиёт дар асоси технологияи инноватсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмӯи сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ: густариши истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шудааст. Ҳамсуҳбатам инчунин иброз дошт, ки минтақаҳои мусоиди ҷойгиркунии МОИ, асосан, чун анъана дар мавзеъҳои наздисарҳадӣ, мавзеҳои аз назари мавҷудияти инфрасохтори коммуникатсионӣ ва иҷтимоӣ тараққиёфта ташкил карда шудааст. Пас аз қабул гардидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 05.03.2008 таҳти №103 таъсиси МОИ оғоз гардид. Ҳамон сол Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд» (аз 02.05.2008) таҳти №227 ба тасвиб расид. Мутобиқи банди якуми қарори мазкур дар мавзеи Қарадуми ноҳияи Қумсангир минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо масоҳати умумии 400 гектар ва дар мавзеи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд минтақаи озоди иқтисодии шакли истеҳсолию инноватсионии «Суғд» дар масоҳати 320 гектар замин таъсис ёфтанд. Минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» бошанд, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2009, таҳти №74 таъсис ёфтаанд. Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар ҳудуди ноҳияи Данғара масоҳати умумии 521 гектар ва минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим масоҳати умумии 200,0 гектарро дар бар мегирад. Номбурда мегӯяд тайи солҳои 2011-2015 дар МОИ-и ҷумҳурӣ 63 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» 23, МОИ «Данғара» 27, МОИ «Панҷ» 11 ва МОИ «Ишкошим» 2 субъект. Аз миқдори умумии дар МОИ «Данғара» 3 ширкат фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротӣ воридотиро ба роҳ мондаанд, ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ ва ворид намудани таҷҳизоти техникӣ машғуланд. Рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи субъектҳо барои ворид шудан ба Минтақаҳои озоди иқтисодӣ зиёд шуда истодааст ва ҳар як ширкате, ки барои шомил шудан ба МОИ дархост мекунад, шартҳои худро пешниҳод мекунад ва ба ҳамин тариқ самти фаъолияти худро нишон медиҳад, ки дар оянда чи корҳоро ба сомон расонидан мехоҳанд. Масалан, ҳастанд ширкатҳое, ки дар рафти фаъолияти худ дар МОИ бо сабабҳои гуногун шартҳои пешниҳод намудаашонро иҷро карда наметавонанд, ки дар ин сурат сертификати фаъолияти онҳо дар МОИ бозхонд карда мешавад. Барои мисол то соли 2015 дар МОИ «Суғд» 27 ширкат ба қайд гирифта шуда буд, ки соли равон аз ин миён фаъолияти 2 ширкат дар МОИ-и мазкур қатъ карда шудааст. Маҷидӣ Юсуф Хайрулло иброз дошт, ки ҳар як субъект дар сурати ҷавобгӯ будан ба талаботҳои мавҷуда ба қайд гирифта мешавад. Талабот барои фаъолият дар МОИ пеш аз ҳама дар нав будани техникаву технологияи воридшаванда буда, инчунин ҳаҷми сармоя бояд на камтар аз 500 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил диҳад. Зеро барои фаъолият дар МОИ-и Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ шудааст. Яъне, аз субъектҳои дар МОИ ба қайдгирифта шуда, ба ҷуз аз се намуди андоз-андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва боҷҳои гумрукӣ дигар ягон навъи андоз ситонида намешавад. - Бояд ёдовар шуд, ки то ин давра дар МОИ-и кишвар ба маблағи беш аз 197,3 млн. сомонӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротию воридотӣ, аз ҷумла дар МОИ «Суғд» 194 млн. сомонӣ ва МОИ «Данғара» 3,3 млн. сомонӣ анҷом дода шуд. Молҳои дар МОИ «Суғд» тавлидшуда аллакай ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Қирғизистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Русия содирот мешаванд. Айни ҳол дар МОИ «Данғара» якчанд ширкатҳои азим, лоиҳаҳои сармоягузории беш аз 800 млн. доллари ИМА-ро амалӣ намуда истодаанд, ки мӯҳлати анҷомёбии онҳо то солҳои 2016-2018 мебошад. Шумораи умумии ҷойҳои кори ташкил гардида дар МОИ ба 1674 адад расидааст, ки дар МОИ «Суғд»-400 нафар, МОИ «Данғара»-1197 нафар, дар МОИ «Панҷ»-60 нафар ва дар МОИ «Ишкошим»-17 нафарро ташкил медиҳад. Номбурда фаъолияти имрӯзаи Минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро қонеъкунанда арзёбӣ намуда, гуфт, бо вуҷуди он ки МОИ дар кишвари мо як таҷрибаи нав аст, аммо дар як давраи на чандон тӯлонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида, дар ин муддати кӯтоҳ мунтазам рушд намуда истодааст. Ин аст, ки рӯз аз рӯз таваҷҷуҳи субъектҳо зиёд гардидааст. Аз сӯи дигар, барои рушди бемайлони МОИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешида истодааст. Дар ин давра заминаи ҳуқуқии фаъолияти МОИ аз қабили Қонун дар таҳрири нав «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» Низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ», «Суғд», «Ишкошим», «Данғара» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳо қарор дорад, айни замон корҳо ҷиҳати ҷалби ташкилоти байналмилалӣ институтҳои молиявӣ ва донорҳо ба ҷараёни ташкили МОИ, аз ҷумла ҷиҳати расонидани кӯмакҳои техникию машваратӣ оид ба банақшагирии генералӣ ва сохтмони инфрасохтори замонавии МОИ идома дорад. Маҷиди Юсуф Хайрулло дар поёни суҳбат зикр кард, ки таъсиси МОИ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон кори осон набуд. Зеро барои кишвари мо ин як таҷрибаи нав буд. Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодиро бевосита зери назорати худ гирифтанд ва бо сахтгириву талошҳои бевоситаи Ҷаноби Олӣ ин 4 минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар бораашон ҳарф задем, таъсис ёфтанд. Ин аст, ки аз оғози таъсисёбии минтақаҳои озоди иқтисодӣ то ин давра (2010-2016) бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди инфрасохтори фаъолият ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷа ва нигаҳдорӣ беш аз 32,0 млн. сомонӣ ҷудо гардидааст, ки аз ин ба МОИ «Суғд» – 4,8 млн. солмонӣ, МОИ «Данғара» – 12,8 млн. сомонӣ, МОИ «Панҷ» – 6,8 млн. сомонӣ ва МОИ «Ишкошим» – 7,6 млн. сомонӣ рост меояд, ки ин маблағҳо, асосан барои иҷрои корҳо ба монанди таҳияи лоиҳаҳои сметавӣ, сохтмони бинои дидбонгоҳи гумрукӣ ва ҷиҳозонидани он бо таҷҳизотҳои муҳандисӣ-техникӣ, сохтмони бинои маъмурӣ, сохтмони роҳҳои автомобилгарди ҳудуди минтақа сарф гардидаанд. Ибодуллоҳи ТОҲИР |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.