Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » 77 довталаб аз ҳисоби занон ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

77 довталаб аз ҳисоби занон ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд

1-12-2023, 10:16
Хабарро хонданд: 184 нафар
Назарҳо: 0
77 довталаб аз ҳисоби занон ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтандБо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» оғоз гардид, ки он ду рӯз идома меёбад. Имрӯз, 1 декабр ҳайати ҳакамон маҳорати забондонии довталабони даври ҷумҳуриявиро аз забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ санҷида, беҳтаринҳоро ҳамчун ғолиби озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» муайян менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оила хабар медиҳад.

Ғолибони озмун 2 декабр дар конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба солгарди Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» бо Дипломи «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» сарфароз гардонида мешаванд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, инчунин мутобиқи Низомномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 ва дар асоси Нақшаи амали Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 доир мегардад.

Ҳадафи он ҳавасмандгардонии занон-хизматчиёни давлатӣ барои фаъолияти самарабахш дар хизмати давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон- хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон ва омода намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарон дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот мебошад.

Бахши якуми озмун моҳҳои май-август барои занон – хизматчиёни давлатии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рашт доир шуд;

бахши дуюм – моҳҳои сентябр-октябр барои занон – хизматчиёни давлатии мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои тобеи он дар шаҳри Душанбе амалӣ гардид.

бахши сеюм – ҷоизасупорӣ ба ғолибони бахшҳои якум ва дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе идома дорад.

Аз рӯи Низомномаи озмун довталабон бояд дониши баланди сиёсӣ ва касбӣ дошта, аз иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таърих, фарҳанг, донистани забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ, татбиқи донишу таҷриба дар мансаби ишғолнамуда, қобилияти таҳлилӣ, маҳорати ифодаи фикр, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон, қобилияти ташкилотчигӣ ва ташаббускорӣ, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ба хубӣ бароянд.

Ҳамзамон онҳо бояд масъулиятшинос ва дорои одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром ба инсон, шаҳрвандон ва кормандон, поквиҷдонӣ, адолатнокӣ, ботамкинӣ, малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа бошанд.

Ёдовар мешавем, ки 77 нафари ғолиби даврҳои қаблӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамони озмун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, 30 ноябр дар маросими ифтитоҳи даври ниҳоӣ бо навиштани диктант ба забони русӣ, иншои озод ва санҷиши маҳорати кор бо технологияи иттилоотӣ иштирок намуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: