Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Донишкадаи молия ва иқтисод

Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Донишкадаи молия ва иқтисод

26-05-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 259 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили Рӯзи ҷавонон дар Донишкадаи молия ва иқтисод
Бо мақсади иҷрои нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷория Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар Донишкадаи молия ва иқтисод чорабинии фарҳангию фароғати баргузор гардид.

Хайров Шукрулло-муовини ректори Донишкадаи молия ва иқтисод дар ифтитоҳ ҳозиринро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайримкон аст. Аз ин ҷост, ки ҳукумати кишвар барои рушди ҷавонон пайваста наққшаву тадбирҳои манфиатовар тарҳрезӣ мекунад. Яке аз иқдомоти бузурге, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто амалӣ намудаанд, ин дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои давлатӣ, ҳамчунин ҷорӣ кардани квотаи президентӣ барои ҷавонони болаёқат мебошад. Албатта, ин дастгирӣ ҷавононро ҳушдор месозад, ки дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, поквиҷдонӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва зиракии сиёсӣ ба камол расида, ҳамеша дар пайи мукаммал сохтани сатҳи дониши хеш бошанд.

Баъдан ҷонишини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино Азиз Одинаев баромад карда, таҷлили Рӯзи ҷавононро дар арафаи баргузории маъракаи муҳимми сиёсӣ - Раъйпурсии умумихалқӣ фоли нек дониста, ҷавононро ба ташаббускориву созандагӣ даъват намуд ва ба чанде аз устодон-аъзоёни ҲХДТ ва донишҷӯёни фаъол Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-ро супорид. Сипас аз ҷониби донишҷӯдухтарони факултетҳои донишкада озмун таҳти унвони «Гулдухтарони донишкада» доир гардид. Озмун дар чор шарт сурат гирифт, ки аз қироати шеър, тайёр намудани хӯришҳо, ороиши мӯйи сар ва намоиши либосҳои миллӣ иборат буд. Донишҷӯдухтарон ҳунару маҳорати худро ба дараҷаи баланд нишон дода, аз уҳдаи шартҳои гузошташуда ба хубӣ баромаданд. Мадаминова Мавзуна-мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино қайд намуд, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмиллалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар фарҷом ҷавонони Донишкадаро бо Рӯзи ҷавонон табрик ва таҳният намуда, дар симои онҳо ба кулли ҷавонони Тоҷикистон сарбаландӣ, тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва сулҳу оромӣ таманно намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: