Токаев: ихроҷи нерӯҳо кумак ба ҳалли қазияи Сурия аст19-03-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 306 нафар
Назарҳо: 0
Раиси сенати порлумони Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев аз ихроҷи нерӯҳои ҳавоии Русия аз Сурия истиқбол кард. “Тасмими Кремл барои берун овардани нерӯҳои ҳавоӣ ва қатъи амалиёти ҷангӣ дар Сурия заминаи хуберо барои оташбаси воқеӣ ва раванди сулҳ фароҳам мекунад”, - гуфта шудааст дар пайёми Токаев, ки мирӯз дар Twitter-аш нашр шуд.
Президенти Русия Владимир Путин фармон дод, аз 15-уми март нерӯҳо аз Сурия бароварда шаванд. Ин фармонро вай рӯзи душанбеи 14 март замоне содир кард, ки дар Женева гуфтушуниди сулҳи ҷонибҳои Сурия оғоз шуд. Путин гуфт, низомиён дар маҷмӯъ ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо иҷро карданд ва изҳори умедворӣ кард, ки ихроҷи нерӯҳо барои ҳалли сиёсии ин низоъ мусоидат мекунад. Ба гуфтаи Путин, пойгоҳҳои Русия дар Тартус ва Хмеймим ба гунаи пешина фаъолият мекунанд, навиштааст хабаргузории русии “Интерфакс”. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, ки президенти Сурия Башор Асод бо тасмими Путин розӣ аст. Русия аз 30-уми сентябри соли гузашта амалиёти ҳавоиро дар Сурия оғоз карда буд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.