ОН ҚАДАР ДАР ДИЛПИСАНДӢ ДИЛПИСАНД АСТӢ, ВАТАН2-05-2024, 11:26
Хабарро хонданд: 129 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ҳамоиши фарҳангӣ доир мегардад.
Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун арбоби ҷамъиятӣ, публитсист, вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузаронидааст. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат дар асари пурарзиши илмиашон «Чеҳраҳои мондагор» овардаанд, ки «Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мо аст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст». Имрӯз Мирзо Турсунзода ахтаре аст, ки бо мурури замон дар дилу дидаи наслҳои нав торафт тобонтар мешавад ва ба дилҳо нуру гармӣ мебахшад, аз нигоҳи соҳибназарон беш аз пеш босафотару раҳнамотар мегардад. Зеро аз оғози фаъолияти эҷодиаш ба мавзуъҳои муҳими замонаш даст зада, дар шеъру достон, намоишу филмнома, очерку мақолаҳои дорои мазмуни адабиётшиносиву иҷтимоишиносиаш қаҳрамонҳои фаромӯшнопазире офарида, симои барҷастаи инсони эҷодкорро басе равшан баён намудааст. Ёдовар мешавем, ки Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи хушманзараи Қаратоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш- усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ буд. Бо вуҷуди ин зиндагонии аҳли оилаи ӯ қашшоқона мегузашт. Ба ин нигоҳ накарда, усто Турсун мехост, ки писараш Мирзо соҳиби хату савод шавад. Вақте дар Қаратоғ мактаби нав кушода шуд, Мирзо аз ҷумлаи аввалин хонандагони он гардид. Ӯ солҳои 1925-1926 дар интернати Душанбе таҳсилро давом дода, солҳои 1926-1927 дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил мекунад. Мирзо Турсунзода солҳои 1927-1930 дар Дорулмуаллимони тоҷикии шаҳри Тошканд хонда, соҳиби маълумоти пурра мегардад. Ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии А.С. Пушкини вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-ро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омада, роҳбарии бахши драматургияро ба уҳда дошт. Соли 1939 Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва аз соли 1943 сардори Раёсати санъати назди Шурои Кумитаи халқи Тоҷикистон буд. Устод Мирзо Турсунзода аз соли 1946 то соли 1977- то охири ҳаёт дар вазифаи Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кор кардааст. Шоири маҳбуби тоҷик 24 сентябри соли 1977 дар Душанбе аз олам даргузашт. Шоирро дар оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ба хок супориданд. Ашъори дилпазири шоир муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти мамлакат, дарди миллат ва орзуву ормонҳои ӯро дар бар мегирад. Дар айни замон онҳо на танҳо арзишҳои олии иҷтимоии халқи тоҷик, балки идеалҳои инсонпарваронаи дигар миллатҳоро низ ифода намуда, ба манфиати пешрафти иҷтимоӣ, сулҳ ва ҳамкории халқҳои ҷаҳон хизмат мекунанд. Бесабаб нест, ки асарҳои шоири шуҳратёри тоҷик ба зиёда аз панҷоҳ забони халқҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Соли 1948 барои қисми якуми ин силсила («Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас») шоир сазовори Ҷоизаи давлатӣ гардид. Инчунин соли 1960 достони нави лирикии ӯ «Ҷони ширин» (дар моҳномаи «Шарқи Сурх») чоп шуда, барқосо дар байни хонандагон маҳбубияти тамом пайдо намуд. Барои ин асари нотакрораш устод Тусунзода соли 1963 сазовори Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид. Устод Турсунзода якчанд асари саҳнавӣ таълиф намуда, дар равнақу ривоҷи драматургияи тоҷик низ ҳиссаи сазовор гузоштааст, ки пйесаҳои «Ҳукм» (алманахи «Туҳфа», 1934), «Роҳатхон» (1935), драмаи манзуми «Хусраву Ширин» (1936, дар ҳамқаламии Абдусалом Деҳотӣ), матни операи «Шӯриши Восеъ» (дар ҳамқаламии Абусалом Деҳотӣ навишта шуда, соли 1941 дар заминаи он якумин либреттои тоҷикиро ба майдон овардаанд), либреттои операҳои «Тоҳиру Зуҳро» (1944) ва «Арӯс» (1945) аз ин ҷумла мебошанд. Мавсуф бо орденҳои «Байрақи сурхи меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Кирилл ва Мефодий», «Ҷамол Абдулносир» ва Медали тиллои Кумитаи муҳофизати сулҳ мукофотонида шудааст. Барандаи Мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлаъл Неҳру (1967) мебошад. Соли 1961 сазовори нахустин унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон гардидааст. Барои хизматҳои бузурги адабию ҷамъиятияш соли 2001 шарафёби унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардонида шудааст. Ба ин мисраъҳои зерини шеъри шоир «Оҳанрабо» таваҷҷуҳ фармоед, ки аз зебоии онҳо ва таровати онҳо бо гузашти солҳо заррае кам нагардида, асолаташонро ҳифз намудаанд: Он қадар дар дилписандӣ дилписанд астӣ, Ватан, Дар сари тасвири ҳуснат кас намеёбад сухан. Ҳеҷ дар дунё надорад рангу бӯятро чаман, Аз ту дар осоишу роҳат бувад ҷон дар бадан. Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ, Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ. Аз бароят ҷон диҳад инсон агар, арзандаӣ! Синаро созад ба ҳифзат гар сипар, арзандаӣ! Дар адои хизматат тозад ба сар, арзандаӣ! Аз сарат пошанд мардум симу зар, арзандаӣ! Чунки инсонро фазои дилкушо гардидаӣ, Халқ чун оҳан, ту чун оҳанрабо гардидаӣ. Шеъри дигар: Ватан дар ҳар куҷо форам ба сар омад ҳавои ту, Ман аз он сӯи уқёнус бишнидам садои ту, Агарчи дар миён тӯфону мавҷи баҳрҳо буданд, Вале омад ба гӯши ман садои рӯдҳои ту. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.