Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ИНСОНИ НОТАКРОР

МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ИНСОНИ НОТАКРОР

7-12-2021, 08:30
Хабарро хонданд: 115 нафар
Назарҳо: 0
МИРЗО ТУРСУНЗОДА-ИНСОНИ НОТАКРОР
Адибони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла, Аҷзӣ, Фитрат, Айнӣ оғози асри ХХ ба забони ўзбекӣ асарҳои хеле зиёд эҷод намудаанд.Шоирони ўзбек Муқимӣ, Фурқат, Ҳамза, Муҳӣ, Табибӣ, Ҳақирӣ, Баёниҳо ба забони тоҷикӣ ҳам шеърҳои равон навиштаанд. Инчунин, Ғанӣ Абдулло, Фотеҳ Ниёзӣ, Юсуф Акобиров ва дигар адибони тоҷик ҳам аввалин асарҳояшонро ба забони ўзбекӣ навиштаанд. Робитаи эҷодӣ ва дўстии устодон Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ, Мирзо Турсунзода ва Ғафур Ғулому Зулфия, Боқӣ Раҳимзода ва Абдулло Қаҳҳор, Лоиқ Шералӣ ва Эркин Воҳидов намунаи хуби робитаҳои адабии халқҳои тоҷику ўзбек мебошанд.
Хусусан, устод Мирзо Турсунзода бо адибони ўзбек Ғафур Ғулом, Зулфия, Абдулло Қаҳҳор, Ойбек ҳамкории эҷодӣ доштанд.
Устод Мирзо Турсунзода инсони на танҳо дар адабиёту санъат, балки дар сиёсату ҳаёти иҷтимоӣ ҳам ба мартабаҳои бузург муваффақшуда буданд. Дар симпозиумҳои бисёри ба сулҳ бахшидашудаи кишварҳои Осиё ба сифати раиси Ҷамъияти дўстии халқҳои Осиё ва Африқои Советӣ иштирок намудани устод Мирзо Турсунзода ба бисёриҳо маълум аст. Чун шахси сарояндаи сулҳу дўстӣ ҳам машҳуранд.
Як хотираро дар бораи Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири ширинкалом, Мирзо Турсунзода гуфтаи бародари ҳоҷии мо-марҳум Ҳоҷӣ Раҳимбердӣ Мустафоқулов ҳоло ҳам дар ёдам ҳаст.
-«Ҳамон айём дар Донишгоҳи «Ал-азҳар»-и Ҷумҳурии Мисри Араб таҳсил менамудам. Ҳамроҳи мо донишҷўён Шарофиддин Маҳмудови тошкандӣ, Темурбек Ўринбоеви қирғизистонӣ ҳам буданд. Солҳои таҳсили мо ба солҳои ҳафтодуми асри гузашта, ба даври Президенти Миср Ҷамол Абдул Носир ва Анвар Содотҳо рост омада буд.
Саҳв нанамоям, ҳамон айём бо таклифи Ҷамол Абдул Носир ҳайати Советӣ бо роҳбарии устод Мирзо Турсунзода ба Миср ташриф оварда буд. Ректори донишгоҳ мо-донишҷўёни Советиро ба ҳузураш даъват намуда, бо мо мулоқот намудани Мирзо Турсунзодаро гуфт. Аз миён чандон вақти зиёд нагузашта бо якчанд нафар худи устод омаданд ва бо раванди шароити зисту таҳсили мо донишҷўён шинос шуданд. Пасон аз мо аз кадом ҷумҳурӣ буданамонро пурсон шуданд. Вақти ба ман омадани навбат, ман аз Тоҷикистонам, гуфтам. Дар ин ҳолат чашмони устод Турсунзода дурахшида, рухсораҳояшон аз шодӣ фурўзон шуданд.
-Шумо аз диёри ман омада илм омўхта истода будаед, албатта ин барои ман ифтихор аст,- гуфтанд. Ба воситаи тарҷумон ба ректорамон ба мо таваҷҷўҳи хоса намудан, барои мусулмонҳои шарқи Советӣ муҳим будани кадрҳои босаводро таъкид намуданд.
Ба устод Мирзо Турсунзода ба фикрам давоми ҳамон сафарашон мукофоти ба номи Ҷамол Абдул Носир дода шуда буд.
Солҳо гузашта, таҳти роҳбарии устод ба сифати аъзои Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқои Иттифоқи Советӣ фаъолият намудан ба ман ҳам насиб гардид. Маротибаҳои зиёд аз мурувватҳо, насиҳатҳои ба тилло баробари устод баҳраманд шудаам. Он кас инсони беназир буданд…»,-гуфта хотираҳояшро интиҳо бахшида буд Ҳоҷӣ Раҳимбердӣ Мустафоқулов.
Аз ин хотира ҳам чӣ қадар бузург будани хислатҳои маорифпар-варӣ, ватандўстӣ ва инсонии шоирро мефаҳмем. Бале, устод Мирзо Турсунзода инсони нотакрори замони худ буданд.
Абдулло САИДОВ
Аз ўзбекӣ тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: