Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Тоҷикон» – ҷавҳари ҳастӣ ва чароғи раҳнамои миллат

«Тоҷикон» – ҷавҳари ҳастӣ ва чароғи раҳнамои миллат

22-05-2023, 09:36
Хабарро хонданд: 217 нафар
Назарҳо: 0
«Тоҷикон» – ҷавҳари  ҳастӣ  ва  чароғи  раҳнамои  миллат
Ҳар як қавму миллат дорои шахсиятҳое мебошанд, ки ки онҳо ҳастии хешро ба халқу кишварашон бахшидаанд. Арзандатарин шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик Исмоили Сомонӣ , Борбад , Курӯши Кабир, Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ , Садриддин Айнӣ , Мирзо Турсунзода , Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум, Эмомалӣ Раҳмон ва боз чанде дигарон буда, номашон дар таърихи давлату миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Бобоҷон Ғафуров бо навиштани китоби « Тоҷикон» миллати барӯманду хирадсолори тоҷикро ба ҷаҳониён шиносо намуд ва ин зарринкитоб ҳамчун шиносномаи миллат шинохта шуд. Ин падидаи нодири таърихӣ дар ховаршиносии шуравӣ , илми таърихнигории ватанию хориҷӣ таконе бахшида, номи Бобоҷон Ғафуровро дар хотираи миллат абадӣ намуд.
Ӯ аз нафасҳои аввалини худшиносӣ то ба вопасин рӯзҳои умраш ба миллати тоҷик содиқ буданашро нишон дод. Аксарияти олимони ҷаҳонӣ, аз ҷумла ховаршиноси машҳури амрикоӣ, профессори Донишгоҳи Ҳарвард Ричард Фрай ва шарқшиноси чех Иржи Бечка , ки борҳо ба Точикистон сафарҳои корӣ анҷом додаанд, заҳматҳои Бобоҷон Ғафуровро хеле баланд арзёбӣ карда , шӯҳрати ӯро ба маротиб афзудаанд. Хотиррасон кардан ба маврид аст , ки ин асари мондагорсоли 1998 ба истиқболи 1100- солагии давлати Сомониён ва 90-солагии зодрузи академик Бобоҷон Ғафуров бо ҳуруфоти кириллӣ ва хати арабиасоси тоҷикӣ, соли 2008 бахшида ба 100- солагии аллома ва соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо забонҳои англисӣ , аз рӯи матни русии он, ба нашр расид.Тарҷумаи порчаҳои алоҳидаи он соли 1977 дар маҷаллаи «Шоҳроҳи Абрешим» (Ҷопон), соли 1978 дар Полша (Варшава), соли 2006 дар Деҳлии Ҳиндустон (бо забони англисӣ дар ду ҷилд), соли 1984 бо ҳуруфоти арабиасос дар Кобул (Афғонистон) ва дигар кишварҳо ба нашр шудаанд. Мактаби таърихнигории тоҷик маҳз бо ташаббуси олим ва академики барҷаста Бобоҷон Ғафуров ташаккул ва рушди бесобиқа ёфт. Китоби «Тоҷикон» дар заминаи « Таърихи мухтасари халқи тоҷик» соли 1947 ба вуҷуд омад. Дар тақризи он нависандаи оламшумул, устод Садриддин Айнӣ ин падидаро « ҳодисаи бузург» номид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби « Тоҷикон» -ро « шиносномаи миллати тоҷик» ва заҳмати 30-солагии Бобоҷон Ғафуровро « хизмати Рустамона» гуфтааст. « Тоҷикон» василаи таҳкимбахшиҳувиятимиллӣ ва сарчашмаи худшиносии миллати тоҷик буда, муаллиф дар рафти омӯзиш ва таҳқиқи таърихӣ халқи тоҷиказ зиёда аз ду ҳазорадабиёти илмӣ ва сарчашмаҳои таърихи истифода бурдааст. Хизмати бузурги аллома Бобоҷон Ғафуров аз он иборат аст, ки ӯ аввал тоҷиконро ба минбарҳои ҷаҳонӣ баровард ва сониян ба даҳони бадхоҳони миллат аз номи зиёда аз 50-миллион тоҷикони дунё мушти дандоншикан зада тавонист. Хизматҳои сангин ва асноду далелҳои шаффофи он боис шуд, ки ҳамчун «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ асари ӯ безаволгардад.
“Тоҷикон” дар давоми 50соли пас аз нашри русии он (1972) ёздаҳ маротиба бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, лаҳистонӣ , англисӣ, ӯзбекӣ ва дигар забонҳо бознашр гардида, ҳамвора ҳамчун яке китобҳои аз серхонандатарин то ба имрӯз шинохта шудааст. Ин асари безавол ибтидои солҳои 70-уми асри 20 таҳлил ва ҷамъбаст шудааст.Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21декабри соли 2019 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин гуфта буданд: « Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ, худогоҳӣ мебошад мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшон, қаҳрамонони диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун пояи ватандӯстию садоқат ба Ватан ташвиқ намоем».
Сарвари давлат ба Ҳукумати мамлакат супориш дода буданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷиқ китоби « Тоҷикон» аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр карда шуда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон тақдим карда шавад. Он ба теъдоди 1миллиону 800 ҳазор нусха бо сифати баланд чоп шуда, дастраси ҳар як оилаи кишвар гардид ва имрӯз ба китоби рӯимизии тоҷикон табдил ёфтааст.
Инак, ин асари бунёдиро бо меҳру ихлос ва тапиши дил варақ мезанам.Китоб аз 975 саҳифа иборат буда аз чаҳор боби калону фаслҳои алоҳида иборат аст. « Тоҷикон» бо пешгуфтори муфассали Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудааст , ки дар фароварди он чунин иброз доштаанд:
« Моро зарур аст , ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем , аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, - забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем».
Муборизаю талошҳои давлатҳои пурқудрат ба он нигаронида шудааст, ки ҷаҳони якқутбиро ташкил намоянд ва вожаи “ҷаҳонишавӣ” ба вожаи ҷаҳонситезӣ табдил меёбад. Дар шароити имрӯза ин китоб ба мо дастур медиҳад, ки ба масъалаҳои амният, сулҳу ваҳдат, худшиносию худогоҳӣ, истиқлолияти миллӣ диққати зарурӣ диҳем. Хизмати мондагори аллома Бобоҷон Ғафуров аз он иборат аст, ки мо тоҷиконро имрӯз ба ҳам овардПешвоимиллат ин ҳамбастагиҳоро тақвият бахшиданд ва моро зарур аст, ки дар атрофи Роҳбари давлат боз ҳам муттаҳид шуда, парчамбардорони кору пайкори бузургони миллат бошем.
Хушхабари дигар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7майи соли 2022 « Дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии « Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат » ба ифтихори 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров мебошадва моро муваззаф менамояд , ки аз ҷасорат, матонат фидокориҳои шахсиятҳои тавонои миллат бархурдор шуда, ба хизматҳои онҳо арҷ гузорем.

Дар ҳошияи шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров « Тоҷикон»
Саркитоби зиндадорам « Тоҷикон»,
Зарварақ дар баргу борам « Тоҷикон».
Тоҷики ман кисту омад аз куҷо?
Ҳақшиносу ҳақгузорам « Тоҷикон».
Тоҷикистонро шиносонид ба даҳр,
Шуҳрати халқи баорам « Тоҷикон».
Бо ҳама бурҳону асноду далел,
Ҷавҳари тоҷиктаборам « Тоҷикон» .
Аз куҳанбунёдии тоҷикнасаб,
Довари таърихнигорам « Тоҷикон» .
Ҳуҷҷати ин миллати лашкаршикан,
Ҷилди туморам , шиорам « Тоҷикон».
Саргузашти тоҷикамро ҳақ намуд,
Парчами шуҳратбиёрам « Тоҷикон».
Номаи аллома Бобоҷон Ғафур,
Рӯи чашму дил гузорам « Тоҷикон».
Андарон меҳроби дилҳо ҷо шуда,
Заркитоби мондагорам « Тоҷикон»!

Бобоҷони Нурзод
шоир , узви ИН, барандаи ҷоизаи
адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ноҳияи Айнӣ , деҳаи Вота

Т




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: