Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Тоҷикистон: «Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Давлати Қатар ба ҳисоб меравад»

Президенти Тоҷикистон: «Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Давлати Қатар ба ҳисоб меравад»

9-06-2023, 08:08
Хабарро хонданд: 118 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни давлатҳои мо бунёди масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе бо маблағгузории Давлати Қатар ба ҳисоб меравад. Татбиқи ин лоиҳаро мо рамзи робитаҳои дӯстонаву беғаразонаи ду давлат ва ифодагари таваҷҷуҳи хоссаи бародарони қатарӣ ба мамлакати мо медонем. Масҷиди калони ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад. Рафти сохтмони он зери назорати бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар қарор дорад. Лоиҳаи сохтмони ин иншоот, аз ҷониби мутахассисони варзидаи соҳа аз Тоҷикистону Қатар омода гардидааст ва он, бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории миллӣ ва ҷаҳонӣ, аз 4 манораи баландиаш 74 метра ва гумбази 43 метра иборат аст. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мусоҳиба бо рӯзномаи «аш-Шарқ»-и Давлати Қатар, ки он 6 январи соли 2021 дар АМИТ «Ховар» бо забони тоҷикӣ бознашр шудааст, баён намуданд.

Дар мусоҳиба бо рўзномаи «Аш-Шарқ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои Тоҷикистону Қатарро дар ҳамаи сатҳҳо баланд арзёбӣ карда, аз мазмуну муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки муносибатҳои дуҷонибаи ин давлат тайи солҳои охир бомаром рушд карда истодаанд.

Сарвари давлат ҳамзамон дар ин мусоҳиба таъкид карданд, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи миёни Тоҷикистон ва Қатар бар асоси арзишҳои муштараки тамаддуниву таърихӣ ва усули бародариву ҳамдигарфаҳмӣ, риояи манфиатҳо ва эҳтироми ҳамдигар роҳандозӣ гардидаанд. Ҳамчунин, бо ишора ба таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва техникиву илмӣ, Форуми соҳибкории ҷонибҳо илова карданд, ки механизмҳои ҳамкории тарафайн ва заминаи ҳуқуқии онҳо ташаккул ёфтаанд.

«Мусаллам аст, ки Тоҷикистону Қатар ҳамчун мамлакатҳои дорои таъриху фарҳанги бостонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ баҳри нигаҳдошт ва рушди фарҳанги асили миллӣ, рисолати хешро иҷро менамоянд. Таҳкиму тавсеаи равобити фарҳангӣ мавриди таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарони ду давлати дӯст қарор дорад. Дар ин замина рӯзҳои 22-26-уми ноябри соли 2018 нахустин Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар пойтахти Қатар — шаҳри Давҳа баргузор гардид. Боварии комил дорам, ки ин чорабинии бузурги фарҳангӣ на танҳо ба тақвияти бештари ҳамкории ду мамлакати дӯст такони ҷиддӣ бахшид, балки дар рушди робитаҳои байни мардумони фарҳангдӯсти Осиёи Марказиву Ховари Миёна ва таблиғи арзишҳои созандаи тамаддуни муштаракамон низ саҳми шоён гузошт»,- тазаккур доданд Президенти мамлакат.

* 8 июн Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сониро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: