Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » МАСОИЛИ РАВОБИТИ ГЕОИҚТИСОДИЮ ГЕОСИЁСИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CASA – 1000

МАСОИЛИ РАВОБИТИ ГЕОИҚТИСОДИЮ ГЕОСИЁСИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CASA – 1000

15-09-2025, 16:06
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
МАСОИЛИ РАВОБИТИ ГЕОИҚТИСОДИЮ ГЕОСИЁСИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CASA – 100015-уми сентябри дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Масоили равобити геоиқтисодию геосиёсии Осиёи Марказӣ дар доираи лоиҳаи CASA–1000” баргузор гардид. Дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, донишгоҳҳо, коршиносон, олимон ва намояндагони ВАО иштирок намуда, дар мавриди аҳамият ва паёмадҳои лоиҳаи CASA–1000 мубодилаи афкор карданд. Иштирокчиён қайд карданд, ки CASA–1000 танҳо як лоиҳаи энергетикӣ набуда, балки як ташаббуси фаромарзии дорои аҳамияти стратегӣ дар самти ҳамгироии минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон ва Покистон мебошад. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи рушди ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ, коҳиши шиддатҳои эҳтимолии геосиёсӣ ва нақши Тоҷикистон ҳамчун манбаи асосии нерӯи барқ дода шуд. Таъкид шуд, ки лоиҳа метавонад дар коҳиши камбизоатӣ, беҳтар намудани амнияти энергетикӣ ва вусъати тиҷорати барқ мусоидат намояд. CASA–1000 ҳамчун як зинаи аввалин дар самти пайвастани бозорҳои нерӯи барқи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ дониста шуда, нақши муҳимро дар ташаккули бозори минтақавии энергетика (CASAREM) мебозад. Иштирокчиён зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, омӯзиши паёмадҳои геоиқтисодӣ, шаффофият дар татбиқи лоиҳа ва мутобиқсозии он бо дигар ташаббусҳои минтақавӣ, аз ҷумла “Як камарбанд – як роҳ”-ро зикр намуданд. МАСОИЛИ РАВОБИТИ ГЕОИҚТИСОДИЮ ГЕОСИЁСИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CASA – 1000Мушкилоти вобаста ба норасоии инфрасохтор, ниёз ба сармоягузорӣ ва таъмини амнияти лоиҳа, бахусус дар Афғонистон, аз масоили муҳиме буданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни конфронс пешниҳод гардид, ки чунин ҳамоишҳо дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ бештар баргузор гарданд, то ҳамкориҳои судманд таҳким ёбанд. Маърӯзаҳо ва баҳсҳои конфронс равшан сохтанд, ки CASA–1000 метавонад ба василаи муҳими пайвастани манфиатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии кишварҳои минтақа табдил ёбад. Ин лоиҳа дорои зарфияти зиёд барои афзоиши содироти нерӯи барқ, коҳиши нобаробарии дастрасӣ ба энергия ва рушди иқтисоди сабз дар минтақа мебошад.МАСОИЛИ РАВОБИТИ ГЕОИҚТИСОДИЮ ГЕОСИЁСИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ CASA – 1000 Ҳамчунин, таъкид шуд, ки татбиқи бомуваффақияти лоиҳа танҳо бо ҳамгироии қувваҳои сиёсӣ, илмӣ ва техникии кишварҳо имконпазир аст. Дар анҷом, иштирокчиён лоиҳаро як имконияти нодир барои Тоҷикистон ва минтақа арзёбӣ намуда, нақши илм ва таҳқиқотро дар расидан ба ҳадафҳои CASA–1000 муҳим донистанд. Баёнияи ниҳоии конфронс дар сомонаи АМИТ ва дигар манбаъҳои иттилоотӣ нашр гардида, ба муассисаҳои дахлдор ирсол хоҳад шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: