Фарқият дар эътиқод ва ваҳдати Ватан7-04-2016, 16:10
Хабарро хонданд: 683 нафар
Назарҳо: 0
Хусусияти динҳои ҷаҳонӣ ин аст, ки пайравони онҳо, наздикии маънавии худро бо ҳамдинон дарк намуда, айни замон дар кишварҳои аз нигоҳи фарҳангиву тамаддунӣ мухталиф ба сар мебаранд. Чунин ҳол акнун зиёда аз 2 ҳазор сол бо насрониён ва анқариб 14 қарн бо мусулмонҳо рух медиҳад. Далелҳои таърихӣ, алалхусус дар он ҳолат, ки агар ҳамчун бурҳон дар сиёсат истифода шаванд, бисёр вақт устуравӣ гардида, дар мавриди зиёд муғризона таҳриф низ карда мешаванд. Бо оғози «сиёсишавӣ»-и ислом ва қувват гирифтани муқобалаи намояндагони сарсахти он бо тамаддуни «миллиарди тиллоӣ» (кишварҳои пешрафтатарини олам. Мутарҷим) таърихи муносиботи насрониёну мусулмонон аз ҷониби гурӯҳҳои муайян ба таври ғаразнок истифода бурда мешавад.
Бо дини Ислом дар Русия на дар замони Ӯрдаи Тиллоӣ шинос шудаанд (чун одатан ҳисоб мешавад), балки ин хеле пештар рӯйи кор омада буд: пайравони ин оин, ҳамсояҳои наздиктарини русҳо-булғориҳои Волга ҳанӯз қарни 10 мусулмон шуда буданд. Дар хусуси тоҷирони тоҷик аз Мовароуннаҳр бояд қайд кард, ки онҳо ҳанӯз хеле пеш аз таъмид (қабул кардани насроният)-и давлати Рус аз ҷониби Княз Владимир меҳмонони доимии шаҳрҳои русӣ аз Рязан то Галич буданд. Шаҳодати тиҷорати фаъолонаи онҳо шумораи он қадар зиёди дирҳамҳои сомонӣ ҳастанд, ки такя бар ин далели раднопазир таърихнигорон қотеъона нисбати асъори тоҷикӣ ҳамчун асоси сохтори молиявии Руси Киевӣ дар қарнҳои 10-11 ҳарф мезананд! Хуб, муносиботи насрониёни православӣ бо мусулмонон дар ҳудуди Русия тӯли тамоми таърихи мавҷудияти ин давлат чи гуна будааст? Хати сабз дар парчами империя Қисми зиёди мусулмонон баъд аз фурӯпошии Ӯрдаи Тиллоӣ авохири қарни 15 дар ҳайати Русия қарор гирифтанд, аммо ҳанӯз як қарн пеш аз ин миёни аҳолии православии Руси Ҷанубӣ маскангоҳҳои калони тоторҳо-муҳоҷирони сиёсие, ки ҳангоми мубориза барои қудрат дар ватанашон ноком шуданд, пайдо гардиданд. Онҳо ба ин ҷо аз Қазон, Аштархон (Астрахань), Сибири Ғарбӣ ва Қрим фирор намуда, дар шаҳри Касимов ва атрофи он сокин мешуданд. Тоторҳои касимовӣ («қосимовӣ»), ки пайрави равияи суннии дини ислом буданд, дар қарнҳои 15-17 дар хидмати давлати Москва қарор гирифта, бисёр маврид вазифаҳои баландро дар маъмурият ва артиш ишғол мекарданд. Баъд аз фурӯпошии Ӯрдаи Тиллоӣ ва сипас барҳам хӯрдани хонигариҳои Қазону Аштархон қисми зиёди элитаи тоторӣ бо ашрофияти русӣ омехта, соҳиби унвонҳову мансабҳои баланд гардид ва дар ҳамроҳ кардани Сибир, Шарқи Дур ва Кавказ ба ҳайати кишвари Рус фаъолона иштирок намуд. Қарнҳои 16-18 миёни ашрофияти рус қишри чашмраси ашрофони пайдоиши кабардинӣ, черкесӣ, нӯғайӣ ва озаридошта пайдо гардиданд. Дар натиҷа охири қарни 18 аҳолии мусулмони Русия даҳ фоизи шумораи умумии тамоми аҳолиро ташкил медод. Маҳз ҳамон вақт аз ҷониби ҳукумати кишвар як қатор қарорҳо қабул гардиданд, ки асоси сиёсати мазҳабии давлат нисбати оини ислом шуданд. Ин ҳолат дар соли 1767 баъд аз сафари императорзан Екатеринаи 2 ба Қазон рух дод, ҳангоме ки ӯ тамоми маҳдудиятҳои пешинро дар самти сохтани масҷидҳои сангин ва иншооти ҷамъиятии мусулмониро барҳам зад, Ҳамчунин таҳаммулпазирии миёнимазҳабӣ аз қарори таърихии Екатеринаи 2 «Оиди таҳаммулпазирии тамоми оинҳо», ки соли 1773 қабул шудааст, обишхӯр мегирад. Аз ҳисоби давлат якчанд теъдоди нашри Қуръон ба роҳ монда шуда, ба имом-хатибони масҷидҳо додани маоши ҳармоҳаи давлатӣ муайян гардид. Соли 1788 бо фармони Екатеринаи 2 аввалин ташкилоти расмии мусулмонони Русия-«Шӯрои Оренбургии рӯҳонии мусулмонӣ» таъсис дода шуд. Вазифаи расмии сарвари мусалмонҳои Русия-муфтӣ созмон дода шуд, ки баъди интихоби ҷамъияти мусулмонии кишвар аз ҷониби император таъин карда мешуд. Қисми зиёди муфтиҳо, ёварони онҳо ва ҳиссаи ғолиби муллоҳои қаторӣ аз миёни «тоторҳои қазонӣ» интихоб мешуданд. Макони Шӯро шаҳри Уфа буд. Илова бояд намуд, ки ҳанӯз санаи 22 феврали соли 1764 Екатеринаи 2 қарори Сенат оид ба «Ба тамоми князҳо ва мирзоҳои Тоторӣ фароҳам овардани имконияти истифода бурдани тамоми имтиёзҳои ашрофияти Русия»-ро имзо кард, ки он тамоми ашрофият (аристократия)-и русиягиро, нигоҳ накарда ба мансубияти милливу динӣ, дар ҳуқуқҳо баробар намуд. Дар ҳуҷҷат, аз ҷумла, ба ин маъно зикр гардидааст: «Хоҳиши мо ин аст, ки ҳар кас, новобаста аз пайдоиш ва эътиқод, бояд аз имтиёзҳое бархӯрдор бошад, ки ин ҳуқуқро аҷдоди номвар ва хидматҳои шоистаи шахсиаш муҳайё сохтаанд». Шаҳидони содиқи Русия Дар ҳайати давлати Москва, ҳанӯз то ҳамроҳ намудани хонигарии Қазон дар соли 1552, қишри чашмраси низомиёни мусулмон дар симои тоторҳои касимовӣ, ки ба хидмати ҳокимони маскавӣ дар қарни 15 гузашта буданд, қарор доштанд. Аз ҳамон замон давлати Рус пайваста ва бо шумораи мунтазам зиёдшаванда соҳиби табааи мусулмон аз Поволжйеи Миёна ва Поёнӣ, Сибири Ғарбӣ, Кавказ ва Осиёи Миёна мегардид. Ҳукуматдорони рус ҳеҷ гоҳ нисбати фоизи таносуби раияти мусулмонии давлат нисбат ба шумораи умумии аҳолӣ хавф надоштанд ва тамоми ранҷҳои меҳнату хидмати ҳарбиро миёни аҳолӣ баробар тақсим мекарданд. Қисмҳои низомии тоториву бошқирдӣ иштирокчии бевоситаи тамоми он ҷангҳову муноқишаҳои ҳарбие буданд, ки Русия, оғоз карда аз қарни 16, дар онҳо ширкат дошт. Ҳангоми ҷанги солҳои 1812-15 алайҳи Наполеон якчанд полки мусалмонӣ аз Урал меҷангиданд-камонварони бошқирдӣ бо ҳамлаҳои ногаҳониву шабохунҳои барқосо ҳароси фаронсавиҳоро меоварданд, ки муқобили ин ҷанговарони моҳир коре карда наметавонистанд. Дар оғози Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ дар ҳайати артиши рус афсарони мусулмон наздики 10 фоиз (4002 нафар аз шумораи умумии 40590 нафар)-ро ташкил медоданд. Миёни роҳбарияти олии артиш 30 нафар генерал буданд, ки пайдоиши тоторӣ, кавказӣ, озарӣ ва осиёимиёнагӣ доштанд. Унвонҳои генералиро хонҳои Хева ва Бухоро соҳиб буданд. Бояд хотирнишон намуд, ки хони Бухоро Саид Олимхон (охирин амири сулолаи манғитиён. Мутарҷим), чун падараш-Саид Абдулаҳад-маълумоти касбии ҳарбиро дар корпуси кадетии Николаевӣ дар Петербург гирифтааст. Амир Абдулаҳад сарпарасти полки 5-уми казакии Оренбург буд ва пайваста дар омӯзишҳои ҳарбӣ иштирок карда, доимо ба навгониҳои техникаву аслиҳот мароқ зоҳир мекард. Соли 1905, ҳангоме ки дар Русия маъракаи ҷамъ овардани маблағ барои барқарорсозии флоти русӣ, ки дар набарди Тсусима (ҷанги Русияву Ҷопон. Мутарҷим) осеб дида буд, оғоз гардид, амир миллион рубл бо тилло хайр намуд. Ин маблағ барои сохтани киштии ҳарбии минакаш равона гардид, ки он номи «Амири Бухоро» («Эмир Бухарский»)-ро гирифт. Киштӣ ба ҳайати флоти Балтика ворид шуда, сараввал дар Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, баъдан дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-20 дар Русия иштирок кард. Ин ҷо бояд зикр намуд монархист (тарафдорони низоми шоҳигарӣ. Тарҷумон)-и рус, ки кӯшиши барқарор сохтани ҳукумати шоҳиро доштанд, дар муборизаи хеш маҳз ба қисмҳои низомии кавказиҳо ва тоторҳои Қрим такя мекарданд, чун танҳо онҳо ба савганде, ки ба шоҳ дода буданд, содиқ монданд! Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-45 низ дар партави иштироки мусулмонҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар мубориза алайҳи душмани умумӣ истисно нашуд-танҳо аз Тоҷикистон, тибқи маълумоти гуногун, аз 190 то 230 ҳазор сокинонаш ба ҷабҳа сафарбар гардида, аз ин шумора 98 ҳазор нафар ҷони худро дар ҳифзи Ватан нисор карданд. Албатта, на ҳамаи онҳо мусулмон буданд, аммо тоҷикон ва ӯзбекон қисми ғолиби ин қурбоншудагонро ташкил доданд. Барои онҳо ин ҷанг чи гуна буд ва чӣ маъние дошт? Тибқи назари «эҳёгарони миллӣ», ин ҷанг кӯшишхонаи бузурги ҷаҳоние буд, ки «мусулмонҳои бадбахт»-ро хӯҷаинони истилогарашон зери «санги осиёб»-и марговари он андохта буданд. Марокашиҳо ва алҷазоириҳоро ба «гӯштқимакунак»-и ҷанг фаронсавиҳо, ҳиндуҳо ва сенегалиҳоро-англисҳо, тоҷику ӯзбек ва тоторҳоро-русҳо тела додаанд. Мустамликадорони сафедпӯст миёни худ муноқиша мекарданд ва қурбони ин муноқишаҳои онҳо осиёиву африқоиҳои бадбахт мешуданд. Одатан, бурҳонҳо нисбати ин ки чи гуна бадбахтиҳо метавонистанд сари мусулмонҳо дар сурати ғалабаи фашизм фурӯ бирезанд, аз ҷониби чунин ашхос нодида гирифта мешавад, чун санҷидани ин (хушбахтона) ба ҳар сурат ғайриимкон аст. Аммо ба олами тахайюлот ворид шудан корест осон… Вале агар бе истифода бурдан аз тахайюлот, такя ба далелҳо ҳарф занем, пас метавон ба хотир овард, ки мусулмонони шӯравӣ барои ягон мустамлика на, балки баҳри ҳифзи Ватани Умумӣ меҷангиданд-чун дар оғози соли 1941 нисбати ҳукумати пешинаи амириву хонӣ дар Осиёи Миёна на беш одамоне орзу мекарданд, ки дар Русия нисбати Врангел ва Колчак. На, албатта элитаҳои пешинаи аз ҳукумат барканоршуда дар қалби хеш нисбати сохти нав дудаи кинаву адоват мепарвариданд, аммо қисми ғолиби аҳолии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистону Қазоқистони шӯравӣ Рейхи Саввум (Олмони фашистӣ)-ро самимона ҳамчун таҷовузгаре қабул мекарданд, ки дар мубориза алайҳи он метавон ҷони худро қурбон намуд. Мусулмон-саворагон (кавалеристон) аз Тоҷикистон солҳои 1941-42 дар майдонҳои набарди Можайск ва Ржев, ҳифзи ағбаҳои Кавказ аз «супермен»-ҳои бригадаи махсуси олмонии «Эделвейс» ҷасорат ва маҳорату малакаи баланди ҷангии худро нишон доданд. Ҷанговарони тоҷик соли 1942 як ҳафтаи пурра танкҳои генерали машҳури олмонӣ Манштейнро дар наздикии Котелниково боздоштанд ва бо ин корнамоии хеш ба артиши шӯравӣ имкон доданд, ки ҷойгоҳи худро мустаҳкам намоянд ва дар натиҷа 22 дивизияи олмонӣ дар Сталинград муҳосира ва нест карда шуд. Магар ин афроде, ки дар ҷангалҳои назди Ржев ва дашти паҳновари барфпӯши Оқсой абадан хуфтаанд, шаҳид маҳсуб мегарданд? Ба маънои маҳдуд, «шаҳид» он ҷанговаре маҳсуб мегардад, ки дар мубориза алайҳи кофирон ҷони худро аз даст додааст. Аммо агар мантиқан мулоҳизаронӣ намуд, фашистони олмонӣ, ки омезиши аҷиби оинҳои эҳёгардидаи пешин (язычество, бутпарастӣ) ва ҳарзаи симиё (оккультизм)-ро пайравӣ мекарданд, дар симои хеш маҳз чунин кофиронро таҷассум мекарданд ва онҳоро ба ҳеҷ вақт ба «аҳли Китоб»-насрониён, яҳудиён ва зардуштиён наметавон нисбат дод. Аз нигоҳи ман, дар ин лаҳзаҳои эҳёшавии фарҳангу таърихи миллӣ ин масъаларо набояд бе диққат монд - ҷанговарони мусулмон, ки дар набардгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ кушта гардидаанд, бояд дар хотираи таърихии ҳамдинонашон мақоми заруриро доро бошанд (яъне, ин фавтидагон бояд ҳамчун «шаҳид» қабул гарданд. Мутарҷим)! Таърих чунин мудирият кардааст, ки пайравони адёни гуногун дар кишварҳои мухталиф дар ҳамзистӣ бо ҳам қарор доранд. Русияи таърихӣ (Рус-Империяи Русия-Иттиҳоди Шӯравӣ-Федератсияи Русия)-намунаи нодири кишварест, ки насрониён ва мусулмонон на танҳо тавъам бо ҳам осоишта ба сар мебаранд, балки дар ҳамдастӣ Ватани ягонаи худро бунёд ва ҳифз мекунанд. Виктор Дубовитский, доктори илмҳои таърих Мутарҷим Азамат Дӯстов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.