Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд

Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд

Вчера, 09:07
Хабарро хонданд: 26 нафар
Назарҳо: 0
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шудТабибони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модар ва роҳҳои пешгирии он табодули таҷриба намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мутахассисони эронӣ дар шаҳри Душанбе 22 нафар зани ҳомиларо аз ташхис гузаронида, нуқсон ва иллатҳои ирсии модарзодии тифл дар дохили батни модарро муайян намуданд.

Ҳамчунин барои табибони тоҷик доир ба ташхисҳои муосири тиббӣ дар самти дарёфти нуқсону иллатҳои модарзодии тифл ва навгониҳои ташхиси бемориҳои занона даври омӯзишӣ гузаронида шуд.

Ҳадаф аз табодули таҷриба ва омӯзиш бо иштироки мутахассисони варзидаи кишварҳои хориҷӣ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон, савияи донишу таҷриба ва малакаи мутахассисони ватанӣ ба шумор меравад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: