Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хизматрасонии «Дорухона»: Доруҳоро бо ёрии смартфон бихаред

Хизматрасонии «Дорухона»: Доруҳоро бо ёрии смартфон бихаред

14-11-2023, 15:12
Хабарро хонданд: 1016 нафар
Назарҳо: 0
Хизматрасонии «Дорухона»: Доруҳоро бо ёрии смартфон бихаредДар замимаи «МегаФон Life» хизматрасонии «Дорухона» барои фармоиши доруворӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ ворид шуд. Сокинони Душанбе метавонанд тавассути он фармоишҳоро ба расмият дароварда, маблағашонро пардохт намоянд, раванди молрасониро ба суроғаи гуфташуда пайгирӣ созанд. Ин қисмат дар «Ҳамён»-и замимаи мобилӣ ҷойгир шудааст.

Чӣ тавр дорувориро метавон пайдо намуд

Дар «Ҳамён»дар қисми «Хизматрасониҳо» ифодаи «Дорухона»-ро интихоб намоед. Он ҷо дар саҳифаи асосӣ молҳои навин, молҳо бо тахфиф ва пешниҳодҳои мавсимӣ гузошта шудаанд. Дар «Каталог» ба шумо интихоб аз рӯи категорияҳо ва имкони ҷустуҷӯ аз рӯи ном дастрас аст. Доруҳои заруриро дар қисми «Доруворӣ» интихоб намуда метавонед.

Агар шумо ба зудӣ «Дорухона»-ро дар замимаи «МегаФон Life» пайдо накарда бошед, пас замимаро тариқи суроғаи life.tj то ҳадди намунаи охирин нав созед. Он ҷиҳати дастрасӣ ба ҳамаи сервисҳои наве, ки оператор баҳри пешниҳоди имкониятҳои мувофиқ ба корбарон таҳия менамояд, кумак мекунад.

Харид чӣ гуна анҷом дода мешавад

Дар кунҷи рости поёни ҳар саҳифаи маҳсулот тугмача бо тасвири сабад мавҷуд аст. Бо пахши он шумо молро барои пардохти минбаъда ба канор мегузоред. Дар ҳамон саҳифа маълумоти зарурӣ, ба монанди дастурамал, фикру мулоҳизаҳои муштариён, рӯйхати маҳсулоти шабеҳи моли интихобгардида низ ҷойгир аст.

Барои расмиёти фармоиш бояд дар кунҷи поён тугмаи «Дар сабад»-ро пахш намуда, ба қисми дахлдоре, ки нархи мол бе назардошти арзиши дастраскунӣ нишон дода шудааст, гузаред. Баъдан гуфтаи «Гузариш ба барасмиятдарорӣ»-ро пахш намуда, намуди молрасонӣ (маъмулӣ ё фаврӣ) ва суроғаро нишон диҳед. Сипас «Пардохт карда шавад» -ро зер намоед. Маблағҳо метавонанд аз тавозуни «Ҳамён», корти бонкии ба замимаи «MeгаФон Life» пайвастшуда ё корти қарзии «Орзу» гирифта шаванд. Шумо инчунин маблағҳои дар намуди кешбэк бадастомадаро истифода бурда метавонед.

Диққат диҳед: маблағи фармоиш бояд на камтар аз 35 сомонӣ бошад!

Арзиши бурда расонидан чанд аст

Дастраскунии молҳои харидашудаи тиббӣ танҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе имконпазир аст. Ду вариант вуҷуд дорад: маъмулӣ ва фаврӣ. Агар саросема набошед, якумашро интихоб намоед — дар ин ҳолат шумо бояд барои молрасонӣ 5 сомонӣ пардохт созед, фармоиш давоми 3 соат расонида мешавад. Бурдарасонии фаврӣ 20 сомонӣ аст, шумо молро на дертар аз 45 дақиқа мегиред.

Чӣ тавр ҳолати фармоиши пардохтгардида пайгирӣ мешавад

Баъд аз пардохти бомуваффақият дар замимаи «МегаФон Life», push-огоҳӣ ворид мегардад. Барои пайгирии ҳолат бояд тугмаи «Фармоишҳои ман» -ро дар кунҷи рости болои экран пахш намоед. Ин қисм маълумотро дар бораи ҳаракати фармоиш инъикос менамояд.

Аз «Дорухона»-и замимаи «МегаФон Life» истифода баред ва тансиҳат бошед!

Шарики хизматрасонӣ – шабакаи дорухонаҳои Salomat.tj.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: