Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ХУДШИНОСӢ - ПОЙГОҲИ УСТУВОРИ МАЪНАВӢ

ХУДШИНОСӢ - ПОЙГОҲИ УСТУВОРИ МАЪНАВӢ

15-07-2025, 23:51
Хабарро хонданд: 934 нафар
Назарҳо: 0
 ХУДШИНОСӢ - ПОЙГОҲИ УСТУВОРИ МАЪНАВӢ
“Фаромӯш набояд кард, ки худшиносӣ танҳо гирифтори дастовардҳои гузашта шудан ва аз мероси илмиву адабӣ ва фарҳангии ниёгон ифтихори хушку холӣ доштан нест, балки он пойгоҳи устувори маънавиест, ки фарзандони бонангу номус ва огоҳу бедордили миллатро ба қиёсу хулосабарориҳои таҳлилӣ ва бо дарки воқеияти замони нав, пайрезӣ кардани ҳадафҳои неки созанда барои даҳсолаҳои минбаъда ҳидоят месозад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Худшиносӣ аз фазилатҳои муҳимми инсон аст, ки барои ташаккули шахсият ва ҳувияти ӯ мусоидат менамояд. Маҳз тавассути худшиносӣ инсон метавонад на танҳо ҷанбаҳои гуногуни шахсияти худро муайян ва норасоиҳои ҷисмониву равонии худро ислоҳ намояд, балки шахсиятҳои дигарро шиносад ва дар робита бо онҳо мавқеи худро дар ҷомеа устувор созад. Бесабаб нест, ки донишмандони бузурги Шарқу Ѓарб ҳамеша инсонро ба худшиносӣ даъват карда, шиори “Худро бишнос!”- ро ба миён гузоштаанд. Дар тасаввуф низ худшиносӣ василаи асосии шинохти Ҳақ маҳсуб мешавад.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар гоҳ ин фазилати инсонӣ коҳиш ёбад, фасоду касоди ахлоқӣ, нооромиву бенизомӣ дар ҷомеа авҷ мегирад. Ҳодисаҳое, ки пас аз фурӯпошии давлати Иттиҳоди Шуравӣ дар ҷумҳурии мо ба вуқуъ омаданд, гувоҳи ҳамин мебошанд. Онҳое, ки аз худшиносӣ дур гашта, ба мафкураву ҷараёнҳои бегона гаравидаанд, яке аз сабабгорони нооромиҳо дар ҷомеа мебошанд. Набудани худшиносӣ боиси низоъҳои байнихудии мардум мегардад.
Хушбахтона, пас аз дарёфти истиқлоли сиёсиву давлатӣ таваҷҷуҳ ба худшиносӣ ривоҷ ёфт ва ин барои таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи мусоидат фароҳам овард.
Пӯшида нест, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷомеаи мо вазъи ногуворе дошт. Нооромӣ, бархӯрдҳои сиёсиву низомӣ, беназмиву бетартибиҳо, буҳрони сиёсиву иқтисодӣ, маънавию ахлоқӣ ва билохира, ҷангҳо дар ҷомеа ҷой доштанд. Ҳамзамон, набудани шууру маданияти сиёсӣ, дарки манфиатҳои мил¬лӣ, вобастагиҳои яктарафа, қувваҳои гуногуни вобаста ба хориҷ ба якбор ҷомеаи моро фалаҷ намуда, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Агар вазъияти аввали солҳои 90-умро баррасӣ намоем, мебинем, ки шуури милливу истиқлолталабӣ ҳанӯз дар мардуми мо дар сатҳи хеле паст буд ва дар доираи басо маҳдуде ҷой дошт. Ҳатто он ҳаракатҳое, ки зери таъсиру тақлиди ҳаракатҳои миллии кишварҳои канори Балтик ё дигар минтақаҳо ба вуҷуд омаданд, хусусияти бешуурона дошта, ҳеҷ гуна барномаву аҳдофи худпарваронаю созандаи миллӣ надоштанд. Аксаран ин ҳаракатҳои худноогоҳӣ, гурӯҳию минтақавӣ ва маҳалливу мазҳабӣ буданд, ки хусусияти тақлидии худноогоҳии рӯякӣ доштанд. Барои мисол, агар имрӯз раъйпурсии аз нав барқаpop кардани сохти Шуравӣ доир шавад, 80-90 дарсади мардуми мо ба манфиати он, яъне омодагии худро барои ба гардан андохтани юѓи ѓуломӣ бар ивази осоиши шикаму зиндагӣ изҳор мекунанд.
Бояд хотирнишон намуд, ҳангоме ки афроди бедори миллат ин ҳамаро дарк мекунанд, худшиносии миллии онҳо ташаккул меёбад. Вале, то вақте ки ҳар фарди миллат аз марҳилаи шинохт ба феълу амал нагузарад, ин шинохт ҳамчун олами мисол (дарки руҳонӣ) - берун аз воқеият, олами хаёл, ба истилоҳ, “илми беамал” боқӣ мемонад.
Қобили тазаккур аст, ки барои пешрафту нумуи иқтисодӣ, илмию техникӣ ва маънавиёту фарҳанги миллат ва сарбаландии он дар байни миллатҳои дигар илму дониш лозим аст, вале бо ҳар роҳи мумкин ва номумкин дунболи ҳуҷҷату дипломи бе илм ва бе заҳмат гирифтан мегардем.
Мусаллам аст, ки чунин ҳолат заминаро барои ташаннуҷ омода месозад. Ҷомеаи беадолат, беилму фарҳанг ва беваҳдат макони ташаннуҷ аст. Пас, худшиносӣ ва амал тибқи он замонати пешгирӣ аз ташаннуҷ аст. Ба ҳамин тариқ, номуси миллии созандаи мо дар таърих борҳо омили бақо ва рушду қиёми фарҳангӣ, тамаддунсозӣ ва эҳёгарӣ шудааст.
Дар ҳамин замина ёдовар шудан бамаврид аст, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар маросими таҷлили Рӯзи забон дар моҳи июли соли 1996 чунин ибрози ақида намуданд: “Мамлакат бе мутахассиси хуб, бе неруи ақлонӣ мушкилоташро бартараф карда наметавонад. Ҷойи одамони боақл, эҷодкор ва созанда ҳамеша холист. Чунин шахсиятҳо ҳамеша ба сарвати маънавии халқи худ чизи нав илова карда метавонанд”.
Дар тӯли таърих ва ҳатто дар ҷомеаи ба истилоҳ, суқути фарҳанги миллӣ, ниёгони мо, ба ѓайр аз муборизаи пайгири беамон ба омӯхтани илму фарҳанг ва забону дин низ машѓул будаанд ва натиҷа он шуд, ки ҳанӯз то бунёди давлати Сомониён номҳои шахсиятҳое, чун Имом Бухорӣ, (вафоташ соли 870), Абу Мусо Тирмизӣ (вафоташ соли 892), Муслими Нишопурӣ (вафоташ соли 875), Абу Абдураҳмон Нисоӣ (вафоташ соли 914), Мотуридии Самарқандӣ (870-944) ва дигарон дар ақнофи олами ислом чун уламои пояи аввали ислом маъруфу машҳур гардида буданд.
Мусаллам аст, ки яке аз воситаҳои худшиносии миллӣ - арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавии ниёгонамон мебошад. Маҳз дар давраи соҳибистиқлолӣ ҷашну ойинҳои бостонии ниёгонамон - Наврӯзу Меҳргон, Садаву Тиргон эҳё гашта, ёдкарди бузургони гузашта, амсоли Шоҳ Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва ѓайраҳо ба ҳукми анъана даромад. Мавриди зикри хос аст, ки “Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест. Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину ойини худ мудом воқиф бошем”.
Дарвоқеъ, таҳкими раванди худшиносӣ ва худогоҳӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон барои густариши тафаккури навини миллӣ замина фароҳам овард, ки ҷавҳари онро ҳифзи истиқлолу якпорчагии давлат ва сарҷамъиву ваҳдати тоҷикон дар пояи андешаи миллӣ ташкил медиҳад.
Худшиносӣ дарки шахс дар бораи шахсияти худ, ниёзҳо ва манфиатҳои ӯ, озодии интихоб ва масъулият барои қабули қарорҳо буда, раванди омӯзиши симои берунӣ ва ҷаҳони ботинии шахс аст. Ба ибораи дигар, худшиносӣ ин огоҳии субъект дар бораи худаш аз субъектҳои дигар ва умуман, ҷаҳон буда, дарки одам аз таъсири мутақобила бо олами объективӣ ва олами субъективӣ (равонӣ), ниёзҳои ҳаётан муҳимми инсон, андешаҳо, ангезаҳо, инстинктҳо, таҷрибаҳо ва амал мебошад. Ёдрас менамоем, ки ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ, пеш аз ҳама, маънои гиромӣ доштану ҳифз намудани таърих ва анъанаву суннатҳои миллӣ мебошанд.
Ташаккули давлати миллӣ ва эҷоди пояҳову анъанаҳои давлатдории миллӣ бо раванди тавсеаи ҳисси худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шинохти таърих ва арзишҳои ахлоқии ниёгонамон робитаи мустақим дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин иброз доштанд: “Бояд ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, дарки моҳияти давлатдории миллӣ бо тамоми рамзҳояш ҳанӯз бо шири модар дар ҷону хиради ҳар як фард маъво гирад ва аз насл ба насл гузарад”.
Ҳувияти миллӣ ин ҳисси мансубият ба миллат ва фаҳмиши он аст, ки арзишҳои муштараки фарҳангӣ, забон, таърих ва эҳтимолан, сарҳадҳои умумии ҷуѓрофӣ ва сиёсӣ доранд. Дар он эътиқоди ботинӣ, аҳаммияти миллати худ, майлу хоҳиши мустаҳкам кардану инкишоф додани он ифода меёбад.
Ҳувияти миллӣ, ё худшиносии миллӣ яке аз ҷузъҳои ҳувияти инсон аст, ки бо мансубияти дарки ба як қавм ё миллати муайян алоқаманд аст. Ҳувияти миллӣ - ин ҳисси “миллат ҳамчун як кулли муттаҳид, ки бо анъанаҳо, фарҳанг ва забони нотакрор ифода ёфтааст”, мебошад.
“Талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъд аз суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих, озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳувият, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро то замони мову шумо расонд”,- иброз доштанд дар яке аз суханрониҳояшон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамин тариқ, метавон хулоса намуд, ки аз файзу баракати истиқлоли сиёсиву давлатӣ таваҷҷуҳи мардуми тоҷик барои шинохти миллату фарҳангу тамаддуни худ хеле зиёд гардидааст. Ҳамин раванд барои худшиносии ҳар фард ва дар маҷмуъ, худшиносии миллии мо, тоҷикон хидмати босазо намуда, аҳли ҷомеаи кишварро марҳила ба марҳила барои шинохти асилияти тоҷикӣ равона кардааст.
Имрӯз зарурати он расидааст, ки ба хотири нигоҳ доштани сарзамини аҷдодии худ, ки аз гузаштагони бофарҳангамон ба мо расидааст, бомаърифату бомаданияту боилм бошем ва аз тариқи арзишҳои умумибашарӣ таҳаммулпазирии миллати хешро ба дигарон ошно созем.
Сафаргул ДАВЛИЁРОВА,
номзади илмҳои фалсафа, дотсент, ходими пешбари илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: