Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲХДТ - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

ҲХДТ - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО

29-12-2023, 15:41
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
ҲХДТ - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО
                ҲХДТ - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО
Баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар аз ҷониби кумитаҳои иҷроия ва ташкилотҳои ҳизбӣ иқдоми хайрхоҳона ба таври густурда ба роҳ монда шудааст.
Мақсад аз роҳандозӣ кардани ин амали наку дар остонаи Соли нави мелодӣ, пеш аз ҳама, аёдати шахсони барҷомонда, нафарони дорои имконияташон маҳдуд, ғамхорӣ нисбат ба ятимон ва дасти мадад дароз кардан ба онҳо мебошад.
Бо ҳамин мақсад ба 70 нафар тарбиятгирандаи Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2”-и Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Заррина Файзуллозода ва дигар шахсони масъул маводи ғизоӣ ва туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.
Ба таъкиди Раиси муаззами ҲХДТ, пайваста дар байни мардум будан яке аз вазифаҳои муҳим ва калидии ҳизб дар шароити имрӯза буда, мо бояд аз мушкилоту ниёзҳои мардум ҳамеша огоҳ бошем, ба ҳалли саривақтии онҳо мусоидат намоем, ташаббусҳои созандаи мардумро дастгирӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя намоем.
Зимни суҳбат муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бамаврид иброз намуданд, ки ҳизб дар шароити имрӯзаи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, ки бо мардуми ватандӯсти он бо қадамҳои устувор ва дилу нияти неку ояндадор ба суи пешрафту шукуфоӣ ҳаракат менамоянд, тамоми роҳбарону масъулини ҳизбро лозим аст, ки барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро сафарбар намоянд.
Инчунин, бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар тақвияти дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 44 нафар беморони шуъбаи бемориҳои сироятии кӯдаконаи Муассисаи давлатии “Маркази тиббии шаҳрии №1”- ба номи Карим Ахмедов туҳфаҳои солинавӣ тақдим гардиданд.

ВОХӮРӢ БО ҲИЗБИЁН ДАР НУРОБОД
                ҲХДТ - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО
Дар доираи маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод вохӯрии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода ҷиҳати расонидани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Мавсуф зимни суҳбат зикр намуд, ки дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳалли вазифаҳои таъмини истиқлоли комили давлат ва таҳкиму тавсеа бахшидани он имрӯз аз бисёр ҷиҳат ба эҳсоси ватандӯстии умумимиллӣ ва муттаҳидии тамоми қувваҳои ҷамъият вобаста буда, вазифаи ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани ташаббусҳои Пешвои миллат баҳри густариши эҳсоси ватандустӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар ин радиф таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани савияи маърифати сиёсии мутасаддиёни ҳизбӣ, аз ҷумла гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, соатҳои сиёсӣ, семинарҳои дастурдиҳӣ ва табодули таҷриба бо истифода аз усулҳои муосир роҳандозӣ карда шаванд.
Ёдовар бояд шуд, ки мардуми кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизб эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши созандагию бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дошта, барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст.

ҲАМОИШ БАХШИДА БА 115-СОЛАГИИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ
                ҲХДТ - ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳошияи Симпозиуми банаймилалӣ бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ҳамоиши ҳизбиёни пойтахт баргузор гардид.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ карда, иброз дошт, ки мо ҳанӯз зери таассуроти суханронии пурмуҳтавои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, ки санаи 15-уми декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдат доир шуд, қарор дорем.
Гуфта шуд, ки Сарвари давлат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини сарварӣ ба худшиносиву худогоҳӣ ва эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ арҷ гузошта, дар баробари урфу одат ва анъанаҳои ниёгон, инчунин, ба шахсиятҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мақолаи аввалини он ба устод Бобоҷон Ғафуров бахшида шудааст, омадааст: «Дар таърихи ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромӯш намешавад».
-Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи асари безаволи “Тоҷикон” Бобоҷон Ғафуров низ аз шумули чунин бузургонест, ки номи ӯ дар таърихи давлатдории тоҷикон бо хатҳои заррин ҳаккокӣ шудааст. Зеро ин фарзанди фарзонаи миллат, ходими номдори давлатию сиёсӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон дар натиҷаи заҳматҳои бисёрсолаи худ исбот кард, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад,-иброз дошт Иброҳим Мирзозода.
Дар идома роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода қайд кард, ки ҳадаф аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ таъкид карданд: “Гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки хотираи ин фарзанди фарзонаи миллатро пос дорем, шоҳасари «Тоҷикон» ва дигар осори бегазанди ӯро пайваста омӯзем ва аз кору фаъолияти фидокоронааш сабақ гирем”.
Номзади илмҳои таърих Асадулло Муллоҷонов оид ба нақши китоби “Тоҷикон” дар шинохти таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва шахсияти Бобоҷон Ғафуров ибрози андеша кард.
Гуфта шуд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳри Душанбе ва алоқамандони таъриху фарҳанги тоҷик вазифадоранд, ки ин иқдом ва арҷгузориҳои баланди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба шахсияти Бобоҷон Ғафуров таблиғу ташвиқ намуда, барои дар руҳияи худшиносӣ, дӯст доштани таъриху фарҳанги худ ва арҷ гузоштан ба бузургони миллат тарбия намудани наврасону ҷавонон тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.
Маърӯзачиён таъкид карданд, ки дар шароити имрӯза, ки ҳар як сокини ҷомеа беш аз пеш ба худшиносӣ ва ҳифзи хотираи таърихии худ ниёз дорад, нашри ин асари барҷаста ва паҳн намудани он дар миёни мардуми кишвар иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар таҳкиму густариши ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон мусоидати фаъол мекунад.
Зеро таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

РИСОЛАТИ МО - ҲИЗБИЁН СОЗАНДАГИВУ ОБОДОНИСТ!
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” ва “Шаҳри гулрез” табдил додани пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе дар ин замина ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии ҳар як гӯшаи он, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт шанбегии дастаҷамъона доир карданд.
Дар рафти баргузории шанбегиҳо масъулини ҳизб, аъзои фаъоли он аз кумитаву ташкилотҳои ҳизбии ноҳияи пойтахт, вакилони шаҳриву ноҳиявӣ, инчунин, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок карда, ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани қалби поку муқаддаси Тоҷикистон - шаҳри Душанбе муассисаву коргоҳҳои хеш ва боғу гулгаштҳои ҳудуди пойтахтро аз ҳар гуна партовҳои маишӣ тоза карданд.
Қобили зикр аст, ки барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар рафти шанбегиҳо аъзои фаъоли ҳизб сафарбар гардида, бо ин амали нек дар тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди пойтахт саҳми худро гузоштанд.
Мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ, ҳамзамон, тозаю озода нигоҳ доштани гӯшаву канори шаҳри Душанбе мебошад.
Дар ҷараёни шанбегӣ шаҳраку маҳаллаҳо ва атрофи маҳалли зист тозаву озода гардида, аз роҳравҳо ҳаргуна партовҳои гуногуни пластикӣ ҷамъоварӣ гардиданд.
Чуноне аз барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ бармеояд, созандагиву ободонии кишвар ва рушду инкишофи он ҳамчун яке аз унсурҳои ватандӯстӣ буда, тамоми заминаҳои воқеиро барои ваҳдату суботи ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум муҳайё месозад ва таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” амал мекунад.
Ҳизбиёни пойтахт ният доранд, ки ин амали некро дастаҷамъона минбаъд низ дар доираи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома дода, саҳми худро дар тозаву озода намудани ҳар як гӯшаи пойтахти кишвар гузоранд.

САЙРИ МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ ВА ШАҲРАКИ СОЛИНАВӢ

Дар арафаи Соли нави мелодӣ бо мақсади дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеа, ки имрӯзҳо яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин, яке аз бахшҳои асосии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ба ҳисоб меравад, сайр ва тамошои тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе аз Майдони Истиқлол ва “Шаҳраки солинавӣ”, ки дар ин Майдон ороста шудааст, ба роҳ монда шуд.
Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Нилуфар Каримзода, мудири шуъбаи ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Насим Ҳомидзода ва устодони Муассисаи давлатии “Литсейи касбӣ-техникии махсуси шаҳри Душанбе” иштирок доштанд.
Дар ибтидо тарбиятгирандагони литсейро ба муносибати Соли нави мелодии 2024 самимона шодбош гуфта, зикр намуданд, ки маҳз донишу маърифат ва хираду заковат баҳри пешрафти ҷомеа ва таҳкими сулҳу суботи кишвар заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон, ба тарбиятгирандагони литсей дар муҳити идона туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд, ки ин боиси хушҳолии беҳадду канори онҳо гардид.
Дар идома, тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии “Литсейи касбӣ- техникии махсуси шаҳри Душанбе” бо истифода аз ҳавои муносиб сайри Майдони Истиқлол карда, аз зебоиҳои атрофи он ҳаловат бурданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: