Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фоҷеае, ки набояд онро фаромӯш сохт… Мо туро фаромӯш накардаем, Нанкин…

Фоҷеае, ки набояд онро фаромӯш сохт… Мо туро фаромӯш накардаем, Нанкин…

23-01-2018, 11:07
Хабарро хонданд: 232 нафар
Назарҳо: 0
Фоҷеае, ки набояд онро фаромӯш сохт…                     Мо туро фаромӯш накардаем, Нанкин…
80 сол муқаддам, 13 декабри соли 1937 дар Осиёи Шарқӣ, шаҳри Нанкини Чин фоҷеае сар зад, ки ҷаҳолати инсониро ҳамчун ойинаи равшан нишон дод. Он дар таърихи инсоният чун «куштори Нанкин» (бо истилоҳи русӣ «Нанкинская резня») абадан боқӣ монд. Қисми бештари хонандагони азизи мо мумкин аз ин ҳодисаи нангини таърихӣ хабар надошта бошанд, аз ин рӯ қарор додем оид ба ин фоҷиаи инсонӣ барояшон маълумот диҳем. Аслан, ман бояд сари омода сохтани ин мавзуъ моҳе пештар тасмим мегирифтам, аммо мавҷуд будани кори зиёд ва таҳсил дар магистратураи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин имкон надод. Аммо, дер ҳам нашудааст ва солгарди ин ҳодисаи тираи таърихист.
Ин ҷинояти даҳшатноки ҳарбӣ яке аз нангинтарин амалҳои қарни гузашта маҳсуб меёбад. Дар тӯли ҳамагӣ 1 моҳ аз ҷониби ҳарбиёни ҷопонӣ зиёда аз 500 ҳазор хитоӣ, аз ҷумла калонсолон, занон ва кӯдакон қатли ом шуданд.
Ҳодисаҳои хунини Нанкин ҳангоми ҷанг миёну Ҷопону Чин (1937-1945) рух доданд. Он замон Нанкин пойтахти Чин буд. Соли 1928 ҳукумат ва дастгоҳи маъмурии кишвар ба ин шаҳр аз Пекин кӯч баст ва аҳолии он миёнаҳои солҳои 30-ми қарни 20 аз 250 ҳазор то 1 миллион афзуд.

Ва ҷаҳаннам оғоз гардид…

Аз соли 1931 Чин ва Ҷопон дар ҳолати низоъҳои тамомнашавандаи минтақавӣ қарор доштанд. Ҷопониҳо на як бору ду бор ба музофоти Манҷурияи Чин зада медаромаданд, дигар оташкушоиҳои сарҳадӣ низ рух медоданд, аммо бо сабабҳои мухталиф ҷонибҳо ҷанги калонро оғоз намекарданд. Вале ба ҳама он замон равшан буд, ки муҳорибаи ҷиддӣ миёни кишварҳо ногузир аст. Ҷопони императорӣ, ки дар ҷазираҳои аз рӯйи масоҳат ба ҳудудҳои бузурги Чин муқоисанашаванда ҷойгир буд, тамоми захираҳои худии ашёи хомашро истифода бурд ва ба ҳамсояи аз ин захираҳо сарватманд-Чин чашми тамаъ медӯхт.
Вале барои оне, ки ба ин захираву сарватҳо даст пайдо гардад, император Хирохито бояд Чинро ба назорати пурра мегирифт. Дар он ҷо ҳам сари қудрат чунин қувваҳое омаданд, ки дар ҳаёт ғояҳои миллигароӣ ва худмуайянкунии пурраро роҳандозӣ мекарданд. Яъне, рӯз то рӯз «ба машом бӯи ҷанги ногузир мезад».
Баҳонаи оғози он моҷарои назди пули Лугоутсяо гардид. 7 июли соли 1937 қушунҳои ҷопонӣ ротаи сарбозони чиниеро, ки ин пулро муҳофизат мекарданд, ҳадафи тир қарор доданд. Хитоиҳо ба оташ бо оташ ҷавоб доданд ва ин баҳонае шуд барои эълон намудани ҷанг аз ҷониби Ҷопон.
Ин ҷанг, нигоҳ накарда ба кумаки фаъолонаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба кишвар, хеле зуд барои Чин бебарор оғоз гардид. Ҷопониҳо барқвор ба сарзамини душман ҳаракат мекарданд. 11 ноябр онҳо Шанхайро тасарруф карданд, 9 декабр бошад, онҳо нахустин ҳуҷуми оммавиро ба пойтахт-шаҳри Нанкин пеш гирифтанд.
Хитоиҳо фаҳмиданд, ки пеши ҳуҷуми душманро гирифта наметавонанд ва 12 декабр артиши онҳо ба соҳили дигари рӯдхонаи бузурги Янтсзи гузашт. Ба ҳамин минвол, онҳо тақдири 1 миллион сокини пойтахтро ба ихтиёри ҷопониҳо вогузоштанд. Аллакай 13 декабр ба Нанкин ғолибона дивизияҳои 6 ва 16-и артиши ҷопонӣ даромаданд, баъдтар ба ин ҷо 2 флотилияи қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии Ҷопон омад. Дар шаҳр дӯзах сар шуд...
Ҷопониҳо, ба қатли оми аҳолии Нанкин оғоз карда, «аз рӯйи принсип» аз силоҳи оташфишон истифода набурданд. Силоҳи кушторҳои ваҳшиёна ханҷар ва шамшерҳое гардиданд, ки дар лавозимоти артиши императорӣ буданд. Баъдан, соли 1946, трибунали байналмилалӣ доир гардид, ки ҷиноятҳои ҳарбии артиши ҷопониро таҳқиқ мекард. Дар он шаҳодати садҳо сокинон садо доданд, садҳо акс ва кинохроникаҳое, ки ҳам аз ҷониби худи ҷопониҳо ва ҳам аз ҷониби рӯзноманигорони ҳарбӣ, ки дар Нанкин буданду фирор накарданд ва шоҳиди ин ваҳшонияти гӯшношунид гаштанду онро сабт карданд, ба маъраз гузошта шуданд.
Ба шахсони дорои психикаи заиф дидани ин аксҳову филмҳо ва ҳуҷҷатҳои хаттӣ тавсия дода намешавад.
Ба назар мерасад, ҷопониҳое, ки ба Нанкин даромаданд, тамоми ваҳшониятеро, ки метавон тасаввурашон кард, роҳандозӣ карданд. Тибқи маълумоти трибунал, ғосибон дар тӯли якчанд ҳафта то 80 ҳазор занро таҷовуз ва ҳатто кампирону духтарчаҳои тамоман хурдсолро раҳм накарданд… Занҳои таҷовузшударо ҳамон ҷо, дар макони ҷиноят қатл мекарданд. Якояк. Ҳеҷ кас истисно набуд. Шикамҳои онҳоро чок, ё синаҳояшонро мебуриданд ва ҷасадҳои таҳқиршударо дар дарвоза ва деворҳои наздиктарин мехкӯб мекарданд. Падаронро маҷбур мекарданд духтарони худро таҷовуз кунанд, писаронро маҷбур ба таҷовузи модаронашон…Он занҳое, ки бо муъҷизае зинда монданд, баъдан даст ба худкушӣ заданд, чун ин шармандагиро таҳаммул карда натавонистанд…Кӯдакону тифлонро ба ҳаво партофта, тир холӣ мекарданд ё сари шамшеру найза («штык»)-ҳои силоҳҳои оташфишон ин кӯдакон омада меафтиданд…Шаҳрро садои нола ва фиғонҳои қурбониёни ин барбариҳои садаи 20 фаро гирифта буд ва гӯиё амсоли ҷаҳаннам дар сайёраи Замин падид омада…Тибқи маълумоти зикргардидаи трибунал, баъд аз фоҷиаи Нанкин боз ҳазорҳо худкушиҳои қурбониҳои бадбахти ҳарбиёни ҷопонӣ ба қайд гирифта шуданд.
Бо мардон боз ҳам даҳшатноктар «ҳисобро баробар мекарданд». Сари онҳоро бо шамшер мезаданд, онҳоро зинда ба зинда месӯзониданд ва зинда ба зинда гӯр мекарданд… «Дилхушӣ»-и аз ҳама дӯстдоштатарини сарбозони ҷопонӣ чунин буд-одамонро то миён ба замин гӯр мекарданд ва ба сари онҳо сагҳои гуруснаро метозонданд. Сагон ба ин бадбахтон дармеафтоданд ва онҳоро пора-пора мекарданд. Ҳама ҷоро боқимондаҳои гӯшт ва кулмакҳои хуни одамӣ фаро гирифта буд. Зери қаҳ-қаҳаи ғолибон…
Оид ба ин, ки ин ваҳшоният ба фармондеҳии олии Ҷопон маълум буд ва хомӯшона дастгирӣ ҳам мешуд, чунин далел шаҳодат медиҳад. Он замон рӯзномаҳои ҷопонӣ маълумоти «тотализатор»-ҳоро нашр мекарданд-«кӣ аз ҷопониҳо хитоии бисёртареро дар Нанкин қатл мекунад»: Иқтибос аз хабарҳои рӯзномаи «Japanese Advertiser» (бо забони англисӣ), ки дар Токио нашр мешуд: «Лейтенанти калон Мукаи ва лейтенанти калон Нода сари он, ки кӣ зудтар сад хитоиро бо шамшер қатл мекунад, сабқати дӯстона доир намуданд. Вақте дар ҳисоби Мукаи 89, дар ҳисоби Нода 78 хитоӣ буд, дар ин лаҳза шамшери Мукаи каме осеб дид. Ин ҳамон вақте рух дод, ки ӯ як хитоиро аз китф то пояш ду ним кард».

Ғолиби ин «сабқати дӯстона» ба мо то ҳол номаълум боқӣ мемонад…
Аврупоиёнро ҳарбиёни ҷопонӣ даст намезаданд. Ин «фармони болоӣ» буд. Ҷопон хуб дарк мекард, ки моҷаро бо Амрико ё Аврупо он солҳо бо як чиз метавонист анҷом ёбад-торумор ва нест шудани он ҳамчун давлат. Хотиррасон мекунем, ки ҳуҷуми авиатсияи ҷопонӣ ба пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрии амрикоӣ дар Пёрл-Харбор (ҷазираҳои Ҳавайи ИМА), ки ба ҷанг миёни ИМА-ву Ҷопон, баъдан ба бомбаборонкунии ҳастаии Хиросима ва Нагасаки овард, хеле баъдтар-7 декабри соли 1941 сурат гирифт (ба ин минвол, «шери хобрафта»-Амрикоро ба ғазаб оварда, ҷопониҳо «ба сари худ аҷал хариданд»). Вале акнун он замон аллакай ваъияти тамоман дигари сиёсӣ рӯйи кор омада буд. Ҷопон иттифоқчии Олмони гитлерӣ гардид, ки қариб батамом қитъаи Аврупоро ба даст оварда буд ва акнун «самурайҳо» аз ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз наметарсиданд.То задани «гурзи амрикоӣ» ба сарашон…
Ҳангоми ҳодисаҳои хунини Нанкин бехатарии нисбии аврупоиҳо ба онҳо имконият медод, ки як зумра хитоиҳои таҳти генотсиди ҳақиқӣ афтидаро наҷот диҳанд. Кумитаи байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки онро тоҷири олмонӣ, намояндаи ширкати Siemens дар Чин Йон Хайнрих Детлеф Рабе сарварӣ намуд. Ба ин ташкилот муяссар гардид ба ном «минтақаи бехатарии Нанкин»-ро созмон диҳад, ки дар он наздики 200 ҳазор хитоӣ панаҳ ва ҷон ба саломат бурданд.
Оид ба ҳодисаҳои хунини Нанкин ҳаминро илова бояд намуд, ки новобаста ба трибунали байналмилалии гузашта, дар Ҷопони муосир то ҳанӯз кӯшиши азнавнависии таърих давом дорад. Оғоз аз солҳои 70-и қарни гузашта, дар кишвар пайи ҳам «тадқиқоти илмӣ» рӯйи кор меоянд, ки муаллифони онҳо то ҳадде расиданд, ки мегӯянд, «ҳодисаҳои Нанкин умуман ҷой надоштанд ва онҳо аз ҷониби душманон сохтакорӣ шудаанд». Дар китобҳои ҳозираи дарсии таърихи ҷопонӣ дар бораи Нанкин танҳо якчанд сатр бахшида шудааст ва дар онҳо зикр мегарданд, ки «одамони зиёд талаф ёфтанд». Маҳз барои ҳамин ҷавонони имрӯзаи ҷопонӣ оид ба ин даҳшати хунинбор ва сиёсати генотсид (маҳвсозӣ)-е, ки Ҷопон нисбати аҳолии хитоӣ мебурд, хабари пурра надоранд.
Бояд боз баъзе чизҳоро ин ҷо илова кард. Он солҳо Ҷопони императорӣ ва қувваҳои ҳарбии он зиёд ҷиноятҳои ҳарбиеро содир карданд, ки бо ваҳшонияти ҳайвониашон шахсро ба тааҷҷуб меорад. Нанкин танҳо барои он машҳуру маълум гардид, ки ҳазорҳо ҳуҷҷат ва шаҳодату далелҳои воқеии ин ваҳшоният боқӣ мондааст.
Ғайр аз Нанкин ҳодисаҳои дигаре низ буданд…
Масалан, 15 феврали соли 1942 қушунҳои ҷопонӣ Сингапурро, ки он вақт мустамликаи Британияи Кабир буд, тасарруф карданд. Нахустин иқдоме, ки артиши императории Ҷопон пеш гирифт, ин маҳвсозии қавмӣ буд-хитоиҳоро дастгир ва нест мекарданд, дигар қавмиятҳои сингапурӣ низ ба зери оташ ва шамшерҳои буррои самурайҳо афтиданд, ҳамонҳоеро, ки кӯшиш мекарданд хитоиҳои бадбахтро наҷот диҳанд…Чун қойида, онҳоро бе суд ва тафтишот аз пулемётҳо мепарронданд. Ва ё онҳо зери шамшерҳои тези самурайӣ меафтиданд ва сарбозу афсарони ҷопонӣ бо ҳам сабқати куштор мекарданд. Ин ҷо низ ваҳшонияти зиёд содир шуда…
Шумораи кушташудагони ҳодисаи Сингапур то ҳол аниқ маълум нест. Тибқи ақидаи ҳукуматдорони бритонӣ ва сингапурӣ, сухан нисбати камаш 100 ҳазор одам меравад.
Аввали моҳи феврали соли 1945, вақте Ҷопон дарк кард, ки авзои ҳарбӣ-сиёсии рӯйикоромада акнун батамом ба нафъи ӯ нест ва он пойтахти ғасбшудаи Филиппин-шаҳри Маниларо нигаҳ дошта наметавонад, артиш ба нест кардани шаҳр ва сокинони он оғоз намуд. Чун одати худ, онҳо ҳеҷ касро раҳм намекарданд-занон, кӯдакон ва калонсолон азоб ва қатл карда шуданд…
Ҳамин гуна тақдири фоҷиавӣ консулгарии испаниро интизор буд: наздики панҷоҳ нафар дар бинои миссияи дипломатӣ зинда ба зинда сӯзонида шуданд ва ё дар боғи консулгарӣ бо зарби ханҷару шамшерҳо қатл гардиданд. Тибқи баҳогузории трибунали байналмилалӣ, ки ин ҷиноятро ҳам тафтиш мекард, дар Манила наздики 100 ҳазор одам кушта шуданд. Такрор мекунем, Токиои расмӣ то ҳол ҳамаи ин ҷиноятҳоро рад мекунад. Ба ҳар ҳол, барои ваҳшонияти артиши худ Ҷопон аз касе бахшиш напурсидааст.
Ҳамин гуна ҳодисаҳои даҳшатнок дар Корея ва дигар мамолики забтшудаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ рух медоданд. Махсусан, мардуми Корея ҳеҷ гоҳ ин ҷиноятҳои зиддиинсонии машинаи ҳарбии Ҷопони императориро фаромӯш нахоҳад кард…
Моро ин ҷо дуруст бояд дарк кард. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон равобити дипломативу дӯстонаи ҳасана дорад ва мақсади мо тирагии равобит бо ин кишвари бузурги пешрафтаи саноатӣ нест. На, мо инро зинҳор намехоҳем. Дастовардҳои фановариву илмиву техникии ин кишвари бузург шоёни таҳсин ва эҳтироми самимӣ аст, ки бисёри дигар кишварҳоро даҳсолаҳову қарнҳо лозим аст ба сатҳи технологии ҷопонӣ бирасанд. Агар бирасанд. Равобит бо ин давлат дорои зарфиятҳои бузургест истифоданашуда, ки мо метавонем ба манфиати худ истифода барем. Ҳоло Ҷопони муосир он Ҷопони ҷангҷӯи ғосиб нест (новобаста аз он, ки дар кишвар то ҳол гурӯҳҳои «реваншистон» мавҷуданд, ки аз нав дидани таърих, бозгардонидани ҷазираҳои Курил ва дигар заминҳои аздастрафтаро талаб доранд). Ҳадафи мо-ёде аз таърих ва пос доштани хотираи қурбониёни Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ асту бас.
Ба ҷавонони мо имрӯз лозим аст дар қатори фанҳои дақиқ (ки тақозои вақт аст ва ҳоло ин улум асосист) ҳамчунин таърих (на танҳо таърихи гузаштагони худ, ҳарчанд ин авлавият дорад)-ро низ омӯзанд ва аз он сабақ гиранд. Онҳо бояд дарк кунанд, ки масалан, Ҷопон танҳо Toyota, Lexus, Nissan, Toshiba, Sony, Panasonic ва дигар брендҳои ҷаҳонӣ нест, балки чунин саҳифаҳои торику талхи таърихӣ низ дорад…
Мо имрӯз аз хатарҳои «вабои аср»-терроризму ифротгаройии диниву мазҳабӣ ҳарф мезанем ва алайҳи он мубориза мебарему онро маҳкум мекунем. Аммо набояд ин ҷо аз амалҳои «терроризми давлатӣ» низ ноогаҳ буд. Ҳамон «терроризми давлатӣ»-е ки ҳам аз ҷониби ҳарбиёни ҷопонӣ дар кишварҳои забтшудаи Осиё роҳандозӣ гардид ва ҳамоне, ки ба сари аҳолии осоиштаи Хиросимаву Нагасаки офат овард ва ҳамоне ки имрӯз, мутаассифона, нишонаҳояш дар ҷаҳони муосир ҳаст…
Ростӣ, сари ин мавзуъ нишастан бароям аз ҷиҳати равонӣ осон набуд, аммо чӣ илоҷ, ки хотираи қурбониёни маъсумро набояд ба гӯшаи фаромӯшӣ супурд…
Нанкин, инсоният фоҷиаи туро фаромӯш накардааст ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард!!!
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: