ДАРГУЗАШТИ УСТОДИ СОҲИБМАКТАБ2-04-2020, 16:29
Хабарро хонданд: 238 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз ҷомеа дар симои Анвар Расулович Ҷалилов як нафар сиёсатмадори варзида, ташкилотчии фаъол, мутахассиси соҳибтаҷриба ва инсони шарифро талаф дод. Даргузашти устоди соҳибмактаб, сиёсатмадори доно, инсони шарифу ғамхори мардум, ватандӯсту хештаншинос моро андӯҳи гарон бахшид. Зиндагиномаи Анвар Расулович Ҷалилов саропо ибрат буда, ҷавҳаре дорад, ки, аз тарбияву раҳнамоии қиблагоҳи бузургашон, ки инсони бомаърифат, хидматгори воқеии халқ будаанд ибтидо меёбад ва ҳамчун идеал дар зиндагии он кас мавқеи шоиста касб карданд. Бисёр ибратбахшу муассир буд, ки Анвар Расулович Ҷалилов пайваста аз андарзу насиҳатҳои қиблагоҳ таъкид мекарданд ва ин ҳама дар кору зиндагии эшон мавқеи хоса дошт. Ин буд, ки то лаҳзаҳои вопасини умр дар хидмати халқу Ватан қарор гирифта, заҳмати хешро барои пешрафту тараққиёти кишвари маҳбуб дареғ надоштанд. Анвар Расулович Ҷалилов, ки аз нахустин роҳбарони ҲХДТ дар вилояти Суғд буд, ҳастии хешро барои рушду ташаккули ин ҳизби сиёсӣ бахшидаанд. Қисмати асосии фаъолияти кории шодравон дар КИ ҲХДТ сурат гирифта, хеле серҷабҳа ва муассир аст. Ба маънии дигар, ҳаёти пуртакопӯ, муваффақияту комёбиҳои Анвар Расулович бо таърих ва марҳилаҳои пасисаркардаи ҳизб тавъам мебошад. Зеро 25 соли умри шодравон ба пешрафти ҳаёти ҳизбӣ сарф гардида, натиҷаҳои судманд ба бор овардаст. Солҳои тӯлонӣ ба сифати Раиси кумитаи иҷроия ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд фаъолият доштанд. Баъди нафақаи меҳнатӣ ҳам ғайрату ҳиммат нагузошт, ки Анвар Расулович ором гиранд, раиси шӯрои собиқадорони ҳизб интихоб гардиданд. Фаъолияти шӯрои мазкур бо роҳбарии Анвар Расулович намунаи беҳтарини фаъолнокӣ ва саҳми назарраси собиқадорони ҳизб дар рушду пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии вилоят аён гардид. Дар даъвати чорум (солҳои 2010-2015), ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, аксар ҳамсафон аз кордонӣ, дурбинӣ ва маҳорату малакаи фавқулодаи Анвар Расулович ба хубӣ дарак ёфта буданд. Ин буд, ки ба хотири баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳо, донишу биниши сиёсии мавсуф он касро дар як вақт мушовири раиси кумиҷроия таъйин намуданд. Бешубҳа, аз мактаби бузурги Анвар Расулович кулли ҳамсафону ҳамраъён дар вилоят бархурдор гардида, он касро ҳамчун устод ва ба қавли мардумӣ “пири кор” эътироф мекунанд. Хастагинопазирӣ, ҳамеша андармон будан бо меҳнати манфиатовар ба мардум аз хислатҳои намоёни шодравон буд. Новобаста аз фаъолияти густурдаи ҳизбӣ ба эҷод мароқи беандоза доштанд. Доир ба равандҳои ҷомеа андешаҳояшонро пайваста тариқи мақолаҳо дар рӯзномаҳо баён мекарданд. Як силсила китобҳои мавсуф, ки фарогири марҳилаҳои гуногуни таърихи ҲХДТ мебошанд, рӯи чоп омада, мероси мондагори шодравон Анвар Расулович ба наслҳои оянда ба ҳисоб мераванд. Анвар Расулович ҳамчун як фарди миллатдӯст, инсони комил ва дилсӯз нисбат ба имрӯзу фардои кишвар тавонистанд дар дилу дидаи мардум ҷо гиранд. Халқ фарзандони бовафову содиқи худро фаромӯш намекунад. Фаъолияти ибратбахш номи неки Анвар Расуловичро абадӣ мегардонад. Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз даргузашти собиқадори ҳизб Анвар Расулович Ҷалилов андӯҳгин буда, бо наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамояд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.