Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Адолати Сталин Ё чӣ тавр ҳақ ба ҳақдор расидаву шарафу номуси як зани тоҷик ҳифз гардид.

Адолати Сталин Ё чӣ тавр ҳақ ба ҳақдор расидаву шарафу номуси як зани тоҷик ҳифз гардид.

18-03-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 317 нафар
Назарҳо: 0
Адолати Сталин Ё чӣ тавр ҳақ ба ҳақдор расидаву  шарафу номуси як зани тоҷик     ҳифз гардид. То оғози таҷлили Ғалабаи Бузург бар фашизм рӯзҳои башумор мондааст. Дар ВАО- и ҷамоҳири пасошуравӣ ва кишвари мо доир ба мавзуъоти ин ҷанги дар таърихи инсоният диданашуда ҳамаруза маводҳои зиёде ба табъ мерасанд. Азҷумла, ҳафтаномаи «Минбари халқ» низ шумораҳои ахир ин мавзуро пайгирӣ мекунад, ки банда ҳам яке аз дастандаркорони ин тасмимот ҳастам. Ин ҷо мехоҳам оиди таъсир ва нақши шахсии Генералиссимус Сталин дар ҳаёти оилаи мо қиссае ба маърази хонандагон пешкаш намоям. Нисбати шахсият ва ҳаёти ин шахси таърихӣ миёни коршиносону ва умуман ашхоси гуногункасб назарҳои мухталиф ҳастанд. Вале оне, ки исми ин шахсяти бузург дар хорои таърих то абад ҳаккокӣ шуда, ҷойи шубҳае нест. Ӯ низ, нигоҳ накарда ба бузургӣ, инсоне буд бо аъмоли хубу иштибоҳоташ. Далел он аст, ки ин фард дар рузҳои мудҳиш битавонист тамоми захираву имконоти мамлакатро баҳри саркуби душмани тавоно равона сохта, пас аз анҷоми ҷанг Шуравиро аз абарқудраттарин кишварҳо дар ақсои олам табдил бидиҳад, ки бо бархе ихтироот ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузошта. Ва онҳое, ки имрӯз санг ба ӯ меандозанд, аввал зи худ бояд бипурсанд, ки онҳо кистанду Сталин кист… Инак, оғоз мекунем.

Модаркалонам Озода Назарова соли 1913 дар деҳаи Қаротоғ ( шакли дурусташ Қарияи тоқ- деҳи ягона аст, ки дар гузашта «шаҳр»-аш мегуфтанд) чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Падараш чоряккор буд. Баъдан онҳо ба деҳаи Навободи ноҳияи Ҳисор кӯч мебанданд.

Солҳои 30-и қарни 20 Тоҷикистон чун ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ қарор дошт. Амалиёти ҳарбӣ алайҳи «душманони сохти нав» то соли 1931 дар ҳудуди ҷумҳурӣ идома кард. Такя бар вазъи мураккаб, ин ҷо бидуни курсҳои яксолаи таълимӣ донишгоҳу донишкада, омузишгоҳҳои омузгорӣ вуҷуд надоштанд. Комиссари (вазири) маорифи вақти ҷумҳурӣ Нисор Муҳаммадов тасмим гирифт, ки духтарони маҳаллиро ҷамъ оварда, баҳри таҳсил ба техникуми омузгории шаҳри Самарқанд бифиристад. Бо ин мақсад ӯ савори ароба деҳ ба деҳ гашта, духтаронро барои таҳсил тарғиб менамуд. Модаркалонам ин вақт дар колхози ба номи Чкалови ноҳияи Ҳисор ба ҳайси колхозчӣ кор мекард. Ӯ ин хабарро шунида, аз бародараш Назаров Неъмат иҷозаи таҳсил мепурсад. Бародараш розӣ мешавад ва Нисор Муҳаммадов духтарони маҳаллиро савори қатора намуда, барояшон маблағ ва тӯшаи роҳ медиҳад. Модаркалонам соли 1937 бомувафффақият техникуми Самарқандро ба итмом расонида, ба зодгоҳ бозгашт. Сараввал ӯро директори мактаб- интернати Қаротоғ, баъдан мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи ҳизбии ноҳияи Ҳисор таъин мекунанд.

Падарбузургам Қудрат Дӯстов соли 1911 дар деҳаи Шоҳони дараи хушманзараи Алмосии ноҳияи Ҳисор мутаввалид шудааст. Курси яксолаи муаллимтайёркунӣ, баъдан донишкадаи омӯзгории шаҳри Сталинободро хатм карда, 3 маротиба мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳисор, солҳои 1947-48 мудири маорифи ноҳияи Файзобод, муҳаррири рузномаи ноҳиявии «Барои колхози болшевикӣ»- и Ҳисор, раиси колхози «Москва» ва директори якчанд мактаби таҳсилоти миёнаи ноҳия буд.

Соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз меёбад. Падарбузургам ва бародари бибиам- Назаров Неъматро ба ҷабҳа сафарбар мекунанд. Ҳамчун мардони ҳақиқӣ онҳо баҳри ҳифзи Ватан аз ҳуҷуми душмани ғосиб ба майдони корзори матонату мардонагӣ раҳсипор мегарданд. Чуноне зикр намудем, модаркалонам ин солҳои мудҳиш мудири шуъбаи кор бо занони ноҳия буд. Он замон кумитаҳои ҳизбӣ ва иҷроия дар як бино ҷойгузин буданд. Ӯ зани соҳибҷамоли қадбаланд ва сафедандом, яъне чеҳраи ҳақиқии зебои тоҷиконаи ориёнӣ дошт, аммо бар замми ин зани хеле босуботу матинирода ва боиффату ҳақгӯ буд, ки такя бар ин хислатҳо кормандон ба ӯ лақаби «Аловдаста»-ро муносиб дида буданд. Азбаски падарбузургам ва баробари бибиам- Назаров Неъмат, ки аз ҷумлаи мардони ғаюру нотарси маҳал маҳсуб мешуданд, дар ҷабҳаи номусу мардонагӣ қарор доштанд, баъзе рубаҳсиратони ақибгоҳ, ки кормандони ҳизбӣ буданду аз имтиёзҳо истифода бурда аз дар хатти пеш алайҳи душмани ғаддор будан дар амон монданд, ба модарбузургам амри бад пешкаш намуданд. Ӯ аз ин ниятҳои «ҷавонмардон»-и ақибгоҳӣ ба сутуҳ омада мегуфт;

- Рафиқон, нағз медонед, ки ман шавҳар дорам, ӯ дар муқоиса бо шумо, ки ҳамроҳи занону кудакон ва муйсафедон дар ақибгоҳ қарор доред, ҷон ба каф гирифта, дар майдони мардонагиву матонат қарор дорад. Агар ӯ бозгардад, ба чашмонаш чи хел нигоҳ хоҳед кард, охир шумо ҳам зан доред…Аз Офаридгор наметарсед?!

-Озода, Гитлер ба наздикӣ тамоми Иттиҳоди Шуравӣ, азҷумла Тоҷикистонро забт хоҳад кард. Зинда мондани шавҳарат ба гумон аст.
-Ин хел бошад, муаллима мешавам.

-Ба муаллимагӣ низ иҷозат намедиҳем.

Ӯ миёни «обу оташ» монда буд, чун ду кӯдаки хурдсол дошт. Дорои иффати ҳақиқии зани тоҷик, ки буд, ҳамон айёми вазнин корро бас мекунад…
Ҳамсояи «девордармиён» доштем, бо насаби Камильков. Пётр Камильков муҳандис буду завҷааш Вера Александровна духтур. Камильковро низ ба ҷабҳа сафарбар карда буданд. Ӯ охири соли 1941 дар муҳорибаҳо корнамоие кишон дод, ки барояш якмоҳа мураххасӣ доданд. Пётр ба Ҳисор омад. Ҳамсояи ҳақиқӣ, ки буд, дарҳол аз аҳволи оилаи мо пурсон мешавад. Вера Александровна оиди қазияи модаркалонам ба ӯ ҳикоят мекунад. Камильков бо ҳамсараш зуд ба хонаи мо омада, аз модаркалонам мепурсад;

-Озода, аҳволи худат ва фарзандонат чӣ хел аст?

Модаркалон гириста, асли моҷароро ба ӯ баён мекунад. Камильков ба ғазаб омада, мегӯяд;

-Ин даъвогарони номусу шарафат душманони дохилӣ ҳастанд, ки ба ғалабаи халқамон боварӣ надоранд. Озода, ман баъди як моҳ боз ба корзори ҷанг меравам. Ҳар ду ба номи Иосиф Сталин аризаи шикоятӣ менависем. Ман дар Маскав онро ба ҷойи лозимӣ мерасонам. Дигар ба кор набаро, ҷавоби аризаро интизор шав.

-Аҳволи фарзандони хурдсолам чӣ мешавад?
-Вера ба ту ёрӣ мерасонад.

Баъди як моҳ Пётр Камильков боз ба набардгоҳ бирафт ва дигар барнагашт…(Падарам нақл мекунад, ки дар кӯчаи мо- Школьная, ки баъд ба кӯчаи Омӯзгор табдили номаш карданд, чун дигар кӯчаҳои маркази Ҳисор бештар русзабонҳо зиндагӣ доштанд. Дар кӯчаи мо ду ва ё се оилаи тоҷик, азҷумла, оилаи мо, ки хонаи аввалин дар маҳалларо сохта будем, истиқомат доштанд. Падарам мегӯяд, ки русҳову русзабонҳо буданду ягон «ҷангу ҷидол» миёни ҳамсояҳо рух намедод, илло баъди оне, ки тағйири этникӣ рӯйи кор омад. Яъне мақоли маъруфи «хона нахар, ҳамсоя бихар» дар маҳаллаи мо ҳукми қонуниятро дошт…)

Рӯзҳо пайи ҳам дар гузашт буданд. Аз ҷойи кораш касе модаркалонамро напурсид. Рӯзе дари ҳавлӣ куфта шуд. Паси он чор марди рус бо либоси ҳарбӣ истода буданд. Яке аз онҳо гуфт;
- Шумо Озода Назарова ҳастед ва ба рафиқ Сталин мактуб навишта будед?
- Бале, ман.

- Мо ду нафар аз Маскав бо супориши рафиқ Сталин барои тафтиши аризаи Шумо омадем. Ин рафиқон яке намояндаи комиссариати ҳарбии ҷумҳурӣ, дигарӣ комиссари ҳарбии ноҳияатон ҳастанд. Ҳоло ба ҷои коратон меравем ва ин «ишқварзон»-ро нишон хоҳед дод.

Сипас ба комиссари ноҳия муроҷиат карда чунин гуфт;
- Бо худ шаш сарбози мусаллаҳ бигиред.

Тамоми кормандони кумитаи ҳизбӣ ва иҷроияи ноҳияро як ҷо ҷамъ намуданд. Ҳама лолу карахт, ба қавле «нафасҳо ях карда» буданд. Афсари рус ба модаркалонам муроҷиат карда, пурсид;

-Кадоме аз инҳо таклифи ишқварзӣ намуд ва гуфт, ки Гитлер ғалаба хоҳад кард?

Модаркалонам ба шаш ҳамкораш ишора мекунад. Намояндаи Маскав бо ғазаб гуфт;

-Инҳо, ки дар ақибгоҳ «чарбу баста», ба занони фидоиёни Ватан амри бад пешкаш мекунанд, аз фашистон бадтаранд.

Сипас ба комиссари ҳарбии ноҳия муроҷиат карда мегӯяд;
- Ин шаш нафарро ҳозир бурда ҳабс кунед ва пагоҳ ба қатора шинонда, ба баталёни ҷаримавии (ба истилоҳ «штрафбат») артиши амалкунанда фиристед!
Амри намояндагони Кремл ба иҷро расид. (Он шаш нафар дигар барнагаштанд…)

- Чанд фарзанд доред?- пурсид ӯ аз модаркалонам.
- Ду нафар.

- Ба зани қаҳрамони ҷабҳа озуқавории иловагӣ медиҳед!- таъкид намуд ба масъулини ҳозирбуда намояндаи Сталин.- Шумо аз тафтиши мо розиед, рафиқ Назарова?

- Сад дар сад!

- Минбаъд метавонед бемалол кор кунед.

Модаркалонам ба кор баромад. Кормандони ҳизбиву иҷроия, акнун ҳамин, ки ӯро медиданд, ё ба қафо мегурехтанд, ё «нақши девор» мешуданд. Оре, «мардони ҳақиқӣ»… Бубинед, ҳамон солҳои вазнин, ки ҳатто як қатра сузишворӣ арзиши баланд дошт, сарвари давлати Шуравӣ намояндаҳоро тавассути тайёра ба Тоҷикистони дурдаст мефиристад, то ин ки арзи як занро ҳаллу фасл намоянд. Имрӯз баъзе руҳониёни кишварамон бо «Мерседес»-у «Прадо» мегарданду парвои ҳаммаҳаллаҳои гуруснаашонро надоранд…

Соли 1943 фармони Сталин оиди ҷавоб додани зиёиён аз ҷанг баромад, ки тибқи он падарбузургам Қудрат Дӯстов ба Ватан баргашт. Тағои падарам Неъмат Назаров ҷангро дар Берлин ба охир расонд, ки баъзе ғанимати ҷангиаш, аз қабили ханҷари шахсии як афсари воломақоми олмонӣ имруз дар манзили фарзандонаш ҳамчун ёдоварӣ маҳфуз ҳастанд.

Модаркалонам- Озода Назарова, аз аввалин муаллимаҳои маҳаллии водии Ҳисор, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи медалу орден ва дигар мукофотҳои давлатӣ, собиқадори меҳнату ақибгоҳ, солиёни душвори ҷангу баъдиҷангӣ мудири шуъбаи кор бо занони кумитаи ҳизбии ноҳия, ходими давлативу ҷамъиятӣ, муассис ва директори аввалин интернати занона, омӯзгори собиқадор, ки якчанд насли маҳаллаҳои Белайдузу Бағалаки шаҳри Ҳисорро дарс додааст, моҳи августи соли 1993 аз олам чашм пӯшид. Ҷоятон ҷаннат бод, бибии азизам.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: