Ҷавонон дӯстдори парчами миллӣ25-05-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 267 нафар
Назарҳо: 0
Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷаъмиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар доираи нақша-чорабиниҳои 25 ҳафтаи иқдомҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷавонон аксия таҳти унвони «Парчами миллӣ – ифтихори ман!» бо иштироки беш аз 500 нафар ҷавонон дар маркази шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки ба ин васила диққати оммаи васеи мардумро ба худ ҷалб намуданд.
Мақсад аз баргузории аксия ин эҳтиром нисбат ба парчаму парчамдорӣ, ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва ҷавонон муҳофизи дастовардҳои 25 соли даврони соҳибистиқлолӣ баргузор гардид. Пас аз анҷоми аксия ҷавонон дар барномаи консертии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Коллеҷи санъат»-и шаҳри Кӯлоб ба номи Короматулло Қурбонов, ки дар толори театри вилоятии мусиқи мазҳакаи ба номи Сайдалї Вализодаи ш. Кӯлоб баргузор гардид, иштирок намуданд. Дар идомаи чорабинӣ сурудҳо дар васфи ватану ватандорӣ, бахтнома, ваҳдат ва дигар бахшҳо аз тарафи донишҷӯёни коллеҷи мазкур манзури аҳли толор гардонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.