ОСОРИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА - НАМУНАИ ОЛИИ САДОҚАТ БА ВАТАН29-04-2021, 10:13
Хабарро хонданд: 557 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли оянда асарҳои мутафаккирони бузурги тоҷик, чун Абӯабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ, Шайх Саъдӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Аҳмади Дониш ва шоирону нависандагони муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, А.Лоҳутӣ, Р. Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, С.Улуѓзода, А. Деҳотӣ, М. Миршакар ва дигарон нақши муҳим доранд. Ақидаҳои мутафаккирон, олимон, шоирону нависандагони бузурги тоҷик бо ақидаҳои хирадмандонаи халқ омезиш ёфта, ба ташаккули фарҳанги педагогии халқҳои Осиёни Миёна таъсири зиёде гузоштаанд, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Яке аз чунин шахсиятҳои бузурге, ки осори ӯ саршор аз масъалаҳои ахлоқи баланди инсонӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ, инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ буда, маҳз ба тарбияи инсони комил бахшида шудааст, шоири маҳбуби халқи тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода мебошанд, ки соли равон 110- солагиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мешавад. Устод Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоѓи ноҳияи Ҳисор (ҳозира Шаҳринав) таваллуд ёфтааст. Соли 1930 Дорулмуаллимини Тошкандро ба итмом расонида, ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва муддате дар вазифаи роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои хидмат кардааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор гузашта, вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависонро бар уҳда доштааст. Соли 1939 раиси сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ (Главлит), соли 1943 сардори раёсати санъати ҷумҳурӣ таъйин гардидааст. Аз соли 1946 то охири умраш раиси Правленияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба уҳда доштанд. Чӣ хеле, ки устод дар пешгуфтори китоби «Шеърҳо ва достонҳо» «Дар бораи худам» қайд кардаанд, нахустин маҷмӯаи шеъру хикояҳои ман «Байрақи зафар» соли 1933 аз чоп баромад, аз он дам шеър хамроҳу ҳамсафари чудонашавандаи ҳаёти ман гардид. Чун аз овони бачагӣ шеърҳои диловези Рӯдакӣ, Ҳофиз, Бедилро аз ёд медонистам, мероси назми классикӣ дар корҳои эҷодӣ муттакои ман гардид». Бояд қайд кард, ки устод М.Турсунзода баъдтар аҳволи оила ва авзои овони кӯдакии худро дар манзумаи «Водии Ҳисор» ёдовар мешавад: Солҳое, ки ман ҷавон будам, Бехабар аз гапи ҷаҳон будам. Рӯзу шаб мегузаш бематлаб- Бе қалам, бе китоб, бе мактаб. Соли 1932 маҷмӯаи якуми шеър, очерк ва ҳикояҳои Мирзо Турсунзода «Байрақи зафар» аз чоп баромад. Соли 1937 аввалин достони Турсунзода «Хазон ва баҳор» ба табъ расид. Қобили зикр аст, ки Мирзо Турсунзода яке аз публитсистҳои оташинсухан аст, ки ба қалами ӯ зиёда аз 300 номгӯй мақолаҳои публитсистии ба мавзӯъҳои ҳаёти кишвар ва воқеаҳои байналхалқӣ бахшидашуда мансубанд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—19 45) мавзӯи ватандӯстиӣ дар ашъори Турсунзода боз ҳам вусъат ёфта, андешаҳои ватандӯстонаи шоир бо ѓояҳои инсониятпарварӣ, дӯстии халқҳо ва интернатсионализм бой гардид, эҷодиёти ӯ бо муборизаи диловаронаи мардуми тоҷик ва советӣ бар зидди фашизм робитаи устувор пайдо кард. Дар ҳифзи Ватан ба по бархестани мардуми тоҷик («Хайр, модари азиз»), муборизаи диловарона ва корнамоиҳои беназири ҷанговарон дар майдони корзор («Хотираи капитан» ва «Баҳодури тоҷик»), дӯстию рафоқат, хаммаслакии одамони советӣ ва ѓамхории ҳамшираҳои мушфиқ ба ҷанговарон («Ҳамшираҳо»), дӯстии миллатҳои сотсиалистӣ («Роҳи оҳан»), ягонагии халқу Ватан ва халқу Армияи советӣ («Ҳаргиз», «Ба ҷанг»), меҳнати ватандӯстона ва бунёдкоронаи мардуми ақибгоҳ, («Офарин»)—чунинанд доираи мавзӯҳои ашъори Турсунзода дар он давра. Калонтарин асари Турсунзода дар он солҳо достони «Писари Ватан» (1942) мебошад. Эҷодиёти Турсунзода пас аз Ҷанги Бузурги Ватани тимсоли инкишофи адабиёти тоҷик, алалхусус, назми он мебошад. «Арӯс аз Москва» (1945), «Водии Ҳисор» (1947), силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» (1947), «Ман аз Шарқи озод» (1951), «Дар кишвари тоҷик», «Садои Осиё» (1956) ва ѓайра аз ҷумлаи асарҳои пурмазмун ва баландпояи Турсунзода ҳисоб меёбанд. Ин асарҳо, ки ҷиҳатҳои муҳими зиндагии халқи точик ва ҳаёти кишвархои хориҷиро фаро гирифтаанд, аҳамияти калони миллӣ ва интернатсионалӣ доранд. Дар эҷодиёти устод Турсунзода пас аз аввалин сафари ӯ ба хориҷа — иштироки шоир дар Конференсияи нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африка (Деҳли, марти 1947) таѓйироти куллӣ ба амал омад. «Қиссаи Ҳиндустон», ки аввалин силсилаи шеърҳои шоир дар мавзӯи хориҷӣ буд, ҳаёти халқи ҳиндуро пеш аз ба даст овардани истиқлолияти миллии Ҳиндустон тасвир менамояд, ки аз ду қисм иборат аст: ба қисми якум, ки соли 1947 навишта шудааст, шеърҳои «Бозгашт», «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони маѓрибӣ», «Рӯди Ганг», «Боѓи муаллақ», «Тара Чандри» ва «Дар ёди кас» тааллуқ доранд. Ба қисми дуюм силсилаи шеърҳхои «Сайёҳи ҳинд», «Тоҷмаҳал», «Дар орзуи ошён», «Кадаҳи ман», «Кулоҳи профессор Ахвледиани» ва «Ду роҳ» дохил мешаванд, ки дар давоми солҳои 1948-49 навишта шудаанд. Достони «Ҳасани аробакаш» асари калонҳаҷмест, ки устод Мирзо Турсунзода онро солҳои 1952-1954 офаридааст. Ҳамин тавр, мавзӯи достон тавлиду ташаккули хислатҳои одами навро дар маркази диққат мегузорад. Табаддулоти характери қаҳрамонон дар заминаи дигаргуниҳои таърихии ҳа¬ёти республикаи ҷавони Тоҷикистон ва пойтахти он Душанбе ба қалам омадааст. Дар достонҳои Турсунзода «Садои Осиё» (1956), «Духтари муқаддас» (1957), «Чароѓи абадӣ» (1958), «Ҷони ширин» (1960) масъалаҳои гуманизм ва интернатсионализм ба миён гузошта шудаанд. Дар «Садои Осиё» шоири ҳақиқатнигор, инсонпарвар ва фарзанди содиқи Шарқ муборизаи ранҷбарони мамлакатҳои Осиёро ба риштаи назм кашидааст. Шоир муборизаи ду ҷаҳон-чаҳони истибдоди фаношаванда ва ҷаҳони ранҷбарони музаффарро тасвир намуда, ѓалабаи меҳнаткашонро падидаи ногузир мешуморад. «Чароѓи абадӣ», ки достони лирикию фалсафист, ба ёди Айнӣ таълиф ёфгааст. Дар он ҳамагӣ як субҳи моҳи апрел — таваллуди фарзанд ва мулоқоти шоир бо Айнӣ тасвир шудааст. Дар достон эҳтироми беандозаи шоир нисбат ба Айнӣ хеле самимона ифода шудааст. Достони «Ҷони ширин» (1959) ҷамъбасти сафарҳои шоир ва шарҳу эзоҳи моҳияти ҷаҳонгардии муборизи роҳи сулҳу озодӣ мебошад. Мо сафар дорем бо амри Ватан, Бо супоришҳои халқи хештан. Дӯстиро ҷустуҷу дорем мо, Аз амони гуфтугӯ дорем мо. Гуфтан ба маврид аст, ки шоир чун қаҳрамони лирикаи асар, ҳисси баланди муҳаббат, садоқат ва вафодории худро нисбат ба оила-зану фарзандаш баён менамояд, ки ин ҳамчун яке аз сифатҳои одоби дорои аҳамияти ахлоқию тарбиявӣ мебошад. Вобаста ба ин, дар асар дар бораи озодӣ, хушбахтӣ ва мавқеи бузурги ҷамъиятии занони тоҷик, дар бораи нақши модар дар тарбияи насли нав сухан меравад: Дар диёри мо шуд одам арҷманд, Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд. Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд, Ифтихоре нест бе зан, хуб шуд! Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд, Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд… Қобили зикр аст, ки устод Мирзо Турсунзода барои хизматҳои шоёнаш бо унвонҳои Лауреати мукофотҳои давлатӣ, ва ленинӣ, Лауреати мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, Лауреати мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлол Неҳру, депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2-9), котиби Иттифоқи нависандагони СССР, раиси Комитети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка, аъзои Президиуми Совети Умумиҷаҳонии сулҳ мебошад. Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 3 ордени Байрақи сурхи мехнат, 2 ордени «Нишони фахрӣ», мукофотонида шудааст. Мирзо Турсунзода 24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт. Мақбараи шарифи ӯ дар «Мазористони Лучоб қарор дорад. Барои абадӣ гардонидани хотираи Турсунзода хонаи адибони Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Донишкадаи санъат, ноҳияи Регар ва шаҳри Регар номи Турсунзодаро гирифтанд. Ба муносибати 70-солагии зодрӯзи шоир дар шаҳри Турсунзода ҳайкали ӯ гузошта шуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат барои хизматҳои шоёнаш бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Каҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ шуд. Асарҳои бешуморӣ устод Мирзо Турсунзода, ки ба тарбияи насли ҷавон равона гардида, саршор аз муҳаббат ба Ватан, ахлоқи олии инсонӣ мебошанд, барои тарбияи наслҳои имрӯзу фардо ва маънавиёти баланди онҳо мусоидат менамоянд. Манижа Юлдошева,
Раънохон Камолова, устодони «ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.