Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон Мишел Аун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд6-08-2020, 10:29
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
Дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон муҳтарам Мишел Аун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Ҷаноби Олӣ, Хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон, осеб дидани ҳазорҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт. Аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба Шумо ва тамоми сокинони кишвари дӯсти Лубнон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ва ба зарардидагон шифои комил хоҳонам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.