Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

23-04-2025, 15:49
Хабарро хонданд: 372 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд23 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иртибот ба амали мудҳиши террористӣ, ки дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир рух додааст, ба Президент ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон муҳтарам Драупади Мурму ва муҳтарам Нарендра Модӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва захмӣ шудани шумораи зиёди одамони дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Ҷамму ва Кашмир боиси андӯҳи беандоза ва нигаронии амиқи мо гардид.

Мо ин амалкарди золимонаи нерӯҳои ҷиноятпешаро қотеона маҳкум карда, омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони сарҷамъона алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифтротгароӣ боз ҳам таъкид менамоем.

Ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбониёни ин амали террористӣ ва тамоми мардуми Ҳиндустони дӯст изҳор менамоям. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил мехоҳам”.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: