Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд3-12-2024, 13:27
Хабарро хонданд: 25 нафар
Назарҳо: 0
2 декабр дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) оғоз гардид, ки дар он ҷавонони гуногункасби Тоҷикистон иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар рӯзи дуюми Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ ҷавонон дар бахшҳои алоҳида баромад карданд. Дар ин бахшҳо ҷавонони тоҷик оид ба имконияти илмомӯзӣ, шароити таҳсил ва дигар дастгириҳое, ки барои онҳо дар Тоҷикистон фароҳам оварда шудаанд, маъруза намуданд. Ҳамзамон дар бахши саноати эҷодӣ (мӯд, дизайн, графика, филм ё аниматсия) гӯшаи ҳунарҳои Тоҷикистон ташкил гардида, нақшу нигори фарҳанги мардумии тоҷик намоиш дода шуд. Мақсади ин бахши форум дар баробари омӯхтани расму ҳунарҳои давлатҳо инчунин тарғиб ва омӯзиши ҳунарҳои ниёгон маънидод гардид. Ёдовар мешавем, ки Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Шушаи Ҷумҳурии Озарбойҷон то 6 декабр идома меёбад. Ҷавонон дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, саноати эҷодӣ (мӯд, дизайни графикӣ, филм ё аниматсия), дар самти илм ва навозандагии классикӣ табодули таҷриба менамоянд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.