Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Майтрипала Сирисена барқияи тасаллият ирсол намуданд22-04-2019, 11:25
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
![]() Ҷаноби Олӣ, «Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари силсилаи таркишҳои мудҳиш дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи беандозаву нигаронии амиқи мо гардид. Мо ин амали бераҳмона ва ғайриинсониро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар зарурати муборизаи беамони дастаҷамъонаро алайҳи терроризму ифтротгароӣ ва ҳамагуна зуҳуроти зӯроварӣ таъкид менамоем. Ҳамдардиву тасаллияти амиқи ин ҷонибро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам». |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.