Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Гулистон: Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”

Гулистон: Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”

22-09-2021, 11:29
Хабарро хонданд: 137 нафар
Назарҳо: 0
Гулистон: Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон”

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26 декабри соли 2019, Ҳукумати мамлакатро вазифадор намуданд, ки бо мақсади омӯзиши таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида, ба ҳар як оилаи кишвар тақдим намоянд. Корвони китоби «Тоҷикон»-и академик, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров бо теъдоди беш аз 11,3 ҳазор нусха ба шаҳри Гулистон ворид гардид. Дастрас гардидани ин китоб ба аҳолӣ яке аз иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб рафта, сокинон бо хушнудии зиёд туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфтанд. Мутолиаи ин китоби пурарзиш бори дигар моро аз таърихи миллати хеш ба куллӣ огоҳ мегардонад. Насли наврас ба хусус ба он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, аз корнамоиҳои ниёгони хеш баҳра бурда, дар оянда барои пешравии кишвар кӯшиш мекунанд. Шоҳасари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров аз номи Пешвои муаззами миллат ҳамчун туҳфаи ҷашнии 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастраси сокинон гардида истодааст. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳизбиёни шаҳр ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақдими шиносномаи миллат – шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров изҳори синосгузорӣ баён менамояд. Итминони комил дорем, ки мутолиаи китоби мазкур дар ниҳоди ҳар хонанда меҳру муҳаббатро нисбат ба Ватан меафзояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: