Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид

Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардид

13-05-2025, 13:35
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
Масъалаи хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак баррасӣ гардидТабодули таҷрибаи табибони Тоҷикистон ва Эрон дар самти омӯзиш ва ба роҳ мондани усулҳои нави ташхису табобат дар самти акушер-гинекологӣ, густариши ҳамкорӣ дар бахши хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва дигар масъалаҳо 10 май зимни вохӯрии намояндагони ду давлат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак дар мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Дар ин самт аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Табибони Донишгоҳи улумпизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон дар Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Б.Воҳидов, Муассисаи давлатии «Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара»-и вилояти Хатлон ва барои акушер-гинекологҳои вилояти Суғд машварати омӯзишӣ гузарониданд.

Ҳадафи ин омӯзиш баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва тақвияти донишу малакаи табибон дар самти бемориҳои акушерӣ- гинекологӣ мебошад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: