Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шарқшиносони низомипӯш

Шарқшиносони низомипӯш

15-02-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 354 нафар
Назарҳо: 0
Шарқшиносони низомипӯшМиёни даҳҳо тадқиқотчӣ-аъзои Ҷамъияти Географии Рус, ки охири қарни 19-аввали садаи 20 дар ҳудуди Кӯҳистони Бадахшон ва Помир буданд, махсусан саҳми низомиёни артиши рус назаррас аст. Маҳз мушоҳидаҳову қайдҳои онҳо, ки ҳангоми амалиёти ҷангӣ, таҳқиқи маҳал (рекогносцировка) ва сафарҳои хидматӣ рӯйи кор омаданд, аввалин маълумотро оид ба ҷуғрофия ва иқлим, мардумшиносӣ (этнография) ва таърихи мардумони маскуни ин минтақаро дастраси омма гардониданд.

Худи моҳияти фаъолияти афсарони артиши рус омӯзиши дақиқи ҳар як минтақаро, ки таҳти назари фармондеҳии артиш буд, тақозо менамуд-ин минтақаҳо ҳамчун пойгоҳи ақибгоҳии артиш ва ё саҳнаи эҳтимолии амалиёти ҷангӣ маънидод карда мешуданд. Ҳар ду ин фаҳмиш зарурияти донистани хусусияти ҷуғрофӣ, роҳҳои нақлиёт, иқлим, иқтисодиёт ва мардумшиносии маҳал (азҷумла назардошт ва омӯзиши эътиқодоти динӣ ва дидгоҳи сиёсии сокинон)-ро талаб мекард. Ҳамаи ин маълумоти бадастомада дар шакли тафсирҳои махсус аз ҷониби ситоди Округи ҳарбии Туркистон дар Тошканд ва ё Ситоди Генералии артиши рус дар Санкт-Петербург нашр мешуданд.

Чунин тадқиқот хусусан баъди ташкил намудани шуъбаи туркистонии Ҷамъияти Географии Рус (ТОРГО) дар соли 1897 авҷ гирифт. Тӯли тамоми фаъолияти ин ҷамъият аъзои он даҳҳо афсарон буданд, ки тадқиқоту мушоҳидаҳои худро ҳам дар ахбори ҳамасолаи ТОРГО ва ҳам дар шакли китобҳои алоҳида чоп мекарданд.

Дар ин тафсирҳои самти кишваршиносӣ дошта маълумоти мукаммал оид ба тавсифи ҷуғрофӣ ва топографии маҳал, иқтисодиёт, таърих ва мардумшиносии минтақа ҷамъоварӣ шудаанд. Қабл аз ҳама, дар қатори чунин корҳо бояд шарҳи ҳарбӣ-стратегии ҳудуди Бухорои Шарқиро номбар намуд, ки аз ҷониби гурӯҳи афсарон таҳти роҳбарии Н.Н.Юденич соли 1897 омода шудааст, ки он маълумоти васеъ оид ба маданияти моддии аҳолии маҳалро дар бар гирифтааст. Ҳамчунин, шарҳи низомӣ-стратегии Бухорои Шарқиро зикр намудан лозим аст, ки подполковники артиш А.Е.Снесарев дар натиҷаи корҳои таҳқиқии минтақа дар соли 1904 омода намудааст. Дар он тафсири васеи минтақаи ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, вазъи роҳҳои нақлиётӣ, иқлим ва дигар маълумоти зарурӣ барои пешрафт ва амалиёти артиш дар ҳолати сар задани моҷарои эҳтимолӣ дода шудааст. Диққати махсус дар он оид ба омӯзиши аҳолии Бухорои Шарқӣ дода шуда, муаллиф менигорад, ки қисми ғолиби он тоҷикон мебошанд. А.Е.Снесарев менависад: «Тоҷикон мардуми бумӣ буда, узбекҳо ва қарақирғизҳо (қирғизҳо) дар ҳолати аз тарзи зисти бодиянишинӣ баромадан қарор доранд-дар баъзе ҷойҳо мо гурӯҳҳои акнун муқимишудаи ин халқиятҳоро мушоҳида намудем, дар бархе минтақаҳои дигар онҳо пурра тарзи ҳаёти кӯчиро ба сар мебаранд». Оид ба таносуб ва зисти аҳолии тоҷик муаллиф ишора мекунад, ки аҳолии ҳудуди Дарвоз тамоман аз тоҷикон иборат буда, дар бекигариҳои Балҷувону Кӯлоб намояндагони ин миллат ду сеяки аҳолиро ташкил мекунанд. Ин маълумот зимни тадқиқоти мардумшиносӣ, ки ду даҳсола баъд аз ҷониби Комиссия оид ба тақсимоти милливу ҳудудии Осиёи Миёна доир гардид, саҳеҳияти худро нишон дод.

А.Е.Снесарев дар масоили забоншиносии аҳолии минтақа забонҳои мардумони Помирро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба ба таври васеъ паҳншавӣ ва истифодабарии умумии забони тоҷикӣ (форсӣ) баҳои одилона додааст. Дар омӯзиши мардумшиносии Кӯҳистони Бадахшон маводи илмии ӯ таҳти унвони «Ақоиди динӣ ва урфу одатҳои кӯҳистониёни Помири Ғарбӣ» нақши боризро дорост. Дар он муаллиф хусусияти мазҳаби исмоилӣ, муносибати аҳолии исмоилии Кӯҳистони Бадахшон бо мардумони суннимазҳаби Бухорои Шарқӣ ва Афғонистон, ҳамчунин хусусиятҳои маданияти моддии шуғнониҳо, вахониҳо ва дарвозиҳо, такя бар дурдастии ҷуғрофии ин минтақаро ба таври васеъ рӯйи коғаз овардааст.

Оид ба нақши А.Е.Снесарев дар соҳаи мардумшиносии маҳал сухан ронда, ин ҷо бояд саҳми калони ҳарбиёни рус, пеш аз ҳама афсарони отряди Помирро, ки бисёри онҳо аъзои ТОРГО (шуъбаи туркистонии Ҷамъияти Географии Рус) буданд, дар омӯзиши ҷуғрофия, геологияи минтақа, ҳамчунин таърих ва маданияти халқи тоҷик низ қайд намуд. Аз миёни онҳо, дар навбати аввал мебояд штабс-капитан Б.Л.Грамбчевскийро зикр кард, ки ӯ солҳои 1880-ум як қатор сафар (экспедитсияҳо)-ро ба сарҳадҳои Помиру Ҳиндукуш анҷом дода буд. Солҳои 1889-90 капитан Грамбчевский сафареро фаросӯи Ҳиндукуш ҳамроҳи 7 казак ва роҳбаладони маҳаллӣ доир намуд. Аз сабаби ноамнии вазъи сиёсии Афғонистон гурӯҳи ӯ натавонист ба он сӯи Ҳиндукуш, ба «кишвари сиёҳпӯшон» (Кофиристон) роҳ пайдо кунад. Экспедитсия Дарвоз, Рӯшон, Шуғнон, Помири Шарқӣ, Раскем, болооби дарёи Қаротош, Қошғари Ҷанубӣ-Ёрканд, Хутан ва Полу, Сарикӯлро мавриди таҳкиқи илмӣ қарор дод. Соли 1891 Б.Л.Грамбчевский дар саёҳати генерал-губернатори Туркистон А.Б.Вревский ба Помир иштирок намуд, ки ин чорабинӣ маънои оғози гузаштани Бадахшон таҳти назорати Русияро дошт. Ҳамчунин капитан Б.Л.Грамбчевский соли 1892 дар юриши полковник М.Е.Ионов ба Помир ширкат варзид.

Дар самти таҳқиқоти минтақаи Помир саҳми полковник В.Н.Зайтсев-аввалин сардори отряди Помири Шарқӣ низ назаррас аст. В.Н.Зайтсев на танҳо ҳифзи сарҳадотро ташкил намуд, балки чорабиниҳоро баҳри рушди иқтисодиёти Кӯҳистони Бадахшон доир намуда, нахустин кишти зироатҳои донагиву полезиро бо мақсади мутобиқ намудан дар маҳал роҳандозӣ намуд. Тобистони соли 1894 аз ҷониби полковник Зайтсев пойгоҳи нави отряди Помир- деҳаи Чим, дар соҳили дарёи Панҷ интихоб шуд, ки он ҳоло шаҳри Хоруғ-маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон аст.

Монанд ба тафсирҳои кишваршиносие, чун «Бухорои Шарқӣ»-и А.Е.Снесарев асари капитан А.Косиненко аст, ки дар натиҷаи сафараш дар соли 1909 омода намудааст. Дар қатори тафсири физикӣ-ҷуғрофии маҳал, конҳои маъданҳои фоиданок, олами набототу ҳайвонот ва роҳҳои нақлиётӣ муаллиф тафсири мухтасари ҷойгиршавии аҳолии тоҷику қирғизро дар Помир ва Кӯҳистони Бадахшон, хусусиятҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии исмоилиён ва маълумот оид ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолии минтақаҳои мухталифи Бухорои Шарқиро овардааст.

Асарҳои подполковники Корпуси алоҳидаи муҳофизати сарҳадии Русия (ОКПСР) Д.Н.Логофет, ки солиёни зиёд дар Осиёи Миёна адои хизмат намуда, фаъолона бо Ҷамъияти Географии Рус ҳамкорӣ дошт, ҷолиби диққат мебошанд. Онҳо асосан характери иҷтимоӣ дошта, маълумоти ғанӣ оид ба таърих, мардумшиносӣ, вазъи сиёсии вилояти Пасикаспий (Туркманистон) ва минтақаҳои ҷанубии Узбекистону Тоҷикистонро дар бар мегиранд. Ба Д.Н.Логофет мушоҳидаҳои васеъ, аммо то ба охир умуминагардонидашудаи мардумшиносӣ дар ҳудудҳои бекигариҳои Ҳисор, Кӯлоб, Қабодиён ва Қӯрғонтеппа тааллуқ доранд. Онҳо асосан характери қайдҳои сафарӣ доранд. Набудани маълумоти махсуси шарқшиносӣ ва надонистани забонҳои маҳаллӣ ба Д.Н.Логофет имкон надоданд, ки мушоҳидаҳои амиқ дар самти таъриху мардумшиносӣ гузаронад, ки дар натиҷа дар ин ҷода ба баъзе иштибоҳот оварда расонид.

Таваҷҷӯҳи зиёдро маълумоти оморӣ оид ба ҷойгиршавии аҳолӣ дар Бухорои Шарқӣ ва масоҳати нуқтаҳои аҳолинишин ҷалб мекунад. Д.Н.Логофет ишора мекунад, ки «камаҳолитарин (дар Бухорои Шарқӣ-В.Д.) мавзеъ бекигариҳои Бухорои Шарқӣ ҳастанд, ки ҷойи аввалро аз рӯйи шумораи аҳолӣ бекигариҳои Қаротегин, Кӯлоб ва Балҷувон ишғол мекунанд. Камаҳолитарин минтақаҳо бекигариҳои Дарвоз, Қӯрғонтеппа ва Қабодиён мебошанд»

Нисбати масоили маданияти моддии сокинони Бухорои Шарқӣ дахл намуда, Д.Н.Логофет оид ба иншооти истеҳкомии бекигариҳои Ҳисор ва Қаротегин махсус қайд мекунад. Қалъаҳои Ҳисор ва Регарро тавсиф намуда, ӯ ишора мекунад, ки ин истеҳкомоте ҳастанд, ки аз деворҳои гилин ва бо дидбонгоҳҳои посбонӣ аз хишти пухта сохта шудаанд. Ғайр аз ин, муаллиф оид ба деворҳои иловагии истеҳкомие, ки қисми Ҳисорро иҳота кардаанд ва чор дидбонгоҳи гилине, ки дар як хат сохта шудаву шаҳри Ҳисорро аз шарқ назорат мекарданд, қайд кардааст.

Д.Н.Логофет, чун бисёри муаллифони охири қарни 19-оғози қарни 20 тавсифи меъморӣ ва усулҳои сохтмониро дар шакли мушоҳидаҳои алоҳида ба қалам додааст-ҷойгиршавии ҷуғрофии нуқтаҳои аҳолинишин, симои зоҳирии иншоот, нақшаи дохилии онҳо ва ашёи сохтмонии истифодашуда қайд карда шудаанд. Масалан, ӯ, ки ҳангоми сафараш дар соли 1907 шоҳиди зилзилаи Қаротоғ шуда буд, махсус дар масоили ба зилзила тобовар будани иншооти маҳаллӣ, беназмии сохтмони нуқтаҳои аҳолинишин, заиф будани конструксия (таркиб)-ҳои чӯбини манзилҳо қайд намудааст, ки ҳангоми ларзиши замин ба фурӯ рехтани бомҳои гилин ва ба қурбониёни зиёд оварда мерасонд. Дар айни замон, Д.Н.Логофет дар масъалаи ба зилзила тобовар будани манзилу дигар иншоотро дар Қаротегин ишора мекунад: «Ба истиснои охириҳо (қирғизҳо-В.Д.), ки дар юртаҳои намадин зиндагӣ мекунанд, тамоми аҳолии бекигарӣ дар манзилҳои гилини махсус сохташуда бо деворҳои ғафсиаш 2 аршин (андозаи дарозӣ-71 см. Мутарҷим)-ии пасту боқуввате, ки ба муқобили барфи зиёд ва зилзила истодагарӣ карда метавонанд, ба сар мебаранд»

Дар хусуси натиҷаҳои омӯзишии этнография (мардумшиносӣ)-и халқи тоҷик аз ҷониби шуъбаи туркистонии Ҷамъияти Географии Рус (ТОРГО) дар солҳои 1897-1917 сухан ронда, бояд қайд намуд, ки дар ин давра танҳо як тадқиқоте нашр шуд, ки пурра инъикоси фундаметали (бунёдӣ)-и ин масъаларо дар бар мегирад. Муаллифи ин тадқиқот А.П.Шишов-духтури калони баталёни 1-уми тирандозии Туркистонӣ аст, ки мавсуф тӯли хидмати бисёрсолааш дар Осиёи Миёна ба омӯзиши этнографияи аҳолии тоҷик ва ӯзбек машғул буд. Бояд қайд кард, ки тадқиқоти мазкур ба ҳайси як рисолаи умумигардонишудаи калон оид ба мардумшиносӣ (этнография) ва антропология (қиёфашиносӣ)-и халқи тоҷик пешбинӣ шуда буд. Ҳангоми омода сохтани қисми аввал (этнографӣ)-и он муаллиф ҳам аз маводҳои мушоҳидавии худ ва ҳам аз маводҳои зиёди тадқиқотчиёни дигари рус ва хориҷӣ (асосан муаллифони англис) оид ба тоҷикони Афғонистон, Эрон ва Қошғар (Чин) истифода бурдааст. Аммо, мутаассифона, рисолаи А.П.Шишов дар қисмати антропологии он то ба анҷом нарасид. Тақдири маводҳои барои ӯ ҷамъоварда, ки барои илми муосир аҳамияти бузург доранд, номаълум аст.

Миёни афсарони артиши рус ва қушунҳои сарҳадӣ, ки аъзои Ҷамъияти Географии Рус ва шуъбаи туркистонии он буданд, бояд И.Д.Ягеллоро махсусан қайд кард, ки мавсуф ҳангоми сардори отряди Помир буданаш дар самти этнография ва забоншиносии тоҷикони шуғнонӣ ва вахонӣ солҳои 1914-17 фаъолона кор бурдааст. Ҳамчунин, саҳми капитан Н.Туманович дар омӯзиши этнография ва забоншиносии шуғнониҳо калон аст.

Саҳми ҳарбиёни руси охири қарни 19-аввали 20 дар тадқиқоти Тоҷикистон бузург ва гуногуншакл аст, аммо, мутаассифона, имрӯз аз ҷониби муосирон то ба охир омӯхта нашудааст.
Виктор Дубовитский-доктори илмҳои таърих
Мутарҷим-Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: