Истиқболи ҳизбиён аз Рӯзи ҷавонон25-05-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб дар доираи нақшаи чорабиниҳои 25-ҳафтаи иқдомҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки беш аз 550 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҳизбиён сурудҳо бо номи «Тоҷикистон», «Истиқлолият», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Бахтнома» ва иҷрои рақс аз тарафи ансамбли рақсии «Садбарг»-и шаҳри Кӯлоб манзури аҳли толор гардонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.