
Зери чунин унвон бо иштироки раиси КИ ҲХДТ ноҳияи Рӯшон бо аъзои ҳизби ташкилотҳои ибтидоӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии паёми Пешвои миллат, иҷрои саривақтии Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани нақшаҳои дар паём ироагардида ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз вохӯрӣ доир гардид.
Аз омӯзгорон ва волидон низ даъват ба амал оварданд, ки ҳанӯз ҳам ба таълиму тарбияи фарзандон диққати зарурӣ равона намоянд. Ҳамкории мактабу волидайн тавре ба роҳ монда шавад, ки барои миллату давлат кадрҳои баландихтисос, мутахассисони соҳибтаҷриба ва ҷавонони ватандӯсту ватанпараст ба воя расонем, зеро ки ояндаи давлат маҳз дар дасти ҷавонон аст.
Масъулини соҳаи маориф вобаста ба тарзи дуруст истифода намудани телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳои иғвоангез, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар сонияву дақиқа паҳн менамоянд ибрози сухан намуданд.
Лозим ба ёдоварист, ки масъалаи маориф ва илм дар барномаҳои ҳизби мо мавқеи махсусро ишғол менамояд.