Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони давлатҳои G5

Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони давлатҳои G5

17-05-2023, 10:57
Хабарро хонданд: 1075 нафар
Назарҳо: 0
Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони давлатҳои G5Бо мақсади иштирок дар ҷаласаи вазирон ва коршиносони сатҳи баланди давлатҳои G5 «Оид ба рушди соҳаи тандурустии ба КАТС асосёфта, бемориҳои сироятӣ ва бемориҳои тавассути сарҳад интиқолёбанда» аз 6 то 10 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт. Дар ин хусус маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар додаст.

Дар доираи сафари корӣ бо роҳбарияти якчанд сохтори соҳавии ин давлат мулоқот анҷом дода шуд. Зимни вохурӣ бо вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон Баҳром Эйнуллоҳӣ ба густариши ҳамкории дуҷониба изҳори омодагӣ карда шуд. Махсусан ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» бо Холдинги истеҳсолии «Баркат» оид ба ҳуҷайраҳои дармонӣ баррасӣ гардид. Дар ин замина, пешниҳод карда шуд, ки вохӯриҳо тавассути системаи телетиб ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон дар асоси имтиёзҳои муайян омода намудани мутахассисони соҳаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии тиббии шаҳри Теҳрон дар вохӯриҳо бо роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии шаҳри Теҳрон баррасӣ карда шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарматсия ва таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо роҳбарияти ширкати «Хиша фармасютикал Ко.» ва гузаронидани тадқиқот барои истеҳсоли минбаъдаи маводи доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши мамлакат зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти Ассотсиатсияи тибби суннатии Эрон ва ширкати «Табобат бо гиёҳҳои шифобахш» пешниҳод карда шуд.

Дар ин замина, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти суғуртаи тиббии Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба омӯзиши таҷриба барои ворид намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва гузаронидани вохӯриҳо тавассути системаи телетиб баррасӣ гардид.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни сохторҳои алоқаманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Беморхонаи маҷмаавии хоби шаҳри Теҳрон оид ба масъалаҳои хоби тиббӣ ва мушкилиҳои он, аз ҷумла омода намудани мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Эрон дар вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи улуми пизишкӣ ва Беморхонаи маҷмаавии хоби шаҳри Теҳрон мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: