Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Осорхонаи Рустами Абдураҳим

Осорхонаи Рустами Абдураҳим

27-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 255 нафар
Назарҳо: 0
Осорхонаи Рустами АбдураҳимДар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва фарзандону пайвандони ҳунарманди мумтоз шодравон Рустами Абдураҳим дар маркази шаҳр осорхонаи ин думбуранавози машҳур дари хешро ба рӯйи ҳаводорони ҳунар боз кард.

Маросими ифтитоҳи осорхона бо ҳузури намояндагони илму фарҳанги пойтахт, вилоят ва фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб хотиромон гузашт.

Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Рустам Неъматов ифтитоҳи осорхонаро ҳамчун маркази фарҳангии тарбияи ҷавонон ва ёди фарзанди барӯманди тоҷик Рустами Абдураҳим арзёбӣ намуд.

Меҳмонон зимни суханронии хеш аз Рустами Абдураҳим ҳамчун машшоқи нотакрор, омӯзгори варзида, зиёии пешқадам, шахси поквиҷдону ватандӯст, дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва иродаи қавӣ бо некӣ ёдовар шуданд.

Сипас иштирокдорони ҷамъомад аз осорхона дидан намуда, бо зиндагиномаи Рустами Абдураҳим тавассути нигораҳо ошно шуданд.

Баъдан дар Кохи фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим зери пайкараи шодравон гулчамбар гузошта, озмуни дуторнавозон баргузор гардид.

Зикр шуд, ки ҳамасола бахшида ба зодрӯзи Рустами Абдураҳим дар шаҳри бостонии Кӯлоб бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нави ҳунар, пайравони ин ҳунарманди нотакрор чунин озмун баргузор мегардад. Дар воқеъ оҳангҳои Рустами Абдураҳим саршори меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан, ишқ ва тараннуми зебоиҳои табиатанд.

Он рӯз хотири иштирокчиёни ҷамъомад аз машшоқии набераи шодравон ҳофизаи ҷавону боистеъдод Меҳрнигори Рустам хеле болида гардид. Дар охир ба беҳтарин навозандаҳо, ки дар озмун ширкат доштанд, мукофотҳои хотиравӣ супурда шуд.

Сокинони шаҳри Кӯлоб ифтитоҳи осорхона ва баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангиро ҳамчун шукргузорӣ аз оромии кишвар, ки бевосита бо дастгирию пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷгузорӣ нисбат ба гузаштагон дониста, пуштибонии хешро аз сиёсати пешгирифтаи ин марди шариф иброз медоранд.
А.Ҷӯра
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: