Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад

Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад

13-05-2025, 13:32
Хабарро хонданд: 281 нафар
Назарҳо: 0
Даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад14 май дар шаҳри Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи беҳтарин» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмуни «Оилаи беҳтарин» дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвияти мақом ва нақши оила дар ҷомеа тавассути роҳҳои баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳимми иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигоҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ баргузор мегардад.

Ҳадафи озмун баланд бардоштани рӯзгордории оилаҳо, солим, устувор ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳо, коҳиш додани шумораи бекоршавии ақди никоҳ ва бесарпаноҳ мондани фарзандон, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона ва ҳидояти онҳо ба нигоҳубин ва парастории волидайн мебошад.

Озмун дар ду давр баргузор шуда, даври якум дар сатҳи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо муайян намудани оилаҳои намунавӣ байни сокинони шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт доир шуд. Ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрӣ пешниҳод шуданд.

Иштирокчиёни озмун аз рӯйи меъёрҳои оилаи намунавӣ дар маҳалли зист, эҳтироми ҳамдигар ва аъзои оила дар муносибатҳои оиладорӣ, шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълими фарзандон, забондонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ, таъмини иштироки фарзандон дар озмунҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҷалби фарзандон ба забономӯзӣ ва дуруст баён намудани фикру ақида баҳогузорӣ карда мешаванд. Инчунин дар озмун ба ҷалби фарзандон ба хизмати Ватан, саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак ва маҳалла, иштироки аъзои хонавода дар корҳои ҷамъиятӣ ва фардӣ, нақши оила дар ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа баҳо гузоршта мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: