Сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт8-06-2023, 13:00
Хабарро хонданд: 189 нафар
Назарҳо: 0
Нимаи дуюми рӯзи 8 июн сафари давлатии Амири Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид.
Мавриди тазаккур аст, ки зимни ин сафар аз руи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Руйдоди муҳими ин сафар ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе барои 133 ҳазор намозгузор мебошад, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Қатар бунёд гардид. Баъди анҷоми сафари давлатӣ Амири Давлати Қатар аз шаҳри Душанбе ба Қатар баргашт. Бо нишони эҳтироми баланд ва самимияти хос меҳмони олиқадр Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сониро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ гусел карданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.