Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ахлоқиву илмӣ ва сиёсии ҷавонон

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи ахлоқиву илмӣ ва сиёсии ҷавонон

7-11-2023, 10:03
Хабарро хонданд: 28 нафар
Назарҳо: 0
Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳнамову роҳкушои ҷавонон, ҳомии илму маориф муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба василаи афкори маорифпарваронаи хеш дар назди мо аҳли ҷавонони илмдӯсту донишварз вазифа мегузорад, ки бо роҳи густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи суннатии худ, раванди ташаккули ҷомеаи фарҳангӣ ва пешрафтаро тақвият бахшем ва кӯдакону наврасони кишварамонро ҳамчун инсонҳои андешаманду огоҳ ва соҳибмаърифату бофарҳанг ба камол расонем, барои худ ва наслҳои оянда зиндагии шоистаеро таъмин намоем.
Қайд кардан ба мавридаст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ҳамарӯзаи пурсамари худ ба нафъи халқу Ватан ва ояндаи неки Тоҷикистон талош варзида истодааст ва мардуми шарафманди тоҷикро беш аз пеш ба ватанпарастию миллатдӯстӣ, ба қадршиносии сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва давлатдории миллӣ расидан ҳидоят менамояд.
Ба ҳамин монанд дар Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шудаанд, менталитет ё маҷмӯи сифатҳои онро ташкил медиҳанд. Ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои тоҷикон аз илму донишомӯзӣ, заҳматписандию таҳаммулпазирӣ, оштию сулҳпазирӣ, тадбирҷӯӣ, худшиносӣ, талоши фарҳангӣ, шикастанафсӣ, касбу ҳунаромузӣ, хушбинӣ (оптимистӣ), дӯстию рафоқат, иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, некӣ ва накӯкорӣ, адлу адолатҷӯйӣ, дастгирии ятимону муҳтоҷон, канораҷӯӣ аз ҳирсу ҳасад, кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшиканӣ ва ғайра иборатанд»
Мақсади асосии тарбия барҳам задани хислатҳои манфии инсоният ба ҳисоб меравад. Мақсаду мароми ҳидоят ва даъватҳои Президенти кишвар, Пешвои миллат дар мавриди тарбия ин тақвият бахшидан барои бартараф кардани нуқсу заифиҳои инсоният, ки аз табиати худи ӯ, аз арзишҳои ақлонӣ, зеҳнӣ, ба хотири рушди ирода, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ ва худшиносии шахсият бар меоянд, нигаронида шудааст.
Ба таъкит ва андешаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат: Президенти кишвар «Зиёиён бояд пешсафи ҷомеа бошанд, зеро тарбияи ватандӯстонаи мардум, аз ҷумла, ҷавонон ва насли наврас қисми муҳимтарини рисолати таърихии онҳо мебошад. Халқи мо хеле хуб дарк намудааст, ки истиқлолияти комил ва воқеиро танҳо бо меҳнати ҳалолу созанда, тафаккури баланди сиёсию фарҳангӣ ва ҳисси масъулият дар назди наслҳои имрӯзаю ояндаи Ватан ба даст овардан мумкин аст. Бинобар ин, рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илм ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст.
Аз ин рӯ, рӯҳияи мардум вобаста ба хавфу таҳдидҳои дорои хусусияти дохилӣ бояд дар асоси принсипҳои устувор, ки истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот, амният ва эътимод ба ояндаи некро дар бар мегирад, дастгирӣ ва таҳким ёбад.
Ба таъкиду андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат: Президенти кишвар, «Афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар мактаб оғоз меёбад. Таъсис додани шабакаи махсуси телевизиони давлатӣ барои кӯдакону наврасон бо номи "Баҳористон" иқдоми навбатии давлат дар ҳаққи насли оянда мебошад. Акнун хурдсолону хонандагони мактабҳои мо соҳиби майдону минбар шуданд ва умед аст, ки ин шабака ба тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакону наврасон, кашфи истеъдодҳо ва сайқали маҳорати онҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад»
Дар ин самт роҳнамоӣ, ҳамкорӣ ва мадади аҳли зиё бо шабакаҳои телевизионӣ бояд ба воситаи муҳими таълиму тарбияи наврасону ҷавонон табдил дода шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат истеъдодҳоро боигарии миллат медонад. Ба андешаи ӯ онҳо мисли ганҷ дар ҳар як гӯшаи Тоҷикистон вуҷуд доранд. Кашф ва ба арсаи илму маориф ва фарҳанг раҳнамоӣ кардани ҷавонони соҳибистеъдод ва ҳунарманд, тарбияву дастгирии онҳояк рукни муҳими фаъолияти вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва иттифоқҳои эҷодӣ дар амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбия мебошад. Намояндагони машҳури миллат аз замонҳои қадим мактаби хосси эҷодии худро доштанд ва ҳамеша дар баробари равнақи эҷодиёти худ ба ёфтану тарбия кардани ҷавонони болаёқат ғамхорӣ зоҳир мекарданд. Онҳо ба ин восита ҳам суннати эҷодии худро нигоҳ медоштанд, ҳам дигар номбардорони сабку равияи хоссаи ҳунарнамоиро ба майдон меоварданд.
Имрӯз таълиму тарбияи наврасон ва ҷавонон дар рӯҳияи арзишҳои суннатии башарӣ ба рисолати зиёиён вогузор карда шудааст. Зиёиён ҳамчун парчамбардорони илму маърифат ва тарзи зиндагии солим нисбат ба тақдири ояндаи наврасону ҷавонон андеша кунанд. Зеро онҳо ояндаи мо буда, бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ ба воя расанд.
Баргузори гардидани мулоқотҳои ҳарсолаи, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат бо зиёиён, гузаронидани маъракаҳои фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе - пойтахти кишвар ва минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон низ идомаи амалӣ гардонидани Консепсияи миллии тарбия мебошад.
Баргузор намудани ин гуна маъракаҳо ва вохӯриҳо аз тарафи зиёиён раванди таҳкими ваҳдати миллӣ, болоравии эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, пойдории сулҳу суботро дар ниҳоди насли наврас ва ҷавонон ба вуҷуд меорад. Зеро ғояҳои ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои фарҳанги миллӣ, эҳтиром гузоштан ва ҳифз кардани анъанаҳои таърихӣ ва тамаддуни ниёгон, ҳама дар маҷмӯъ қисми таркибии Консепсияи миллии тарбия мебошанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар, масъалаи илму маорифро аз самтҳои хеле муҳими сиёсати давлатӣ донистааст, зеро пешрафти минбаъдаи Тоҷикистон ба рушди маорифи миллӣ ва беҳдошти заминаи тарбияи миллӣ вобаста мебошад. Маҳз зиёиён бо рисолати бузурги хеш тарбияи миллии насли наврас ва ҷавононро баланд бардошта, онҳоро ба илмомузӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.
Яке аз заминаҳои сиёсию ҳуқуқӣ дар амалӣ гаштани Консепсияи миллии тарбия ин тавсеа бахшидани мақоми забони миллӣ мебошад. «Ба тавассути забон, - таъкид месозад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, ҳувияти миллӣ ҳифз мегардад, он воситаи муқтадири сарҷамъ намудани миллат, таъмини якпорчагии сарзамини кишвар дар ҳама давру замон мебошад. Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон фанои миллат аст».
Маҳз, андешаҳои воло ва осори гаронбаҳои абармардони миллати мо буд, ки фарҳанг ва забони тоҷикӣ дар тӯли таърих бо вуҷуди ҳама фишорҳои сиёсиву мафкуравии бегонагон мақом ва мартабаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ нигоҳ доштааст. Эҳтироми забони миллӣ ва арҷ гузоштан ба он маҳаки асосии тарбияи миллӣ ва хештаншиносию худогоҳиро дар Консепсияи миллии тарбия ташкил мекунад. Ҳамин маҳаки асосии унсурҳои таркибии тарбияи миллиро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар мулоқот бо зиёиён атрофи ин рукни худшиносии миллӣ масъалагузорӣ намудааст. Забону фарҳангӣ мо, ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат: «Оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро бо ҳама саҳифаҳои гоҳо дурахшон ва гоҳе парешон, бо ҳама нишебу фарозҳои таърих дар худ инъикос кардааст. Аз ин оина пайдост, ки барои аҷдоди бонангу номуси мо мафҳумҳои Модар, Ватан, Истиқол, Забон ва Фарҳанг ҳамеша ҳаммаъно будаанд. Зеро фарҳанг ва забон дар ҳама давру замон таҷассумгари ҳувияти ҳар як миллат мебошад. Маҳз фарҳанг, забон ва анъанаҳои бунёди асолати миллиро пойдору устувор нигоҳ медоранд»
Бояд ҳамаи зиёӣ бояд талош варзад, ки забон ва фарҳанги миллиро ҳифз карда, густариш диҳад, онро ба насли наврас ва ҷавонон ба таври арзанда муаррифӣ намояд ва ҳамчун сарвати бебаҳои миллӣ барои наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузорад.
Масъалаи худшиносии миллӣ дар манзари асосии мулоқотҳои, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар бо зиёиён дар ҳамешагӣ қарор дорад. «Худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ,- таъкид менамояд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат - ҳаргиз маънои онро надорад, ки мо худро ба дигар халқҳо муқобил гузорем, зеро ҳар халқ дар таърих мақому манзалати хос дорад, мувофиқи шароити ҷуғрофию таърихии хеш дар тамаддуни башарӣ саҳм гирифтааст».
Олимону эҷодкорон бояд дар ин росто асарҳое ба нашр расонанд, ки рисолати таърихии миллатро рӯшан намоянд, нерӯи зеҳниро бедор кунанд, насли наврас ва ҷавонро ба донишандӯзию ҷаҳоншиносӣ бихонанд, оташи муҳаббатро ба Ватан, обу хоки поки он, рамзҳои муқаддаси миллӣ дар дили онҳо барафрӯзанд. Онҳоро ба андешидан водор созанд, ки кистанд, аз куҷоянд ва дар пайи чистанд.
Чунончӣ, дар мулоқот бо зиёиён, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар таъкид карда буд: «Ман бори дигар таъкид мекунам, ки барои чун инсони комилу бомаърифат ба воя расидани наврасон маҳз мутолиаи пайвастаи китобҳои бадеӣ, азхуд кардани донишҳои муосир, технологияҳои замонавӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои фарҳангӣ муосидат мекунанд. Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар рӯҳияи замони муосир, дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллат ба воя расад.
Зиёиёни имрӯзаи кишвари мо бояд зарурати пешбурди ҳаёти иҷтимоиву иқдисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва фарҳангии Ватанамонро амалан дарк намоянд. Онҳо бояд бо тамоми масъулият эҳсос кунанд, ки ояндаи Тоҷикистони азизамон аз шакл ва усулҳои таълим, ба даст овардани дониши мукаммал, истифода аз дастовардҳои илми муосир, дар истеҳсолот ҷорӣ сохтани техникаву технологияҳои навин ва муҳимтар аз ҳама, тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ вобаста мебошад»
Эътибор ва мақоми маориф дар рушди ҷомеа дар ҳама давру замонҳо муассир аст. Чунки бе рушди соҳаи маориф пешрафти ҷомеаро тасаввур кардан аз имкон берун аст. Бо таъкиди Президенти кишвар, - Пешвои миллат: «Вазифаи зиёиён ин аст, ки наврасону ҷавононро бо дастовардҳои тозаи илму фарҳанги ҷаҳонӣ пайваста ошно намоянд, онҳоро ба омӯзиши илм ва технологияи муосир ҳавасманд гардонанд. Ба хотири шиносоии бештари насли ҷавони кишвар ва ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба тамаддуни умумибашарӣ олимону адибон ва устодони муассисаҳои таълимӣ бояд ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои дигар миллатҳо ва тарҷумаву пешкаши умум гардонидани осори илмиву адабӣ ва фарҳангии халқҳои ҷаҳон таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд»
Аз ин рӯ, барои баланд бардоштани обрӯй ва мақоми омӯзгор дар ҷомеа, татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҳар як зиёиро лозим аст, ки бо дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон бо як масъулияти ватандорӣ саҳми хешро гузоранд.
Имрӯз тамоми мактабҳову донишгоҳҳо бо техникаву технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва ҳар сол чандин мактабу омӯзишгоҳҳо кушода ба истифода дода мешаванд ва аз якуми сентябр соли 2019, 15 фоиз стипендияи донишҷӯён баланд бардошта шуд, ки ин ҳама барои хуб таҳсил кардани кулли донишҷӯёни донишгоҳҳо имконият фароҳам меорад, ки хонанд ва аз илмҳои ҷаҳонӣ огаҳ гарданд ва ҳамқадами замон бошанду дар роҳи гулгулшукуфоӣ ва муаррифӣ кардани давлатамон дар ҷаҳони муосир саҳми созанда гузоранд.
Мо ҷавонон набояд фаромӯш кунем, ояндаи ҷомеа ва вориси аслии Тоҷикистону тоҷикони соҳибтамаддуну куҳанбунёд, давлатдор ва соҳиби арзишҳои баланди маънавӣ дар ҷаҳон ҳастем.
Г. Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: