Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Нақши волидайн дар замони муосир

Нақши волидайн дар замони муосир

15-12-2022, 10:10
Хабарро хонданд: 486 нафар
Назарҳо: 0
Нақши волидайн дар замони муосир
Инсон дар ҳама давру замон новобаста аз синну сол ба тарбия эҳтиёҷ дорад. Бинобар ин волидайнро зарур аст, ки дар ҳама ҳолат раҳнамои фарзандони хеш буда, барои хуб тарбия гирифтани онҳо кӯшиш намояд. Вале мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки таъсири асри илми техника ва технология, телефон, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар гурӯҳҳои паёмрасон таъсири манфии хешро бештар ба волидайн расонидаанд, ки барои бо фарзанди хеш будан, огоҳ шудан аз машғулияти рӯзмарра ва тарбия кардани онҳо вақт намеёбанд.
Асри илму технология мебошад ва дар замони кунун суръати пешрафт дар соҳаи техника ва технология хеле баланд аст. Љомеаи муосир моро водор месозад, ки ҳанӯз аз даврони хурдсолӣ кор бо технологияро аз худ кунем чун ки ин боис мегардад то ҳамқадами замон бошем. Вале набояд волидайн вақти фарзандони хешро низ банди шабакаҳои иҷтимоӣ намоянд. “Ҷавонони замони ҳозира...” ин ибораро, ки пурра ба танқиду талқини ҷавонони замони муосир хотима меёбад, зиёд мешунавем, аммо оё нафаре пурсон мешавад, ки падару модар дар замони имрӯза барои тарбияи фарзандон то кадом андоза кӯшиш мекунанд ва ё чӣ қадар вақт ҷудо менамоянд.
Чунин ба назар мерасад, ки волидайн вазифаи хешро бар дӯши муаллим вогузор намудаанд. Дар ҳоле, ки тарбия нахуст аз муҳити оила сарчашма гирифта, дар ҷомеа ва мактаб инкишоф меёбад.
Барои фарзандон аз оддитарин ашёи дарсӣ то китобу дафтар ва боз чизҳои иловагии гуногун, ки барои таҳсил зарур мебошанд, харидорӣ намудан роҳи ҳал нест. Бояд бо фарзандон бештар китоб хонд, дар хона чанд соатеро барои азхуд кардани илму дониш сарф кард то наврасон китобхон шаванд.
Кӯдакон ҳамеша пайравї ба амали калонсолон карда, дар ҳар коре ба онҳо тақлид менамоянд. Пас сабаби аз хурдсолӣ таваҷҷуҳ доштан ба телефон бозгӯи ҳолат ва муносибат дар муҳити оила мебошад ва эҳтиёҷе ба пурсидани ин, ки чаро наврасон ба китобхонӣ майл надоранд, нест.
Бадбахтї дар он аст, ки аз овони хурдсолї ҳамеша бо телефони мобилӣ сарукор доранд, бозиҳои гуногуни комютериро азхуд кардаанд аммо вақте ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил мегарданд, ҳадди ақал кор бо барномаи “Word”-ро намедонанд.
Волидайнро мебояд ба фарзандони хеш тарзи дурусти истифода аз телефонҳои мобилӣ ва ё кор бо компютерро омӯзонанд. Аз хурдї истифода аз барнома ва китобҳои электрониро агар наврасон азхуд намоянд, банди корҳои нолозим дар телефони мобилӣ ва компютер намешаванд.
Хонандаи муосир кист, омӯзгори асри 21 бояд чӣ гуна бошад, мактаб дар замони ҳозира бояд чӣ чизҳоро дар худ дошта бошадро наомӯзед, ҳатто аз пайи ин нагардед, вақте ба ин суол, ки “ Модар ва падари муосир” кӣ мебошад? ҷавобе надоред.
Қисми зиёди соҳаҳои ҳаёт ба технологияи электронӣ пайваст гардида истодааст, аммо наврасону ҷавонони мо ҷуз чанд бозии компютерї ва whatsApp- у IMO чизи дигареро сарфаҳм намераванд.
Вақте ба рафтори ҷавонон дар ҷомеа назар меафканї, танҳо як суол ба зеҳн мерасад ва аз нигоҳи мо мавзӯест матраҳшаванда. “Волидайни асри 21” киҳо ҳастанд ва чӣ хусусиятҳоере дар худ доранд?
Сафинаи Маъруфҷон





Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: